ВидеоНомаҳо ба президентҶомеа

ИН ЧӢ ДАҲШАТ АСТ? БОЗДОШТИ СОКИНИ ТУРСУНЗОДА БАРОИ ДАСТДАРОЗӢ БА НОМУСИ КӮДАКИ СЕСОЛА (ВИДЕО+18)

Дар шаҳри Турсунзода дар ғарби Тоҷикистон як ҷавонро бо иттиҳоми расидан ба номуси духтарчаи сесола дастгир кардаанд. Ин ҳодиса рӯзи 7 март дар маҳаллаи 4-уми шаҳри Турсунзода  дар даромадгоҳи яке аз биноҳои истиқоматӣ рӯй додааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то кунун дар бораи ин ҳодиса расман ягон иттилоъ нашр накарданд, вале дар Интернет сабти видеоии лаҳзаҳои бозпурсии ҷавони дастгиршуда нашр шуд.

Дар ҷараёни бозпурсӣт, ки рӯзи 8 март, баъди боздошти гумонбаршаванда сабт шудааст, ин ҷавон мегӯяд, ки Носиров Зиёвиддин ном дошта, аз ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Тӯйчиев мебошад. Ӯ эътироф мекунад, ки дар ҳолати мастӣ ба номуси кӯдаки сесола дастдарозӣ кардааст.

Носиров ҷараёни ҳодисаро чунин нақл мекунад:

“Дина, 07.03.2022, тахминан соати 16 ман аз хона баромадам. Таксиро савор шудаму Чашма омадам. Чашма омадам ва дар инҷо дар бари “Кристалл” як коняку 4 бокал пиво хӯрдам.  Дар ҳамин ҳолат, нафси худро паст кардан мехостам, ки як зани рус гузашт. Ду-се гапаш задам, ки чизе нагуфт. Намедонам, дилаш кашид ё не, вале ӯро гум кардам. Нафси худро боз ҳам паст карданӣ будам, ки кӯдакчаро дидам. Ӯ дар рӯи ҳавлӣ дар маҳаллаи 4-ум бозӣ мекард.  Ман ба даромадгоҳ даромадаму “Эй духтарак, инҷо биё” гуфта, фарёдаш кардам, ки давид, омад. Як бор, ду бор қафояшро қапидам, ки ҳичӣ нагуфт. Баъд дуюму сеюм қабати бино баровардамашу чанд бор расидамаш, ки гиря кард. Баъд 3 сӯму тангааш додам, ки магазин меравӣ, ягон чиз мехарӣ. Шимашро поён кардаму бо дасти чапам аз китфаш гирифтам. Ду бор ё се бор дар қафояш олати мардиамро шакидам ва ҳолати шаҳвониамро паст кардам. Баъди ин баромадаму боз тарафи ҳамон бар рафтам, ки камераро дидам ва аз кори кардаам пушаймон шудам…”

Носиров мегӯяд, баъд ӯ ба бари “Кристалл” баргашта, онҷо боз ду бокали дигар пиво нӯшида, боз як бакляжкаи дигар пиво гирифта, сипас ба хонааш рафтааст.

ДИҚҚАТ! ВИДЕО ИБОРАҲОИ ДАҒАЛОНА ДОРАД! АЗ ОНҲОЕ, КИ ДИЛУ АСАБАШОН СУСТ АСТ, ХОҲИШ МЕКУНЕМ, ИН ВИДЕОРО ТАМОШО НАКУНАНД!

Тавре аз ҷараёни бозпурсӣ бармеояд, Носировро бар асоси сабти видеокамераҳои назоратӣ дар даромадгоҳи бинои истиқоматӣ дар маҳаллаи 4-ум дастгир кардаанд.

Агар ҳаракатҳои ин нафари дастгиршуда  танҳо ҳамчун ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба кӯдаки баръало хурдсолу оҷиз арзёбӣ шавад, ба Носиров Зиёвиддин бар асоси моддаи 139 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҳамчун ҷазо аз 15 то 25 соли зиндон таҳдид мекунад. Вале агар амалҳои Носиров ҳамчун таҷовуз ба номуси кӯдаки хурдсол арзёбӣ шавад, ба ӯ бар асоси моддаи 138 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз 12 то 25 соли зиндон ваё ҳабси умрбод таҳдид мекунад. Ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҳукми қатлро ҳам пешбинӣ мекунад, вале аз соли 2004 рӯи судур ва иҷрои ҳукми қатл дар Тоҷикистон мораторий ҷорӣ шудааст.

Соли гузашта дар пайи чанд чунин ҳодисаи дастдарозӣ ба номуси кӯдакон дар ҷомиа садоҳое бо талаби барқарор кардани ҳукми қатл барои чунин ҷиноятҳо баланд шуд. Дар пайи ин, ҷазоҳоро барои бадрафтории шаҳвонӣ нисбат ба кӯдакон дар Тоҷикистон хеле шадидтар карданд, вале пешниҳоди барқарор кардани ҳукми қатл пазируфта нашуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button