ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАРГУЗАШТИ ЖУРНАЛИСТИ ТОҶИК ИЛҲОМ МАДАЛИЗОДА

Илҳом Мадализода, поягузори нашрияи “Соҳил”, нашрияи  ҳукумати шаҳри Гулистон (Қайроққуми пешин) субҳи 14-уми март дар синни 61-солагӣ, бар асари беморӣ даргузашт. Ӯ то лаҳзаи вафоташ, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеаи шаҳрдории Гулистон буд.

Аз ҳукумати шаҳри Гулистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки Илҳом Мадализода як моҳи ахир аз бемории гурда азият мекашид ва ин беморӣ дар ниҳоят ӯро аз миёни мо рабуд.

Илҳом Мадализода 1-уми сентябри соли 1960 дар шаҳраки Адрасмон дар канори шаҳри Гулистон таваллуд шуда, соли 1982 риштаи суханшиносии Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод, ҳозира Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм карда буд.

Бо ташаббуси ӯ, 11-уми марти соли 1998 дар шаҳри Гулистон нахустин рӯзномаи расмии ин шаҳр бо ном “Соҳил” таъсис ёфт ва Илҳом Мадализода то соли 2012 вазифаи сармуҳарририи онро ба дӯш дошт.

Ӯ ҳамзамон дар солҳои 1995-1998 муовини директори ширкати телевизиони “Темурмалик” буд. Мадализода ҳамчунин дар ин шаҳри саноатии шимолии Тоҷикистон маҳфили адабии “Илҳом”-ро ташкил карда буд, ки бо ҷалби адибону суханшиносон мавзуъҳои адабиву фарҳангиро ба мухлисони калом тавзеҳ медоданд.

Илҳом Мадализода муаллифи китобҳои “Ашки шабнам” (2000), “Ватанам Тоҷикистон” (2003), “Садои мусофирӣ” (2010), “Кашфиёт” (2014) ва “Гули илҳом” мебошад.

Дар солҳои 90-уми қарни гузашта, масъулияти сардабирии рӯзномаҳои “Ганҷбахш”, “Суғдиён-медикор-777” ва “Барқчӣ” ва баъдан муовинати сардабирию котиби масъули рӯзномаи “Сухани халқ”, сармуҳаррири рӯзномаи “Маъданшиноси”-и Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов) -ро ба дӯш доштааст.

То рӯзи марг, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Гулистонро дошт ва дар оғози солҳои 2000-ум котиби кумитаи иҷроияи шӯрои намояндагони халқи шаҳри он вақта Қайроққум буд. Ӯ узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон низ буд.

_________________

Муаллиф: Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button