ВидеоҶанг дар Украина

ПУТИН БАРОИ МУЗОКИРОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ УКРАИНА РОЗӢ ШУДААСТ, ВАЛЕ БО ЧАНД ШАРТ

Президенти Русия Владимир Путин  барои музокирот бо президенти Украина Владимир Зеленский дар шаҳри Будапешт, пойтахти Маҷористон (Венгрия) розӣ шудааст, вале чанд шарт гузоштааст. Дар ин бора сарвазири Маҷористон Виктор Орбан дар пайи суҳбати телефониаш бо Путин хабар дод. Орбан нагуфт, ки Путин барои нишастан пушти мизи музокирот бо Зеленский чӣ шартҳо гузоштааст?   Вале гуфта мешавад, қарор аст, дар музокироти Будапешт, садри аъзами Олмон Олаф Шолтс ва президенти Фаронса Эммануэл Макрон ҳам иштирок кунанд. Виктор Орбан аз ангуштшумор роҳбарони давлатҳои Аврупост, ки аз Путин ҳимоят мекунанд.

Рӯзи чоршанбе, 6 апрел, суҳбати телефонии сарвазири Маҷористон Виктор Орбан ва президенти Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом додаанд. Путин ба Орбан барои он занг задааст, ки ӯро ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи парлумонӣ  табрик кунад. Интихобот дар Маҷористон рӯзи якшанбе, 3 апрел доир шуд ва ҳизби ФИДЕСи Виктор Орбан аксарияти курсиҳоро дар парлумони ин кишвар ба даст овард.

Орбан дар ин суҳбат ба Путин пешниҳод кардааст, ки дар шаҳри Будапешт музокироти ӯро бо президенти Украина Владимир Зеленский бо мақсади ҳалли муноқишаи байни Русияву Украина баргузор кунанд.

“Посух мусбат буд, вале президенти Русия гуфт, ки ӯ шартҳои мушаххас дорад”, — гуфт Орбан.

Сарвазири Маҷористон шартҳои гузоштаи Путинро ошкор накард, вале гуфт, ки ӯ аз президенти Русия ҳамчунин эълони оташбасро дар Украина хоҳиш кардааст.

Хадамоти матбуоти Кремл хабар дод, ки дар суҳбати телефонии Путин ва Орбан мусоили марбут ба равобити Русияву Маҷористон баррасӣ шуда, “Путин дар бораи вазъи музокироти намояндагони Русияву Украина маълумот дода, ба иғвои дағалона ва берӯи режими Киев дар шаҳри Буча баҳои усулӣ додааст”. Кремл дар иттилоияаш дар бораи изҳори омодагии Путин барои музокирот бо Зеленский дар Будапешт чизе нагуфтааст.

Расонаҳои аврупоӣ хабар доданд, ки Орбан раисиҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон ва садри аъзами Олмон Олаф Шолтсро низ ба музокироти Будапешт даъват кардааст.

Бино ба гузориши ТАСС, Виктор Орбан дар марҳалаи кунунӣ эълони оташбас дар Украинаро аз ҳама зарур шумурда, гуфтааст, баъди оташбас бояд анҷумани сулҳи Аврупо доир шавад.

Орбан аз ангуштшумор роҳбарони аврупоист, ки аз Путин пуштибонӣ мекунад. Ӯ аз ҷумла тавассути қаламрави Маҷористон ба Украина фиристодани силоҳу муҳимотро манъ карда, ҳамчунин мухолифи таҳрим кардани газу нафти Русия аст.

“Ман қасди дахолат дар қазияи Украинаро надорам, чунки ин барои сокинони Маҷорисоон метавонад оқибатҳои даҳшатборе дошта бошад” — гуфтааст Орбан. Ба ақидаи ӯ, таҳрими газу нафти Русия “имкон надорад, чунки ин як бори вазнине ба дӯши Маҷористон мешавад”. Ба ҳисоби Орбан, 85 фоизи газ ва 64 фоизи маҳсулоти нафтие, ки дар Маҷористон истифода мебаранд, аз Русия меояд.

Раҳбари  идораи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Жозеп Боррел гуфт, кишварҳои узви ин созмон дар масъалаи даст кашидан аз гази Русия иттифоқи назар надоранд, чунки Маҷористон эълон кардааст, ки ба чунин қатор вето хоҳад гузошт.

Орбан ҳамчунин гуфтааст, ки Будапеш бо пардохти пули гази Русия бо рубл ҳам мушкил надорад. “Агар русҳо мехоҳанд, ки пули газро бо рубл бидиҳед, мо бо рубл хоҳем дод”, — гуфтааст ӯ.

Русия рӯзи 24 феврал ба Украина ҳамла кард. Тайи беш аз якуним моҳи ҷангҳо дар Украина аз ҳарду тараф чандин ҳазор нафар кушта шуда, миллионҳо нафар хонаю дари худро тарк карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button