ВидеоМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

Қ.ТОШИЕВ: ЯГОН КИЛО ОРД Ё ШАКАР НАБОЯД БА ТОҶИКИСТОН БУРДА ШАВАД!

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 24 март дар ҷаласаи кобинаи вазирони ин кишвар зимни баррасии нақшаи зиддибуҳронӣ хостори андешидани чораҳои шадидтарин барои таъмини амнияти ғизоӣ шуд. Тошиев аз ҷумла талаб кард, то мақомот кормандонашонро дар тӯли марз бо Тоҷикистон мисли “сипари зинда” қатор кунанд ва нагузоранд, ки “ҳатто як кило орд, шакар, ё як литр равған ба кишвари ҳамсоя бурда шавад”.

Қамчибек Тошиев дар ин ҷаласа гуфт:  “Сохторҳое, чун гумрук ва КДАМ бояд вазъ дар марз бо Тоҷикистонро зери назорати сахт бигиранд, чунки дар онҷо эҳтимоли қочоқи маҳсулот аз Қирғизистон хеле зиёд шудааст. Ҳоло ҳама маҳсулотро мисли чоҳи бетаг ба вилояти Бодканд кашонда истодаанд. Кормандонатонро мисли сипари зинда дар марз қатор кунед, вале нагузоред, ки ҳатто як кило орду шакар ва ягон литр равзан аз марз гузарад. Ҳоло ҳамсояҳо ба камбуди маҳсулоти ғизоӣ дучор шудаанд ва ҳама маҳсулотро аз кишвари мо ба кишвари ҳамсоя бурда истодаанд. Онҷо нархи орду шакар якуним маротиба нисбат ба Қирғизистон гаронтар шуда, равған умуман нест. Аз ин рӯ, ин ҳамаро мехоҳанд аз кишвари мо бубаранд”.

Тошиев аз Хадамоти гумруки Қирғизистон интиқод кард, ки бо қочоқи маҳсулот ба қадри кофӣ мубориза намебарад:  “Гумрук дар масъалаи қочоқ суст кор мекунад. Ман шуморо огоҳ карданиам, ки ҳоло таъмини амнияти ғизоӣ аз ҳама муҳим аст ва ба ҳамин масъала бояд машғул шуд. Ин аз ҳама муҳим аст, масъалаҳои дигарро баъдан ҳал хоҳем кард”.

Талаби раиси КДАМ Қирғизистон дар мавриди боз ҳам шадидтар кардани назорати марз бо Тоҷикистон дар ҳолест, ки Русия дар пайи шурӯи ҷанг ба зидди Украина ба хориҷ ва ҳатто ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё баровардани бисёре аз анвоъи маҳсулоти асосии хӯроквориро манъ кардааст ва ин алакай боиси ҷаҳиши нархи маҳсулот дар минтақа шудааст.

Қирғизистон марзаш бо Тоҷикистонро аз 20 майи соли 2021 билофосила баъди задухӯрдҳои хунин дар марзи ин ду кишвар барои равуои сокинону мошинҳо баст ва интиқоли маҳсулот низ байни ду кишвар расман манъ шудааст. Ҳарчанд Бишкек қарори бастани марзро ба пандемияи коронавирус рабт медод, вале мансабдорони қирғиз чандин бор изҳор доштанд, ки марзро тангҳо баъди ҳалли тамоми масоили марзӣ бо Душанбе аз нав хоҳанд кушод.

Қамчибек Тошиев, яке аз ёрони наздики президенти кунунии Қирғизистон Содир Ҷабборов, дар тирамоҳи соли 2020, дар пайи инқилоби рангаи навбатӣ ба мақоми раиси КДАМ расид. Ҳайъати Қирғизистонро дар музокироти марзӣ бо Тоҷикистон низ Тошиев роҳбарӣ мекунад. Вале дар Тоҷикистон бисёриҳо нисбат ба Қамчибек Тошиев назари мусбат надоранд ва ӯро ба таҳрики муноқишаҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон гунаҳкор мешуморанд.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун танҳо каме бештар аз 500 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар як соли охир дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дастикам 58 нафар  (36 нафар аз ҷониби Қирғистон ва 22 нафар аз тарафи Тоҷикистон) кушта шуда, ҳудуди 270 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Хунинтарин муноқиша дар ин қисмати марз дар поёни моҳи апрели соли 2021 рӯй дод, ки дар натиҷаи он аз ду тараф 55 нафар кушта ва 240 нафар захмӣ шуданд. Ин хунинтарин муноқиша дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии ҷумҳуриҳои муосири Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Дар поёни моҳи январи соли 2022 дар як муноқишаи дигари мусаллаҳона дар марзи Исфара бо Бодканд ду сокини Тоҷикистон кушта ва аз ҳарду тараф беш аз 20 тани дигар захмӣ шуданд.

Ҳамин тавр, шаби 11 март дар як тирпарронии дигар дар марзи Чоркӯҳ бо Бодканд марзбони тоҷик Суннатулло Самадов кушта шуда, ду марзбони дигар ва чанд сокини Чоркӯҳ захмӣ шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button