ВидеоНомаҳо ба президентТоҷикистон

ВИДЕО+8 АКС: САДҲО ДОНИШҶӮРО ДАР БОХТАР ВА НОҲИЯИ БАЛХӢ БА “МАРШИРОВКА” БУРДААНД

Қариб як моҳ боз садҳо донишҷӯи Донишгоҳ ва Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар ва ҳамчунин садҳо хонандаи мактабҳои миёнаи шаҳри Бохтару ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои иштирок дар “маршировка” ба муносибати ҷашни асосии Наврӯзи имсола ҳар рӯз дар варзишгоҳи ноҳияи Ҷ.Балхӣ (собиқ Колхозобод) тамрин мекунанд. Яке аз иштирокчиёни ин “маршировка” порае аз лаҳзаҳои тамринашонро сабт карда, ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” фиристод:

Чунин тамринҳо дар шаҳри Бохтар низ идом дорад, чунки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имсол ҷашни Наврӯзро дар шаҳри Бохтару ноҳияи Ҷ.Балхӣ таҷлил мекунад. Қарор аст, дар ноҳияи Балхӣ дар баробари баргузории ҷашни асосии Наврӯзи имсол ҳамчунин маросими ифтитоҳи шаҳраки нав бо варзишгоҳи бузург низ доир шавад.

Ҳангоми “маршировка” ба муносибати иди Наврӯз рӯзи 15 март Шаҳноза Сфарова, як хонандаи синфи ҳаштуми мактаби №15 шаҳри Бохтар бемор шуда, дар бемористон ҷон додааст.  Дар мактаби №15 дар “маршировка” иштирок доштани Шаҳноза Сафароваро тасдиқ кардаанд, вале дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтаанд,  ки “ӯ баъди бозгашт аз тамрин ҷон додааст ва онҳо дар бораи бад будани саломатияш маълумот надоштанд.”

Ҳайдаралӣ Сафаров, амаки Шаҳноза Сафарова, низ ба Радиои Озодӣ гуфт, шуши бародарзодааш мушкил дошт ва ӯ чанд рӯзи охир таб мекард. “Беаҳамиятӣ кардем. Ҳамон рӯз дар мактаб аҳволаш бад шудааст. Ба бемористон бурдем. Табибон 10-12 соат кӯшиш карданд, вале наҷот дода натавонистанд. Шушҳояш об гирифта будаанд,” –  гуфтааст амаки духтари ҷавонмарг.

Ҷашни асосии Наврӯз дар ноҳияи Балхӣ ва маросими ифтитоҳи шаҳраки нав, қарор аст, рӯзи 21 март бо иштироки президент Эмомалӣ Раҳмон сурат бигирад.

Убайдуллои Файзулло, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ахиран дар нишасти хабарии хеш гуфт,  барои бунёди шаҳраки нав зиёда аз 200 миллион сомонӣ масраф шудааст. “Маросими ифтитоҳи шаҳраки навбунёд дар рӯзи таҷлил аз ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ рост меояд”,- гуфта буд ӯ.

Рӯзимад Сияҳаков, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар суҳбат ба Pressa.tj гуфт, ки корҳои сохтмонӣ дар шаҳрак ҳанӯз соли 2017 оғоз шуда, дар инҷо пайкараи Ҷалолиддини Балхӣ ва осорхонаи ин мутафаккири барҷаста бунёд шудааст. Сияҳаков гуфт, бунёди чунин шаҳрак дар вилояти Хатлон дар 30 соли истиқлол собиқа надорад: “Дар ин шаҳрак варзишгоҳ бо 15 ҳазор ҷойи нишаст, Мактаби Президентӣ бо хобгоҳи муосир барои хонандагону омӯзгорон, муассисаи томактабӣ ва хонаҳои баландошёна бунёд шудааст”.

Аммо масъалаи ҷалби донишҷӯёну хонандагон ба “маршировка” ба муносибати ҷашнҳои сершумор масъалаест, ки чандин сол боз мавриди интиқоди аҳли ҷомиа қарор дорад. Вазири пешини маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода дар нишасти хабариаш бо изҳори нороҳатӣ аз матраҳ кардани мавзӯи “маршировка” онро як масъалаи “хасакӣ” номид ва аз ҳама хост, то ба он зиёд таваҷҷуҳ накунанд. Вале фаъолон мегӯянд, донишҷӯён бештари вақти худро на барои таҳсилу омӯзиш ва такмили саводи худ, балки барои чорабиниҳои беҳудае, чун “маршировка” сарф мекунанд ва ин ба сифати мутахассисоне, ки аз мактабҳои олии Тоҷикистон берун меоянд, таъсири манфии қобили мулоҳиза мегузорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button