ВидеоМуҳоҷирон

ДУ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ТОТОРИСТОНИ РУСИЯ БА ЛАТТУКӮБИ АФСАРИ ПУЛИС АЙБДОР ШУДААНД

Дар ҷумҳурии Тотористони Русия ду ҷавони тоҷик аз шаҳри Душанберо ба ҳамла ба афсари пулис айбдор мекунанд. Худи ин ҷавонҳо ин иттиҳомро ба гардан нагирифтаанд, вале бино ба фарзияи тафтишот, шоми 15 январи соли 2022 дар даромадгоҳи бинои №47 дар совхози Мамадиши ноҳияи Мамадиш, онҳо дар ҳолати мастӣ бо нозири минтақавии пулис вориди муноқиша шуда, ӯро дашномҳои қабеҳ дода, бо мушту лагат ва дастаи бели барфрӯбӣ латтукӯбаш кардаанд. Мамадиш ноҳияест дар канори дарёи Вятка, дар 150-километрии шарқи шаҳри Қазон, пойтахти Тотористон, ва 90-километрии ғарби шаҳри Набережние Челни.

 Ба ин ду ҷавон то 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Тибқи мушоҳидаҳо, муҳоҷирони тоҷик аз ҳар навъ сарбасаршавӣ бо пулиси Русия ҳаддалимкон парҳез мекунанд ва танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ, вақте ба ҷонашон мерасанд, бо пулис дастбагиребон мешаванд. Маълум нест, ки ин ду ҷавон нозири минтақавиро барои чӣ латтукӯб кардаанд?

Раёсати тафтиштти ҷумҳурии Тотористон  рӯзи 24 март хабар дод, ки мақомоти тафтишотии ин ҷумҳурӣ тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ду ҷавони зодаи шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистонро анҷом дода, барои баррасӣ ба додгоҳи ноҳияи Мамадиш супоридаанд. Ин ду ҷавон бар асоси қисми дуюми моддаи 318 Кодекси ҷиноятии Русия ба истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи давлат айбдор мешаванд. Ин банди қонун ҳамчун ҷазо то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Бино ба фарзияи тафтишот, шоми 15 январи соли 2022  ин ду ҷавон дар даромадгоҳи бинои № 47 дар кӯчаи Тсентралнаяи шаҳраки совхози Мамадиши ноҳияи Мамадиш машрубот менӯшиданд ва ба оромии сокинони ин бино халал мерасонданд.

 “Бо даъвати сокинон, барои пешгирии амалҳои ғайриқонунии онҳо, сарнозири минтақавӣ ба ин бино омад. Ҳангоми суҳбат онҳо ба талабҳои қонунии намояндаи ҳокимият ба қатъи вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ итоат накарда, аввал бо нозири минтақавӣ вориди муноқишаи лафзӣ шуда, ӯро дашномҳои қабеҳ доданд ва сипас аъмоли ҷиноии худро идома дода, нисбат ба ҷабрдида аз зӯрӣ кор гирифтанд ва ӯро бо дасту чанд мушту лагат зада, ҳамчунин бо дастаи бели барфрӯбӣ, ки дар даромадгоҳ гузошта шуда буд, задаанд. Дар натиҷа, корманди пулис осеби ҷисмонии ба ҳаёт ва саломатиаш хатарнок бардоштааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи нашршуда дар сомонаи раёсати тафтишоти ҷумҳурии Тотористон.

Назари худи муҳоҷирони тоҷик дастрас нест, вале дар иттилоияи расмӣ ҳам гуфта мешавад, ки “муттаҳамон даст доштани худро дар ин ҷиноят эътироф накарданд”.

Вале мақомот мегӯянд, ки тафтишот барои исботи гуноҳи ин ду муҳоҷири тоҷик далелҳои кофӣ ҷамъ овардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button