ВидеоИлму фанноварӣТоҷикистон

ДУ ТОЛИБИЛМИ ЛИТСЕЙИ ХУҶАНД СОҲИБИ 300 ҲАЗОР ДОЛЛАР ГРАНТ ШУДАНД

Амирбек Зокиров ва Самандар Самандаров – толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар озмунҳои навбатии донишгоҳҳои Амрико ва Швейтсария ғолиб шуда, соҳиби 300 ҳазор доллари амрикоӣ гранти омӯзишӣ гардиданд. Бо дарёфти грантҳои омӯзишӣ ҳамакнун ин ду хонандаи болаёқат метавонанд дар Донишгоҳи Уолш (Walsh University)-и штати Огайои кишвари Амрико ва Донишгоҳи Франклини кишвари Швейтсария тариқи буҷавӣ таҳсил намоянд. Ин ду донишгоҳи маъруфи олам бо ирсоли мактуби расмӣ омодагии худро барои қабули хонандаҳои тоҷик эълон кардаанд. Дар ин бора рӯзи 13 апрел хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд  хабар дод.

Дар хабар таъкид шудааст, ки ин ду донишгоҳ ба гурӯҳи донишгоҳҳои бонуфузи олам шомил буда, 4 соли омӯзиш дар ин донишгоҳҳо аз 120 ҳазор то 170 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Супоридани имтиҳон дар донишгоҳҳои беҳтарини дунё тариқи эссе ва озмунҳои мухталиф сурат гирифта, яке аз талаботи асосии он донистани амиқи забони англисӣ ба шумор меравад.

Тибқи иттилоъи Сурайё Негматова, директори Литсейи хонандагони болаёқати Хуҷанд, Амирбек Зокиров ният дорад дар оянда дар риштаи бизнес-идоракунӣ ва Самандар Самандаров дар риштаи IT – технология  таҳсил кунанд.

Дар Литсей барои хонандагони болаёқати Хуҷанд имконият барои омӯзиши забони англисӣ фароҳам оварда шудааст.

Ин дастоварди аввалини хонандагони ин боргоҳи таълимӣ дар ин самт набуда, чанде қабл хонандаи и литсей Алишер Қосимов соҳиби Шоҳҷоиза – гранти омӯзишӣ ба маблағи беш аз 1 миллион доллари амрикоӣ дар 8 Донишгоҳи кишвари Амрико шуд. Ҳамчунин моҳи декабри соли 2021 се нафар хонандагони ин Литсей Алиҷон Усмонов, Абӯбакр Комилов ва Аслан Насратшоев дар олимпиадаи байналмиллалӣ дар кишвари Таиланд ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза 220 ҳазор доллари амрикоӣ гранти омӯзишӣ дар Донишгоҳи Амрикои Шимолӣ гардида буданд.

Дар соли хониши 2020-2021 аз 45 нафар хатмкунандагони МДТ “Литсей барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Хуҷанд 40 нафар ба донишгоҳҳои бонуфузи кишвари Амрико, Британияи Кабир, Фаронса, Италия ва Русия дохил шуда, боқимонда 5 нафар дар донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ таҳсил карда истодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button