АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

БОЗ ЯК ҚАДАМ БА СӮИ ЭЪТИРОФИ РАСМӢ? САБТИ НОМИ АВВАЛИН ДИПЛОМАТИ ТОЛИБОН ДАР РУСИЯ

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи 31 март дар нишасти сеюми вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар шаҳри Тунсии Хитой хабар дод, ки Маскав алакай  аввалин дипломати фиристодаи ҷунбиши Толибонро сабти ном кардааст.

“Мехостам таъкид кунам, ки моҳи гузашта нахустин дипломати фиристодаи ҳукумати нави Афғонистон ба Маскав омад ва дар вазорати мо аккредитатсия гирифт”, – гуфт Лавров.

Раҳбари идораи сиёсати хориҷии Русия аз режими нави Толибон ситоиш кард, ки “бо вуҷуди камбуди таҷрибаи роҳбарӣ, маҳдудиятҳои молиявию иқтисодӣ ва фишри ҳарбию сиёсӣ аз тарафи Амрико ва муттаҳидонаш, маъмурияти нави Афғонистон дар умум аз уҳдаи дар ҳолати шино нигоҳ доштани кишвар баромада истодааст”.

Ба ақидаи Лавров, “дар самти мубориза бо терроризм натиҷаҳои мушаххасе ба чам мерасанд. Дар соҳаи ҳимояти ҳуқуқи инсон талошҳое анҷом дода мешаванд. Кобул ба таври фаъолона рӯи густариши равобити дипломативу иқтисодӣ кор мекунад. Ин ҳама, бидуни шак ба эътирофи байналмилалии мақомоти нави Афғонистон мусоидат мекунад”.

Сергей Лавров дар ҳошияи нишасти ҳамсояҳои Афғонистон ҳамчунин бо роҳбари вазорати хориҷаи ҳукумати Толибон Амирхон Муттақӣ мулоқот кардааст. Дар ин бора сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова  дар Telegram-каналаш хабар дод.

Дар пайи ситоиши режими нави Толибон, Сергей Лавров дар нишасти Тунси изҳор дошт, ки Маскав аз нақшаҳои сохмони террористии ДОИШ ҷиҳати ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия паҳн кардани ноамнӣ нигарон аст. Ба ақидаи ӯ, дар марзи Афғонистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷамъ шудани ҷангҷӯёни ДОИШ аломате избироббарангез аст.

 “Нигаронии вижаеро нақшаҳои ДОИШ ва тарафдоронаш барои бесубот кардани кишварҳои Осиёи Марказӣ ва содироти ноамнӣ ба Русия бармеангезанд” — изҳор дошт Лавров дар Тунси.

Дар нишасти сеюми вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар шаҳри Тунси дар шарқи Хитой ҳайъатҳои Русия, Хитой, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон иштирок доранд. Нишасти аввали ҳамсояҳои Афғонистон 21 октябри соли 2021 дар Маскав нишасти дуюмаш 27 октябри соли 2021 дар Теҳрон доир шуда буд.

Ҷангҷӯёни Толибон моҳи августи соли 2021 дар рӯзҳои хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалии таҳти фармони Амрико ва НАТО аз Афғонистон қудратро дар ин кишвар ғасб карданд. Вале ҳукумати нави онҳоро то ҳол ягон кишвар расман эътироф накардааст. Бисёре аз бозигарони асосӣ дар арсаи Афғонистон бо режими нави Толибон тамосҳо барқарор кардаанд ва аз ҷумла чанд рӯз пеш вазири хориҷаи Хитой ҳам аз Кобул боздид ва бо роҳбарони Толибон мулоқот кард.

Тоҷикистон аз ангуштшумор кишварҳоест, ки ҳокимони нави Афғонистонро қабул надоранд ва талаб доранд, ки онҳо бояд дар ҳукумати худ ба дигар қавмҳои сокини Афғонистон, ба вижа ба тоҷикҳои он кишвар бояд ҷойгоҳи шоиста қоил шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button