ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

РӮЗИ 9 МАРТ БОЗ 18 ТАРМА ЗАД. РОҲҲОИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД ВА ХОРУҒ-ИШКОШИМ БАСТААНД (ВИДЕО)

Ба сабаби боришоти шадид дар роҳҳои минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон хатари фаромадани тармаву рехтани санг ва селу обхезӣ зиёд боқӣ мемонад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки танҳо рӯзи 9 март  дар роҳҳои Душанбе – Варзоб (километрҳои 57, 58, 67,68 ва 71-ум), Душанбе – Хоруғ (километрҳои  478 ва 497-ум), Хоруғ – Ишкошим (километрҳои 29-ум) ва Душанбе – Хоруғ – Мурғоб (километри 558-ум)  18 тармаи дигар фаромада, роҳҳои Душанбе – Хуҷанд ва  Хоруғ – Ишкошим аз рӯзи 9 март бастаанд. Як рӯз қабл ширкати IRS, масъули нигоҳубини роҳи Душанбе –  Хуҷанд –  Чаноқ, ягона роҳи байни шимол ва маркази Тоҷикистон хабар дода буд, ки давоми як шабонарӯзи охир дар ин роҳ 46 тарма фаромадааст.

Ҳоло кормандони  вазорати нақлиёт ва ширкати IRS, ҳамчунин кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар роҳҳои тармазада навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда, ба тоза кардани роҳҳо машғуланд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, рӯзи 9 март боришоти шадид боиси рехтани санг дар километри 237-уми роҳи Дарвоз – Ш. Шоҳин – Кӯлоб дар мавзеи Анҷирободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин шудааст. Бо кӯшиши кормандони вазорати нақлиёт оқибатҳои сангрезӣ дар Анҷиробод рафъ ва роҳ барои равуои нақлиёт дигарбора боз карда шудааст.

Бино ба пешбинии ҳавошиносон, то поёни ҳафтаи ҷорӣ хатари фаромадани тармаҳо, сангрезӣ ва селу обхезӣ бахусус дар манотиқи кӯҳистони Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Ба ин далел, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз сокинон хост, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳои бидуни зарурат бо роҳҳои кӯҳистон, анҷоми корҳои саҳроӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезуму алафҳои баҳорӣ, моҳигирӣ ва шикор дар кӯҳҳо худдорӣ кунанд.

Худро эҳтиёт кунед!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button