ВидеоМуҳоҷиронНуқтаи назар

СЕРГЕЙ МИРОНОВ ТАЛАБ КАРД, КИ БА ЗОДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ НАДИҲАНД

Сергей Миронов, як сиёсатмадори популисти рус, ки бо шиорҳои зидди муҳоҷирон ном баровардааст, пешниҳод кард, ки додани шаҳрвандии Русияро барои зодагони Тоҷикистон то поёни соли 2023 манъ кунанд ва дар ин муддат асноди ҳамаи он тоҷикистониҳои алакай шаҳрвандии Русияро бадастовардаро аз нав тафтиш кунанд. Роҳбари ҳизби рӯ ба Кремли “Справедливая Россия – За правду” бо чунин изҳорот ба хабари дар соли 2021 шаҳрвандии Русияро ба даст овардани 103 ҳазор зодаи Тоҷикистон вокуниш кардааст.

Дар изҳороте, ки  рӯзи 7 апрел дар сомонаи расмии ҳизби “Справедливая Россия – За правду” нашр шуд, Миронов шаҳрванди Русия шудани чунин шумори зиёди тоҷикистониҳоеро, ки ба ақидаи ӯ, “забон, фарҳанг ва анъанаҳои моро намедонанд”, “шокикунанда”, “зуҳуроти манфӣ” ва “бар хилофи манфиатҳои Русия” номид. Ӯ гуфт, “давлат бояд ба сурати фаврӣ ба ҷараёни муҳоҷират дахолат карда, пеши роҳи зуҳуроти манфиро дар ин арса бигирад”.

Дар ҳоле ки бадбиниаш нисбат ба тоҷикҳоро базӯр пинҳон мекард, Миронов гуфт: “Беш аз нисфи онҳое, ки шиносномаи русӣ гирифтанд, аз Донбассанд. Ин комилан фаҳмост, ҷои суол нест. Вале рақами дигар ба шок меорад: 14%, ё 103 ҳазор шаҳрванди нави Русия аз Тоҷикистон омадаанд. Ман ба мардуми ин кишвар эҳтироми тамом дорам, вале биёед рӯирост гап занем: аксарияти кулли аз Тоҷикистон омадаҳо забон, фарҳанг ва анъанаҳои моро қариб намедонанд, агар тамоман надонанд, онҳо тахассуси баланд ва ҳатто миёна ҳам надоранд. Шаҳрвандии моро ба даст овардан ба манфиати онҳост. Вале манфиати Русия дар чист?”

Ба ақидаи Сергея Миронова, омори ба сурати оммавӣ шаҳрванди Русия шудани сокинони Тоҷикистон баёнгари вусъат ва доманаи коррупсия дар ниҳодҳои ВКД аст.

Инҷо гап дар бораи миллиардҳо меравад. Ин ҷо як кони тиллои Клондайк аз ҳисоби муҳоҷирон ва як корхонаи фасодолуда ба вуҷуд овардаанд, ки бо тақдими шаҳрвандии Русия ҷайби мансабдорони порахӯрро пур мекунанд”.

Миронов гуфт, феълан дар Думаи давлатӣ тарҳи қонуни нави шаҳрвандии Русия дар дасти баррасист, вале давлат бояд ба ин масъала ба таври фаврӣ дахолат кунад: “Пешниҳод мекунам, ки муваққатан, барои мисол, то поёни соли 2023 додани шаҳрвандии Русия ба сокинони Тоҷикистон таҳти мораторий қарор дода шавад.  Дар ин муддат бояд мавридҳои қаблии додани шиносномаҳои Русия ба зодагони ин кишвар тафтиш шавад. Агар бар хилофи қонун шаҳрвандӣ гирифта бошанд, бояд шаҳрвандиашон бекор карда шавад. Қонуни нав инро пешбинӣ мекунад. Ва, албатта, мансабдоронеро, ки аз ҳисоби ин пул кор кардаанд, бояд ба зиндон бикашонанд”.

Роҳбари ҳизби “Справедливая Россия – За правду” қаблан ҳам чандин бор барои баёнияҳои зидди муҳоҷиронаш дар сархати хабарҳо афтодааст. Аз ҷумла моҳи апрели соли 2021 аз ВКД Русия хост, ки  бо муҳоҷирон зиёд ҳафту ҳашт накарда, онҳоро ба таври оммавӣ аз Русия ихроҷ кунанд.

 Кӣ аз камбуди муҳоҷирон шикоят дошт? ВКД аз кишварҳои СНГ хостааст, то беш аз як миллион нафареро, ки дар Русия ғайриқонунӣ қарор доранд, бубаранд. Танҳо даъват кофӣ нест, бояд онҳоро аз гиребонашон гирифта, аз инҷо пеш кунанд”. Ба ақидаи Миронов, маҳз муҳоҷирон сабаб шудаанд, ки сокинони Русия ҷойи кор пайдо карда наметавонанд: “Мардуми мо ҷои кор намеёбад ва сабаби асосии маҳз муҳоҷиронанд!

Сергей Миронов, ки 69 сол дорад, ва ҳизби ӯ ҳарду тарҳҳои Кремл мебошанд. Дар соли 2001 геологи собиқи барои ҷомиаи Русия комилан ноошно ва вакили маҷлиси маҳаллиро аз Петербург ба Маскав оварда, раиси Шӯрои федератсия – палатаи болоии парлумони Русия монданд. Ӯ дар ин мақом то соли 2011 кор кард ва сипас Кремл барои ӯ ҳизб сохта, Мироновро ба Думаи давлатӣ партофт. Миронов солҳои охир талош мекунад, бо доман задани эҳсосоти зидди муҳоҷирон  ба Жириновский тақлид кунад ва бо ин роҳ тарафдорони ӯро ба тарафи худ бикашад.

Изҳороти ахири Миронов дар пайи нашри омори охирини ВКД Русия аст, ки тибқи он, соли 2021 дар умум 735 ҳазор хориҷӣ шаҳрванди Русия шудаанд. Беш аз нисфи онҳо, ё қариб 376 ҳазораш зодагони Украина буда, ҷои дуюмро дар ин “чемпионат”и ғайрирасмии дарёфти шаҳрвандии Русия зодагони Тоҷикистон ба даст овардаанд. Соли 2021 дар умум 103 ҳазору 681 зодаи Тоҷикистон шиносномаи тоҷикии худро бо шиносномаи русӣ иваз кардааст. Ин 35% беш аз 63 ҳазору 389 нафар аз Тоҷикистон аст, ки соли 2020 соҳиби шаҳрвандии Русия шуданд. Ба ҳисоби миёна, соли 2021 ҳар рӯз дастикам 284 тоҷикистонӣ шиносномаи тоҷикии худро бо шиносномаи русӣ иваз кардааст. Соли 2020 ин нишондиҳанда 173 нафарро дар як рӯз ташкил медод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button