ВидеоҲуқуқи инсон

АРЗИ МАРО ҲАМ ШУНАВЕД… РЕПОРТАЖ АЗ ЗИНДОНИ ЗАНОНАИ НОРАК

Хабарнигорони  ҳафтаномаи  “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj аз муассисаи ислоҳии ЯС3/8, ягона зиндони занонаи Тоҷикистон, ки дар шаҳри Норак ҷойгир шудааст,  дидан намуда, бо занони маҳбус ва масъулони ин зиндон ҳамсуҳбат шудаанд. Муаллифони мақола Усмон Раҳимзода ва Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ менависанд: “Вақте кас аз назди ин зиндон гузар мекунад дар зеҳнаш суоле пайдо мешавад: зани тоҷикро чӣ ба зиндон меорад?”

Робия Алимова, сардори зиндони занонаи Норак мегӯяд, ҳоло дар ин маҳбас 237 зан адои ҳукм  мекунанд.

“Дарахти макри зан сад реша дорад,– мегӯяд Робия Алимова. – Дар миёни ин занҳо набояд ҳамаро бегуноҳ дид. Баъзан, шояд аз нодонӣ ё ҷаҳолат ба ҷиноят даст задаанд. Аммо надонистани қонун аз ҷавобгарӣ озод намекунад. Мо инҷо занонро, ки 237 нафаранд, ба гуруҳҳо тақсим кардаем. Зане, ки чор фарзандро кушта буд, модараш ҳам ҷиноятҳои вазнинро содир кардааст. Мо онҳоро сахт назорат мекунем. Баъзеаш аз Сурия ва дигар давлатҳои ҷангзада баргаштаанд…”

Хабарнигорон дар маҳбаси Норак бо Назокат Тоҳирова, сокини ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён, ки  соли 2020 бо бераҳмии махсус фарзандони 2, 5, 8 ва 10-солаи худро кушта буд,  низ рӯбарӯ шудаанд. “Ба ҳар савол хомӯшӣ ихтиёр мекард. Аммо нигоҳаш хеле хашмгин ва гӯё бо шер меҷангид”, менависанд муаллифон.

Ва аммо Саёҳат Файзуллоева, ки маълумоти олӣ ва 12 сол собиқаи омӯзгорӣ дорад, бар асоси моддаи 307 барои иштирокаш дар як эътироз дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав маҳкум ба зиндон шудааст.

Шавҳарам дар Русия буд. Даъват кард, бо фарзандон рафтам. Ин давраи пандемияи коронавирус буд. Кору зиндагӣ ниҳоят вазнин буд. Барои гирифтани суғуртаи тиббии фарзандам ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия рафтам. Аввал чанд бор телефон кардам, гуфтанд, ки онҳо намедиҳанд. Хоҳиш кардам, ки ақаллан кумак кунанд. Чанд рӯз сарсон шудам. Навбатпоӣ, одамони зиёд назди сафорат буданд. Як рӯз назди сафорат гирдиҳамоӣ шуд, рафтам, маҷбур шудам, ки шикоят кунам. Касе ин шикоятро ба навор гирифта, дар интернет гузоштааст. Баъди ин маро депорт карданд. Вақти бозгашт ба Душанбе дастгир карданд. Гуфтанд, ки ту нисбат ба Ватан хусумат, бадбинӣ дорӣ ва барои барангехтани кинаву адоват айбор ҳастӣ. Суд бо ин маро гунаҳгор дониста, равонаи зиндон кард. Ҳарчанд дар толори суд гуфтам, ки ҳеҷ гоҳ нисбати ватанам бадбинӣ, хусумат надорам ва аз кирдорам пушаймон ҳастам, эътибор надоданд... Албатта, одамони ифротгаро ҳастанд, вале ман аз ин тоифа нестам. Набояд дар дили мо хусуматро ҷой диҳанд. Агар хусумат медоштам, бигзор маро 100 сол равонаи зиндон мекарданд...” нақл кардааст ин маҳбус.

Саёҳат Файзуллоева ду фарзанд доштааст, ки ҳоло дар назди хушдоманаш будаанд: Гоҳ-гоҳ падару модарам бо фарзандон хабаргирӣ меоянд. Ман ба толибилмон ҳамеша аз дӯстдории Ватан ҳарф мезадам. Акнун чӣ…?! Аламовар аст! Ман тариқи квотаи Президентӣ донишгоҳро хатм кардам. Аввалин гирандаи квотаи Президентӣ дар соли 2000-ум ҳастам.

Ва аммо бештари маҳбусони зиндони Норак барои ҷиноятҳои ба қавле иқтисодӣ зиндонӣ шудаанд. Аз ҷумла Марҳабо Хоҷаева, омӯзгори собиқи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, ки ҳоло дар маҳбас масъули китобхона аст, нақл кардааст, ки дар кафедраи этика ва эстетика ба сифати методист кор мекард: “Азбаски бо маоши кам дар пеш бурдани зиндагӣ азият кашидам, хостам тиҷорат кунам. Бо фоиз аз ҳамсояам қарз гирифтам. Аз Туркия либосҳои кӯдакона меовардам ва дар бозори “Корвон” мефурӯхтам. Корам омад накард, хонаро фурӯхта, пулро бо фоиз ба соҳибаш баргардондам, вале забонхат нагирифтам. Чунки ҳамсояамро мешинохтам ва ба ӯ бовар доштам. Пас аз чанд муддат даъво пеш овард, ки пулашро бо фоиз баргардонам. Фарзандонам гуфтанд, ки сабр кунад, бармегардонем. Вале розӣ нашуд, ҳамагӣ се рӯз муҳлат монд. Пули калон, дар ин вақти кам чӣ кор кардан ҳам мешавад? Сарнавишт чунин будааст, ки бо ҳукми суд маҳбасӣ шудам. Афсӯс, исбот карда натавонистам, ки қарзро баргардонидаам...”

Саодат Фозилова, як табиб аз Душанбе,  модари 4 фарзанд, ки пеш дар маркази ташхиси тиббии вазорати тандурустӣ кор мекард, низ барои 15 ҳазор доллар қарз ба зиндон афтодааст: “Маошам ҳамагӣ 1200 сомонӣ буд. Барои зиндагӣ кифоят намекард. Маҷбур шудам, ки ба тиҷорат рӯ орам. Аз Истамбул лавозимоти хонагӣ, пойафзоли занона оварда, дар хона мефурӯхтам. Дар буҳрони соли 2016 зарар дидам. Аз мардум пулро бо фоиз мегирифтам. Аз ломбард ҳам қарз гирифтам. Ҳам тилло сӯхт ва ҳам қарздор шудам. Чунки фоиз баланд буд Ниҳоят, дар қарз мондам.

Камтарашро фарзандонам пардохт намуданд. Вале боқимондаашро натавонистам. Хонаро фурӯхта, як қисми қарзамро супоридам. Ҳоло фарзандонам иҷоранишин ҳастанд. Дар суд 9 сол доданд, 2 солу ду моҳаш сипарӣ шуд.”

Ин зан мегӯяд, аз шароити маҳбас шикоят надорад, вале аз ҳама сахт барояш ин аст, ки “аз фарзандон ҷудо ҳастем, мушкил аст. Зиндаҷудоем”.

Матни пурраи гузориши вижаи Усмон Раҳимзода ва Ҳафизуллоҳ Тоҳириро дар зер мутолиа кунед:

Садо аз зиндони Норак. Яке фарзанд куштаву дигаре қарздор

Гузориш аз ҳаёти занони маҳбус дар шаҳри Норак

Бознашр аз сомонаи Pressa.Tj

Норак. Дар ин шаҳр ягона муассисаи ислоҳии ЯС3/8 барои нигоҳдории занони маҳбус дар кишвар воқеъ аст. Вақте кас аз назди ин зиндон гузар мекунад дар зеҳнаш суоле пайдо мешавад: зани тоҷикро чӣ ба зиндон меорад? Занони маҳкумшуда дар  кадом шароит нигоҳдорӣ мешаванд? Барои посух ҷустан ба ин суолҳо хабарнигорони “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj аз муассисаи ислоҳии ЯС3/8 дидан намуда, бо занони маҳбус ва масъулини муассиса ҳамсуҳбат шудаву бо вазъи будубоши онҳо ошноӣ пайдо карданд.

Дебоча

Пеш аз ворид шудан, моро посбонҳои муассиса пурра аз назар гузаронида, сипас иҷозати вуруд доданд. Афсарон моро рост ба утоқи кории роҳбари муассиса бурданд. “Алимова Робия Бегмуродовна, сардори муассиссаи ЯС3/8”. Чунин навишта шудааст пушти дари қабулгоҳ. Ӯ моро хуш истиқбол гирифт. Баъди пурсупос худаш роҳбалади мо шуд. Боздиди аввал аз коргоҳи истеҳсоли макарон дар ин муассиса сурат гирифт.

Истеҳсоли 7 намуди макарон дар маҳбас

— Ассалом!,- ҳама бо як овоз баробари ворид шудани роҳбари муассиса садо баланд карданд.

Коргоҳи нав, тоза, ҳама либоси махсус дар тан доранд. Ҳар кас вазифаи худро иҷро мекунад. Яке макаронро тунук мекунад, дигаре барои хушккунӣ дар тафдони калон мегузорад ва савумӣ бастубандӣ менамояд. Чорумӣ — духтари хеле ҷавон бо нигоҳи ҳайратомез ҷониби журналистон менигарад.

— Чӣ ном дорӣ?

— Сарвиноз.

— Чӣ туро ба зиндон овард?

— Ман аз ноҳияи Ҷаббор Расулов. Бо моддаи 104 ҳабс шудам. Ҷинояти одамкуширо падарам содир кард ва ман ҳам ба он шарик будам. Муҳлати ҷазоям зиёд… ҳоло се моҳ шуд, ки дар ин ҷо ҳастам.

Чун ашк дар чашмонаш ҳалқа зад ва дар идомаи ҳарф гуфтан гулӯгир шуд, сардори муассиса Робия Алимова ба мо нигариставу гуфт, ки “ӯро ба ҳолаш гузоред, биёед, рафти истеҳсоли макаронро мебинем” ва моро ба ҷониби дигар бурд.

Тавре ба мушоҳида расид, дар коргоҳ 7 намуди макарон истеҳсол карда мешавад. Робия Алимова мегӯяд, ки таҷҳизоти коргоҳ пурра нав буда, бо ташаббуси сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — лейтенант  Мансурҷон Умаров ва дастгирии Сафорати Туркия дар Тоҷикистон харидорӣ шудааст.

“Дар оянда хати фаъолияти коргоҳро васеъ намуда, мехоҳем маҳсулотро ба фурӯш гузорем. Ҳоло бошад, талош барои гирифтани тамға ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ аст. Макарони истеҳсолшударо барои маҳбусони худамон истифода менамоем. Яъне, таъминот аз худамон аст. Ният дорем, ки мақомоти дигарро бо макарони худӣ таъмин намоем. Баъдан мехоҳем кормандони коргоҳ сертификати омӯзишӣ низ гиранд, то ки баъди ба озодӣ баромадан тавонанд дар коргоҳҳои истеҳсолӣ кор кунанд”,- иброз дошт дар суҳбат Робия Алимова.

Китобхона дар маҳбас

Пас аз коргоҳи истеҳсоли макарон моро ба ҷониби китобхонаи муассиса роҳнамоӣ карданд. Рафҳои пур аз китоб, бастаи рӯзномаҳои даврӣ, толори тақрибан 15-нафараи хониш ором, 4-5 нафар машғули мутолиа ҳастанд.

— Шумо чӣ ном доред?

— Марҳабо Хоҷаева, қаблан 14 сол омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ будам. Ҳоло бо моддаи 247, қисми 4 маҳбасӣ мебошам.

— Чӣ сабаб шуд, ки даст ба ҷиноят задед?

— Аслан, ман дар кафедраи этика ва эстетика ба сифати методист фаъолият мекардам. Азбаски бо маоши кам дар пеш бурдани зиндагӣ азият кашидам, хостам тиҷорат кунам. Бо фоиз аз ҳамсояам қарз гирифтам. Корам омад накард, хонаро фурӯхта, пулро бо фоиз ба соҳибаш баргардондам, вале забонхат нагирифтам. Чунки ҳамсояамро мешинохтам ва ба ӯ бовар доштам. Пас аз чанд муддат даъво пеш овард, ки пулашро бо фоиз баргардонам. Аз чунин муомила ҳайрон шудам, чӣ кор карданро надонистам. 

— Маблағ чӣ қадар буд ва барои чӣ сарф кардед?

— 37 ҳазор доллар. Аз Туркия либосҳои кӯдакона меовардам ва дар бозори “Корвон” мефурӯхтам.

— Пас аз даъво чӣ кор кардед?

— Фарзандонам соҳибмаълумот ҳастанд. Гуфтанд, ки ҳеҷ гап не, сабр кунад, бармегардонем. Вале розӣ нашуд, ҳамагӣ се рӯз муҳлат монд. Пули калон, дар ин вақти кам чӣ кор кардан ҳам мешавад? Сарнавишт чунин будааст, ки бо ҳукми суд маҳбасӣ шудам. Афсӯс, исбот карда натавонистам, ки қарзро баргардонидаам.

— Шавҳар доред?

— Бале. Дар Маскав аст. Аммо тафсилоти пурраи ҳодисаро намедонад.

— Боз хона доред? Фарзандон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

— Бале. Фарзандонам дар хонаи дигарам, дар ҳавлӣ зиндагӣ мекунанд.

— Ба озодӣ бароед, чӣ кор мекунед?

— Соҳибмаълумот ва таърихшиносам, дар донишгоҳ ё ҷойи дигар кор мекунам. Боз уҳдадорам, ки қарзро пардохт намоям. Дигар илоҷе нест.

— Аз шароити будубош дар маҳбас чӣ мегӯед?

— Камбудӣ нест. Ягон кас сухани баланд намезанад. Байни ҳамдигар эҳтиром доранд. Фақат барои мо озодӣ намерасад. Асабӣ мешавам, аз фарзандон дур ҳастам. Духтарам таваллуд кардааст, бехабар мондам. Ҳамагӣ 5 рӯз пас барои суҳбат бо фарзандон иҷозат аст. Хоҳиш мекунам, ки масъулин моддаи 247-ро як бор дида бароянд.

— Дар инҷо чӣ вазифае бар зимма доред?

— Масъули китобхона ҳастам. Айни замон ба 17 номгӯй нашрияҳо дастрасӣ дорем. 5960 номгӯ китобҳои гуногун ва 1500 адабиёти бадеӣ дорем. Ба наздикӣ озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро баргузор намудем.

Аз дари китобхона берун мебароем. Садои гиряолуд ва илтиҷомезе ба гӯш мерасад:

— Арзи моро ҳам гӯш кунед!

— Шумо кистед?

— Саёҳат Файзуллоева, собиқаи 12-солаи омӯзгорӣ дорам. 8 сол дар Русия муҳоҷир будам. Бо моддаи 307 равонаи зиндон шудам.

— Чӣ боиси ба маҳкама кашидани шумо шуд?

— Шавҳарам дар Русия буд. Даъват кард, бо фарзандон рафтам. Ин давраи пандемияи коронавирус буд. Кору зиндагӣ ниҳоят вазнин буд. Барои гирифтани суғуртаи тиббии фарзандам ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия рафтам. Аввал чанд бор телефон кардам, гуфтанд, ки онҳо намедиҳанд. Хоҳиш кардам, ки ақаллан кумак кунанд. Чанд рӯз сарсон шудам. Навбатпоӣ, одамони зиёд назди сафорат буданд. Як рӯз назди сафорат гирдиҳамоӣ шуд, рафтам, маҷбур шудам, ки шикоят кунам. Касе ин шикоятро ба навор гирифта, дар интернет гузоштааст. Баъди ин маро депорт карданд. Вақти бозгашт ба Душанбе дастгир карданд. Гуфтанд, ки ту нисбат ба Ватан хусумат, бадбинӣ дорӣ ва барои барангехтани кинаву адоват айбор ҳастӣ. Суд бо ин маро гунаҳгор дониста, равонаи зиндон кард. Ҳарчанд дар толори суд гуфтам, ки ҳеҷ гоҳ нисбати ватанам бадбинӣ, хусумат надорам ва аз кирдорам пушаймон ҳастам, эътибор надоданд. Охир, ман 9-сола будам, ҳамаро тариқи оинаи нилгул бо чашм дидам. Ватан айб надорад. Пешвои миллат ягона нафаре буд, ки ҳама гурехт, аммо ӯ сар бардошт. Албатта, одамони ифротгаро ҳастанд, вале ман аз ин тоифа нестам. Набояд дар дили мо хусуматро ҷой диҳанд. Агар хусумат медоштам, бигзор маро 100 сол равонаи зиндон мекарданд.

— Ҳоло фарзандонатон бо кӣ ҳастанд?

— Ду фарзанд дорам, назди хушдоманам ҳастанд. Гоҳ-гоҳ падару модарам бо фарзандон хабаргирӣ меоянд. Ман ба толибилмон ҳамеша аз дӯстдории Ватан ҳарф мезадам. Акнун чӣ…?! Аламовар аст! Ман тариқи квотаи Президентӣ донишгоҳро хатм кардам. Аввалин гирандаи квотаи Президентӣ дар соли 2000-ум ҳастам.

Дар як фурсати кӯтоҳи суҳбат ашки ин зан болои китоби “Тоҷикон дар суҳбати Бобоҷон Ғафуров”-ро, ки ӯ мутолиа дошт, тар кард. Нахостем хотирашро боз ҳам мушавваштар намоем. Маҷрои суҳбатро дигар ҷо бурдем ва аз шахсияту корнамоиҳои академик Бобоҷон Ғафуров чанд ҳарфе гуфтем.

“Воқеан, академик Бобоҷон Ғафуров шахсияти таърихӣ ҳастанд, барои миллати тоҷик хизматҳои шоиста кардаанд. Дар мактаб мо чорабиниҳои зиёд вобаста ба фаъолияти Бобоҷон Ғафуров мегузаронидем…”,- идома дод суҳбаташро Саёҳат.

Коргоҳи дӯзандагӣ дар маҳбас

Дар коргоҳи дӯзандагӣ 50 нафар зан фаъолият мекунанд. Онҳо либоси ягона барои занҳои маҳбус ва инчунин, мувофиқи фармоиш медӯзанд. Дар сехи дӯзандагӣ ошхонаи алоҳида доранд ва барои худ хӯрок омода мекунанд.

“Ин ошхонаро барои он ташкил кардем, ки вақт беҳуда наравад. Инчунин, фармоишҳоро саривақт иҷро кунанд”,- мегӯяд Робия Алимова.

Зимнан, аз сардори муассиса иҷозати суҳбат бо зане хостем. Сарнавишти Саодат Фозилова, сокини шаҳри Душанбе хеле сахт будааст. Ӯ бо се модда — 245, 246 ва 247 айбдор ва равонаи маҳбас шудааст. 

“Ду солу ду моҳ шуд, ки ин ҷо адои ҷазо менамоям. Бинобар сабаби қарзро пардохт карда натавонистан, аз озодӣ маҳрум шудам. Моддаи 247 аз шаҳрвандон, 246 аз бонк ва 245 аз худ намудани молу мулки давлат. 15 000 доллар қарздор шудам. Камтарашро фарзандонам пардохт намуданд. Вале боқимондаашро натавонистам”,- мегӯяд ӯ.

— Пештар дар ягон ҷо кор мекардед?

— Ихтисоси ман духтур аст. Дар Маркази ташхиси тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон кор мекардам. Собиқаи 17-солаи фаъолият дорам. Соҳиби 4 фарзанд мебошам. Ҳамаашон духтаранд. Хонаро фурӯхта, як қисми қарзамро супоридам. Ҳоло фарзандонам иҷоранишин ҳастанд. Духтари калониам шавҳар карда, дар Русия кор мекунад. Асосан, ҳоло зиндагиро ӯ пеш мебарад. Дар суд 9 сол доданд, 2 солу ду моҳ сипарӣ шуд. Ду авф нисбати ман қабул шуд. Мо миннатдорем, ки дар дохили зиндон бо кор таъмин ҳастем. Хеле пешравӣ ҳаст. Дар колонияи занона се даста аст, ки занҳо мувофиқи он тақсим шудаанд. Бо дастгирии сардори муассиса тамоми шароити будубош хуб аст. Ҳар моҳ фарзандон омада хабар мегиранд. Новобаста аз ин, мо уҳдадорем, ки қарзи худро баъди баромадан супорем.

— Чӣ гуна қарздор шудед? Метавонед тафсилоташро гӯед?

— Маошам ҳамагӣ 1200 сомонӣ буд. Барои зиндагӣ кифоят намекард. Маҷбур шудам, ки ба тиҷорат рӯ орам. Аз Истамбул лавозимоти хонагӣ, пойафзоли занона оварда, дар хона мефурӯхтам. Дар буҳрони соли 2016 зарар дидам. Аз мардум пулро бо фоиз мегирифтам. Ниҳоят, дар қарз мондам.

— Ҳоло чӣ қадар қарз мондааст?

— 13 900 доллар. Аз ломбард ҳам қарз гирифтам. Ҳам тилло сӯхт ва ҳам қарздор шудам. Чунки фоиз баланд буд.

— Ҳоло дар ин ҷо бештар сари чӣ андеша мекунед?

— Аз фарзандон ҷудо ҳастем, мушкил аст. Зиндаҷудоем.

Баъди ин ашк гулӯгири апаи Саодат мешавад. Бо сари хам мошинаи дарздӯзиро гардон мекунад ва корашро идома медиҳад.

Ин дам Робия Алимова, сардори муассиса ба гап ҳамроҳ мешвад: “Саодат иродаи сахт дорад. Ман мисли ӯ барин занҳоро дар ин ҷо беҳтар медонам. Пешниҳод мекунам, барои чӣ генерал Умаров дастгирӣ мекунаду дигарон рад мекунанд? Дар қонун омадааст, ки аз 3 як ҳисаи муҳлати ҷазоро адо намояд, бояд ҷавоб диҳам. Ман характеристикаи инҳоро менависам! Бо амри тақдир ҷиноят карданд, ин ҷо омаданд. Инҳоро маҳкам накунанд, пули қарзро медиҳанд. Охир, бо дар ин ҷо нигоҳ доштан, аз куҷо маблағи қарзро пардохт мекунанд?”.

Паҳлу гузашта, мехоҳем аз дари коргоҳи дӯзандагӣ берун бароем. Боз садое баланд мешавад:

— Мо ҳар вақт назди сардор меравем. Аз гуфтан мӯйи сарашро сафед кардем. Мо ҳам арзи дил дорем. Барои чӣ моро намепурсед?

— Шумо чӣ ном доред ва чӣ ба ин маҳбас овард?

— Ман 23-сола. Аз ноҳияи Хуросон. Писта мефурӯхтам. Аз яклухтфурӯшон мегирифтам. Ба чанд кас писта қарз додам. Пулашро гирифта натавонистам. 1 миллион сомонӣ қарздор шудам. Вақте ки маро суд карданд, дар батнам тифл доштам. Ин ҷо омадам, кӯдаки 62-рӯзаамро аз даст додам. Фарзандони дигар дар азобанд. Охир, мо инҷо шинем, қарзи моро кӣ медиҳад? Бигзор, монанд, ки дар озодӣ қарзи мардумро диҳем. Арзи мо то Сарраёсат меравад, аз прокуратура мегардад.

— Чанд сол шуд, ки ин ҷо нишастаед?

— 5 сол нишастам. 1 солу 2 моҳи дигар монд. Дар берун вақт диҳанд, пули мардумро медиҳем.

Бо Назокат Тоҳирова, сокини ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён, ки  соли 2020 дар манзили истиқоматиаш бо бераҳмии махсус фарзандони 2, 5, 8 ва 10-солаи худро ба ҳалокат расонида буд, рӯ ба рӯ мешавем. Ба ҳар савол хомӯшӣ ихтиёр мекард. Аммо нигоҳаш хеле хашмгин ва гӯё бо шер меҷангид.

Боз дар суҳбати Робия Алимова

— “Дарахти макри зан сад реша дорад”,- мегӯяд Робия Алимова.- Дар миёни ин занҳо набояд ҳамаро бегуноҳ дид. Баъзан, шояд аз нодонӣ ё ҷаҳолат ба ҷиноят даст задаанд. Аммо надонистани қонун аз ҷавобгарӣ озод намекунад. Бо вуҷуди он ки Пешвои миллат ғамхоранд, ҳар навбат авфро қабул мекунанд ва нисбати маҳбусон тадбиқ мешавад.  

— Мо инҷо занонро, ки 237 нафаранд, ба гуруҳҳо тақсим кардаем. Зане, ки чор фарзандро кушта буд, модараш ҳам ҷиноятҳои вазнинро содир кардааст. Мо онҳоро сахт назорат мекунем. Баъзеаш аз Сурия ва дигар давлатҳои ҷангзада баргаштаанд. Дар баробари ин, баъзеашон соҳибкасб ҳастанд, инҷо фаъолияти чамшрас доранд. Ба шарофати генерал –лейтенант Мансурҷон Умаров муассисаи мо хеле обод шуд.   Мо ҳамеша чорабиниҳои тарбиявӣ оид ба пешгирии терроризм, экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз гуруҳҳои ҷиноятпеша мегузаронем”,- гуфт Робия Алимова.

Усмон РАҲИМЗОДА,

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,

Душанбе-Норак-Душанбе

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button