ВидеоКоррупсия

САРДОРИ ШИФОХОНАИ ҲАРБИИ ГВАРДИЯИ МИЛЛӢ 23 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА ГИРИФТААСТ

Маҳмадӣ Охунов,  сардори шифохонаи ҳарбии Гвардияи миллии Тоҷикистонро ҳангоми гирифтани 23 ҳазор сомонӣ пора дастгир шудааст.

Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 4 апрел хабар дод, ки “Охунов Маҳмадӣ Қурбонович дар вазифаи муовини командири қисми ҳарбӣ-сардори қисми тибии Шифохонаи ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш даст ба ҷиноят зад. Чунончӣ, номбурда ба боварии шаҳрванд “А” даромада барои ноқобил донистан ба хизмати ҳарбӣ ва бо ҳамин роҳу усул озод намудан аз хизмати харбӣ  аз ӯ маблағи 25000 сомонӣ талаб намудаааст. Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ- тафтишотӣ, Маҳмадӣ Охунов баъди гирифтани маблағи 23000 сомонӣ аз шаҳрванд “А” дар утоқи ултрасадои бинои тиббии Шифохонаи ҳарбии Гвардияи миллӣ боздошт карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд”.

Ин дар ҳолест, ки соли 2021 дар Тоҷикистон ба қонун дар бораи хидмати ҳарбӣ тағйирот ворид карда шуд ва акнун даъватшавандагон метавонанд бо пардохти маблағи баробари 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (26 ҳазору 880 сомонӣ) ба буҷаи давлатӣ ҳамагӣ як моҳ хидмат карда, худро қонунан аз масъулияти хидмати дусола халос кунанд. Маълум нест, ки чаро шаҳрванд “А” ба ҷои истифодаи ин роҳи қонунии халосӣ аз хидмати ҳарбӣ роҳи печидаву ғайриқонунии халосӣ аз артишро бо сарфи тақрибан айни маблағ интихоб кардааст?
Дар робита ба ин ҳолат нисбат ба Охунов Маҳмадӣ бар асоси моддаҳоии 32, қисми 3 – 319, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қасди гирифтани пора парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ин парванда баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ ирсол гардид.

Хабари боздошти боз як мақоми ҳарбӣ бо иттиҳоми гирифтани пора дар ҳолест, ки рӯзи 1 апрел дар Тоҷикистон мавсими баҳории даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳ оғоз ёфт.

Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: дар баҳор аз 1 апрел то 31 май ва тирамоҳ аз 1 октябр то 30 ноябр давом мекунад.

Ҳар мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикоятҳо аз “облава” ё “иҳотагирӣ” ҷараён мегирад.  “Облава” як шеваи аслан ғайриқонуниест, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҷавонони синну соли даъватиро дар кӯчаю бозорҳо дастгир карда, ба хидмат мефиристанд. Дар бисёр маврид хешу табори ҷавонони “облава” –шуда танҳо баъди чанд рӯз хабар меёбанд, ки наздикони гумшудаашонро ба артиш бурдаанд.

Фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ аз роҳбарони Тоҷикистон чандин бор даъват карда буданд, ки ба ин таҷрибаи “облава”, ки обрӯи давлатро мерезонад, нуқта гузоранд.

Гвардияи миллии Тоҷикистон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button