ВидеоДин ва боварҳоҶомеа

ТАКЛИФИ ҲАМХОБАГӢ КАРД, ЗАН НЕ ГУФТ… 15 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ СОКИНИ ТУРСУНЗОДА

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 3 марти соли 2022 сокини шаҳри Турсунзода Қаландаров Камолиддин Буроновичро бар асоси моддаҳои 32, қисми 3 – 104, қисми 2, банди «е» Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ дар сӯиқасд ба одамкушӣ гунаҳкор шинохта, ба 15 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон дар шарҳи ин парванда гуфт: “Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян шудааст, ки Қаландаров К.Б. соли 2001 бо шаҳрванд Яқубова Лолахон Адҳамҷоновна оила барпо намуда, аз зиндагии якҷоя соҳиби 4 фарзанд гардиданд. Моҳи сентябри соли 2021 бино бар бад шудани муносибати оилавӣ аз Якубова Л.А ҷудо шуд, вале бо сабаби надоштани ҷойи зисти доимӣ Яқубова Л.А. бо фарзандони ноболиғаш дар манзили истиқоматии Қаландаров К.Б. дар ҳуҷраҳои алоҳида зиндагӣ намудааст. 17 ноябри соли 2021 Қаландаров К.Б. дар ҳолати мастӣ ба ҳуҷраи хоби собиқ ҳамсараш Яқубова Л.А. даромада, ба ӯ таклифи ҳамхоба шуданро намуда, бинобар рад намудани хоҳишаш ва аз суханҳои ҳамсараш оиди бо дигар мард алоқа доштан ба ғазаб омада, қасди куштори ӯро намудааст”.

Бино ба хулосаи тафтишот ва додгоҳ, “Камолиддин Қаландаров аз ошхонаи манзили зисташ ду адад корди ошхонагиро гирифта, дар ҳузури фарзандони ноболиғаш Қаландаров Ҷ.К. ва Қаландаров Ҷ.К. ба Яқубова Л.А. ҳамла намуда, бо  кордҳои дар дасташ буда, шаш маротиба ба қисмати қафаси сина, шикам, камар ва дасти ӯ зарба зада, ҷароҳати ҷисмонии дараҷаи сабук ба саломатиаш расонидааст.   Сипас, фарзанди ноболиғаш Қаландаров Ҷ.К. бо мақсади ҳимояи модараш доду фарёд намуда, байни онҳо даромада, амалҳои минбаъдаи падарашро пешгирӣ намудааст ва бинобар ин Қаландаров К.Б. қасди ҷиноятии худро то ба охир амалӣ карда натавонистааст”.

Назари худи маҳкумшуда ваё наздикону адвокаташ дастрас нест.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ё қасди куштори зану шавҳар гузоришҳо зиёд ба даст мерасанд.  Ҷомиашиносон инро ба коҳиши арҷу эҳтиром ба суннатҳои анъанавии оиладорӣ ва рӯҳониён ба суст шудани пояҳои имон ва арзишҳои динии мардум рабт медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button