ВидеоИқтисодТоҷикистон

ҚУРБИ РУБЛ БЕҲТАР ШУДА, БА 109 РАСИД. НАРХИ ОРД ЯК МУДДАТ ТО 330 ХЕСТ

Баъди қариб ду ҳафтаи уфти паиҳам қурби рубли русӣ дар муқобили сомонӣ ду рӯз боз рӯ ба боло овардааст. Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 10 март қурби расмии 1000 рубли русиро  боз 9 сомонию 50 дирами дигар боло бурда, аз 99,5 сомонии як рӯзи қабл ба 109 сомонӣ расонд.  Дар биржа низ, бино ба тозатарин хабарҳо, нимаи дуюми рӯзи 10 март, арзиҳши 1000 рубл ба 111 сомонию 66 дирам расид. Бонки “Эсхата” алакай ба муштариёнаш бо қимати 107 сомонию 50 дирам харидани рублҳояшонро пешниҳод мекунад ва 1000 рублро 111 сомонӣ мефурӯшад. Вале  “Ориёнбонк”, ки  1000 рублро ҳамоно бо нархи пасти 100 сомонӣ мехарад,  нархи фурӯши 1000 рублро алакай  128 сомонӣ муқаррар кардааст.

Рӯзи 10 март рубл мавқеаш нисбат ба долларро низ як каме барқарор кард. Ҳоло як доллар ба 116 рублу 72 копейк баробар шудааст. Ёдовар мешавем, рӯзи 7 март қурби доллар бори аввал дар таърих ба 155 рубл расида буд.

Бо ин ҳол, баъди ба 13 сомонӣ расондани қурби расмии доллар, дар Тоҷикистон қимати маҳсулот якбора рӯ ба боло овард.

Ба гуфтаи сокинон, рӯзи 9 март бисёрии ордфурӯшон нархи як халта орди 50-килоиро то ба 320-330 сомонӣ расонданд, вале дар пайи дахолат ва фишори мақомот танҳо дӯконҳое ба фурӯши орд идома дода истодаанд, ки розӣ шуданд,  то нархи орд, маҳсулоти асосии хӯрокаи аксари аҳолии Тоҷикистонро аз 290 сомонӣ баландтар набаранд.

Яке аз хонандагони “Бомдод” аз Бохтар хабар дод, ки рӯзи 9 март нархи орд ҳам дар бозори “Фаровон” ва ҳам “Ҳоҷӣ Шариф” то ба 330 сомонӣ хест, вале баъди талаби “Тоҷикстандарт”, ки нархро аз 290 сомонӣ болотар набаранд, ҳоло танҳо як анбори орд дар роҳи тарафи ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо ин нарх орд фурӯхта истодааст ва дигар дӯконҳову анборҳои ордфурӯшӣ то рӯшантар шудани вазъият дарҳои худро бастаанд. Ин сокини Бохтар гуфт, то иваз шудани қурби доллар нархи як халта орди аз ҳама пурхаридори “Фатир” дар ҷануби Тоҷикистон ҳамагӣ 260 сомонӣ буд.

Бино  ба хабарҳо, нархи бензин низ дар ду рӯзи охир ба шиддат боло рафтааст. Барои мисол, дар водии Вахш нархи газ аз 6 сомонию 40 дирам ба 6 сомонию 90 дирам, бензин аз 10 сомонию 20 дирам то ба 10 сомонию 80 дирам ва солярка якбора 1 сомонию 70 дирам гаронтар шуда, аз 10 сомонию 40 дирам то ба 12 сомонию 10 дирам расидааст.

Аммо дар Душанбе, бино ба иттилои журналист Абдулазизи Восеъ, дар байни ҳамагӣ як рӯз арзиши бензини навъи АИ-92 аз 10,70 сомонӣ ба 11,70 сомонӣ дакка хӯрд.

Нархи дизел дар Душанбе алакай 12 сомонию 20 дирам ва бензини 95 бошад ба 12 сомонию 30 дирам расидааст.

Сокинон мегӯянд, баробар бо орду бензину солярка нархи анвоъи дигари маҳсулот низ дар Тоҷикистон рӯ ба болоравӣ овардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button