ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САДАМА ДАР НАВОБОД, ГОВДУЗДӢ ДАР ВАХШ ВА БАҲСИ 78 ҲАЗОР $ ПУЛИ 2 МОШИНИ “ДУЛАН”

Шаби 8 апрел бар асари чаппа шудани мошини “Опел-Зефира” дар роҳи байни ва Қубодиён, мусофири  ин мошин, сокини 21солаи ноҳияи Рӯдакӣ дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.

хххххххххххх

Сокини 22-солаи ноҳияи Вахш ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 7 апрел аззаминҳои деҳаи Озодии Меҳнат як сар чорвои калонро дуздидааст.

хххххххххххх

Сокини 35-солаи ҷамоати шаҳраки Ҳисор  ба он гумонбар мешавад, ки соли 2012 аз як сокини Ҳисор ду мошини боркаши тамғаи “Дулан”-ро 78 ҳазор доллар нарх карда гирифтаааст, вале то ҳол пули мошинҳро намедиҳад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 11 апрели маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳалокати ҷавони 21-сола бар асари ҳодисаи нақлиётӣ

03

8-уми апрели соли 2022, тахминан соати 22:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Раҷабалиев Бахтовар Юнусалиевич, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Шаҳритус, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Шаҳритус ба самти ноҳияи Қубодиён, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар канори роҳ чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Ахмедалиев Эркинбой Шуҳратович, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дастгир гардидани ҷавони 22-сола бо ҷурми дуздӣ

054

Ба ШВКД дар ноҳияи Вахш бо ариза марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 7-уми апрели соли 2022, тахминан соати 10:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои деҳаи Озодии Меҳнат 1-сар чорвои калони шохдорро, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи зикргардида ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Гирифтани автомашинаҳои “Дулан” бо роҳи фиреб

21

Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза марди 34-солаи сокини шаҳри мазкур, муроҷиат намудааст, ки соли 2015 марди 35-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Ҳисор бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 2-адад автомашинаи боркашони тамғаи “Дулан”-ро ба маблағи 78 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button