ВидеоДин ва боварҳо

ОҒОЗИ РАМАЗОН – 2 АПРЕЛ, ФИТРИ РӮЗА – 7 ВА 80 СОМОНӢ, НИСОБИ ЗАКОТ – 35 ҲАЗОР

ОҒОЗИ РАМАЗОН – 2 АПРЕЛ, ФИТРИ РӮЗА – 7 ВА 80 СОМОНӢ, НИСОБИ ЗАКОТ – 35 ҲАЗОР

Шӯрои уламои Маркази исломӣ (собиқ муфтиёт)-и Тоҷикистон, рӯзи 29 март дар ҷаласааш 2 апрелро рӯзи оғози моҳи шарифи Рамазон эълон кард. Шӯрои уламо фитри рӯзаро барои мардуми оддӣ ба ҳисоби гандум 7 сомонӣ ва барои мардуми нисбатан доро ба ҳисоби мавиз 80 сомонӣ ва фидяи савмро барои соҳибони узри шаръӣ барои 30 рӯзи моҳи шарифи Рамазон 420 сомонӣ муқаррар кардааст. Ҳамин тавр, нисоби закот барои мардуми воҷибулзакот 35 000 сомонӣ муқаррар кард ва гуфт, аз ин маблағ 875 сомонӣ закот пардохт мешавад.

Бино иттилои расмии нашршуда дар сомонаи Шӯрои уламо, рӯзи 29 марти соли 2022, соати 10:00 дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид. Раиси Шӯрои уламо  Саидмукаррам Абдуқодирзода ҳозиринро ба муносибати омад-омади моҳи мубораки Рамазон табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол моҳи мубораки Рамазон дар кишвар рўзи шанбе 2-юуми апрел фаро мерасад. Баъдан аъзои Шӯрои уламо масъалаҳои рўзномаи маҷлисро муҳокима ва баррасӣ намуда, чунин қарор қабул карданд:

  1. Мувофиқи ҳисоби илмӣ аввали моҳи шарифи Рамазон дар соли 2022 ба ҳисоби тақвимӣ рўзи шанбе 2-юми апрел муайян карда шавад.
  2. Мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 35 000 сомонӣ муқаррар карда шавад, ки аз он 875 сомонӣ закот дода мешавад.
  3. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 7 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 80 сомонӣ (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) муайян карда шавад.
  4. Фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2022 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва бемороне, ки аз сиҳатшавии онҳо умеде нест ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рўз муайян карда шавад.

         Шӯрои уламо гуфт, “маҷлис бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Пешвои миллату мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт”.

https://www.facebook.com/photo/?fbid=3137269583186941&set=a.1429936300586953

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button