ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ДАНҒАРА ЯК ҶАВОН ЯК МАРДИ 39-СОЛАРО 3 ЗАРБАИ КОРД ЗАДААСТ

Як ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Данғара ба он гумонбар мешавад, ки шоми 31 март, тахминан соати 17:30, дар ҳавлии коллеҷи политехникӣ бо марди 39-солаи сокини ин ноҳия ҷангу ҷанҷол карда, ӯро 3 корд задааст. Ҷабрдидаро бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ кардаанд.

хххххххххххх

Як навраси 16-сола дар Ҳисор ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 1 апрел аз хонаи сокини 30-солаи ин шаҳр аз дохили ҷузвдон 16 ҳазор сомониро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 2 апрели маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Расонидани ҷароҳати вазнин

001

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Данғара, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 31-уми марти соли 2022, тахминан соати 17:30-дақиқа, бо марди 39-солаи сокини ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 3 маротиба ба узвҳои баданаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Боздошти ноболиғи 16-сола бо ҷурми дуздӣ

14

Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза марди 30-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 1-уми апрели соли 2022, тахминан соати 11:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷузвдон 16 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри зикргардида ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button