ВидеоМуҳоҷирон

БАЪДИ ЗАНОЗАНӢ БО ҚИРҒИЗҲО 54 МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО АЗ КОР ПЕШ КАРДААНД (ВИДЕО)

Дар пайи занозаниҳои гуруҳӣ байни муҳоҷирони тоҷику қирғиз, ки рӯзҳои 8-9 март дар сохтмони корхонаҳои бузурги Корхонаи коркарди гази Амур (Амурский ГПЗ)  ва Маҷмаи газу кимиёвии Амур (АГХК)  рӯй дод, ширкати сохтмонии “ВелесСтройМонтаж” 54 коргари тоҷикашро аз кор ҷавоб додааст. Пойгоҳи хабарии “Бомдод” қаблан дар бораи аз кор рондани 182 коргари қирғиз дар пайи он занозаниҳо гузориш дода буд.

Дар рӯйхатти коргарони тоҷики аз кор рондашуда, ки як нусхааш ба дасти идораи “Бомдод” низ расид, дида мешавад, ки ҳамаи ин 54 нафар дар Амур таҳти роҳбарии Содиқ ном бригадир кор мекарданд ва синнашон аз 18 то 58 солро ташкил медиҳад.  Санаи таваллуди калонсолтарини онҳо Раҳимов Абдураҳим Ғуломович  20 июли соли 1964 ва  санаи таваллуди ҷавонтаринаш: Иброҳимзода Ҷумъахон Ҳаким 4 декабри соли 2003 мебошад. Бархеи онҳо ҳамагӣ чанд моҳ пеш барои кор дар сохтмони ин ду корхонаи бузург дар минтақаи Шарқи дури Русия истихдом шуда буданд, вале бархеаш ҳатто як моҳ ҳам кор накарда буданд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, аксари рондашудаҳо аз Норак ва ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби Тоҷикистонанд.

Аз кор рондани ин 54 муҳоҷири тоҷик аз Русия дар ҳолест, ки вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рӯзи 12 март вобаста ба ҳодисаи занозании гурӯҳӣ байни муҳоҷирони тоҷику қирғиз  дар корхонаҳои бузурги корхонаи коркарди гази Амур ва Маҷмаи гази кимиёвии Амур ба вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев барқия фиристода, хостори тафтиши сари вақт ва таҳти назорати қатъӣ гирифтани ҷараёни тафтиши ин ҳодиса шуда буд. Генерал Раҳимзода ҳамчунин намояндаи ВКД Тоҷикистон дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ (БКБОП), Абдусаттор Фаттоҳзодаро муваззаф карда буд, ки бо ҳамтоёни худ дар Федератсияи Русия дар алоқа бошад ва ба рафти тафтишот кумак расонад.

Тавре қаблан хабар додем, рӯзҳои 8-9 март дар сохтмони корхонаҳои бузурги Корхонаи коркарди гази Амур (Амурский ГПЗ)  ва Маҷмаи газу кимиёвии Амур (АГХК)   байни муҳоҷирон аз Тоҷикистону Қирғизистон занозаниҳои оммавӣ  рӯй дод. Ин корхона дар канори шаҳри Благовешенск, маркази маъмурии вилояти Амур, дар минтақаи Шарқи дури Русия сохта мешавад ва ба сохтмони он танҳо дар ширкати “ВелесСтройМонтаж” 9 ҳазор коргар, аксар муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кор гирифта шудаанд.

Манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” бо ирсоли видеоҳои ду рӯзи занозаниҳо, хабар доданд, ки

бетартибиҳо рӯзи 8 март дар ошхонаи ширкати “ВелесСтройМонтаж”  дар як заминаи сирф маишӣ, ё ба қавли тоҷикҳо, барои як гапи дупула сар шуд. Коргарони тоҷик гӯё пеш ҳам аз тарзи хидматрасонии кормандони ошхона, ки бештараш занони зодаи Қирғизистон будаанд, норозигӣ карда, мегуфтаанд, ки гӯё пешхидматҳои қирғиз ба ҳамватанҳои худ хӯроки бештар дода, ба коргарони тоҷик баракс кам медиҳанд.

Рӯзи 8 март бошад, гӯё як коргари тоҷик аз зани пешхидмати қирғиз салфетка хостааст ва ӯ ин салфеткаро ё надодааст, ваё додаасту вале ба зарда ба рӯи коргари тоҷик партофтааст.

Дар ҳар сурат, ин нофаҳмии ночиз билофосила ба як ҷанҷоли бузург бо иштироки садҳо нафар аз ҳарду тараф табдил ёфтааст. Дар видеои рӯзи аввали занозанӣ дида мешавад, ки муҳоҷирон ба сӯи якдигар ҳама чизе, ки пеш меояд, аз ҷумла мизу курсӣ ва косаву табақ ва дигар зарфу ашёро мепартоянд ва якдигарро зери борони мушту лагат мегиранд.

Рӯзи 9 март муҳоҷирони тоҷику  қирғиз дубора аз гиребони якдигар гирифтанд, вале ин дафъа дар саҳни барфпӯши майдони сохтмон.

Баъди рӯзи дуюм ҳам такрор шудани занозаниҳо, маъмурияти ширкати “ВелесСтройМонтаж” тасмим гирифтааст, ки масъаларо бо чораҳои шадид ҳал кунад. Рӯзи 11 март хабар омад, ки баъди занозаниҳои гуруҳӣ байни муҳоҷирони тоҷику қирғиз маъмурияти АГХК якбора 182 зодаи Қирғизистонро аз кор ҷавоб додааст. Маъмурият ҳамчунин гуфта буд, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масъалаи аз Русия ихроҷ кардани муҳоҷирони шӯрапуштро ҳам матраҳ мекунад

Қарори маълум, моҳи августи соли 2021 дар пайи як силсила занозаниҳои байни муҳоҷирон дар минтақаҳои гуногуни Русия, ВКД ин кишвар ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои иштирок дар занозаниҳо бераҳмона ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ карда, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум мекунанд.

Моҳи декабри соли 2021 ВКД Русия хабар дод, ки алакай беш аз 400 муҳоҷирро маҳз барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ ихроҷ кардаанд. Аксари онҳоро ба муҳлати то 40 сол аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button