ВидеоМуҳоҷирон

ВО-АҶАБ! ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОНРО БАРОИ НОСКАШӢ 20 ҲАЗОР РУБЛ (!!!) ҶАРИМА БАСТАНД

Як марди 29-солаи зодаи Тоҷикистонро дар ҷумҳурии худхондаи Осетияи ҷанубӣ барои кашидани нос дастгир карда, бо ҳукми додгоҳ 20 ҳазор рубли русӣ ҷарима бастаанд.

Бино ба иттилои нашршуда дар сомонаи вазорати корҳои дохилии Осетияи ҷанубӣ, кормандони ГИБДД (собиқ ГАИ) дар шаҳри Тсхинвал, маркази ин ҷумҳурии худхонда ҳангоми дидбонӣ дар яке аз кӯчаҳо ронандаи мошини ВАЗ-2107, ки шаҳрванди Тоҷикистон будааст, манъ карданд. Ҳангоми кофтукоб аз кисаи ӯ як халта бо маводи рангаш сабзи баланд пайдо кардаанд. Тахшис нишон дод, ки маводи ёфтшуда нос мебошад.

Маълум мешавад, ки дар Осетияи ҷанубӣ ҳанӯз соли 2016 қонуни видае “Дар бораи манъи воридот, хариду фурӯш ва истеъмоли снюс ва нос қабул карда шуда, ҳамчун ҷазо барои ҳатто кашидани нос ҷарима ваё то 2 моҳи ҳабсро пешбинӣ мекунад.

Бар аосси қисми дуюми моддаи панҷуми ин қонун додгоҳи Тсхинвал шаҳрванди Тоҷикистонро ба маблағи 20 ҳазор рубли русӣ ҷарима бастааст.

Осетияи ҷанубӣ соли 2008 дар натиҷаи ҷанги кӯтоҳи байни Русияву Гурҷистон аз тобеияти Гурҷистон берун оварда шуд ва эълони истиқлол кард. Вале истиқлоли Осетияи ҷанубиро то имрӯз ба ҷуз аз Русия, танҳо се кишвари дигар: Никарагуа, Венесуэла ва Науру эътироф кардаанд. Осетияи ҷанубӣ пули худашро надорад ва муомилоти пулӣ дар инҷо бо рубли русӣ сурат мегирад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button