СиёсатЧеҳраҳо

МАН БОЗ ҲАЗОР БОР ДАВЛАТ ГУФТАМ! АНДАР ЗОДРӮЗИ АБДУЛЛОҲИ РАҲНАМО

Бо рӯҳи пурифтихор давлат гуфтам,

Дар хилвату ошкор давлат гуфтам,

Гарчанд ҳазор бор дидам ҷабраш,

Ман боз ҳазор бор давлат гуфтам.

Ман ҷилди шиносномаро мебӯсам,

Ҳар сафҳаи «Шоҳнома»-ро мебӯсам,

Чун бинвисам калимаи «давлат»-ро,

Аз шиддати меҳр хомаро мебӯсам.

Ҳарчанд, ки хайрхоҳи давлат будам,

Ҳарчанд чароғи роҳи давлат будам,

Аз рӯйи сиёҳи чанд мансабдоре,

Дар «рӯйхати сиёҳ»-и давлат будам.

Некахтару некфол давлат дорам,

Пуршавкату пурҷалол давлат дорам,

Армони ҳазорсолаам ҳосил шуд,

Ман баъди ҳазор сол давлат дорам!

Абдуллоҳи Раҳнамо 

АНДЕШАҲОИ ШОГИРДОНА БА ЯКЧАНД СИФАТҲОИ ХОСИ УСТОД ҲАКИМ АБДУЛЛОҲИ РАҲНАМО БА МУНОСИБАТИ ЗОДРӮЗАШОН…

Бознашр аз саҳифаи муаллиф Табассум Азимзода дар Фейсбук

БО САЛОМУ ЭҲТИРОМ,

Имрӯз барои ман рӯзи бисёр гиромӣ аст, чун устоди гиромӣ Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо мавлуд доранд. Аввалан, бояд гӯям, ки ин навиштаҳои зеринро мехостам соли гузашта ба муносибати 50-солагии устод Раҳнамо нависам, вале натавонистам, чун устод бемор буданд ва худи ман дар як ҳолати рӯҳии шогирдона қарор доштам, ки ин гуна вазъиятро танҳо он нафароне дарк мекунанд, ки ягон нафари барояшон бисёр азиз дар хатар ҳаст ва ё бошад.

Бо устод Раҳнамо замоне шинос шудам, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси сиёсат ва идораи давлатӣ ва ё бо касби сиёсатшиносӣ таҳсил мекардам. Вақте курси якуми хонишро ба итмом расонидем ва каме бо муҳиту фазои донишгоҳу факултет ошно гардидему ҷасорату ғайрати донишҷӯйи пайдо кардем, кӯшиш мекардем, ки дар дарсҳои устодон фаъол бошему баҳсҳои илмиро оғоз намоем. Ва дар баробари ин, пайваста аз донишҷуёни курсҳои болоӣ, яъне сеюму чаҳорум ва панҷум пурсон мешудем, ки кадом омӯзгорони беҳтаринро медонед, то мо аз роҳбарияти факултет ба таври расмӣ ва ё ҳамчун шогирдона хоҳиш намоем, ки ҳамон омӯзгоронро барои мо пайдо намоянд, то ба мо дарс гӯянд.

Солҳое, ки мо донишҷӯйи факултети фалсафа будем, декани факултет мо устоди муҳтарам ва яке аз асосгузорони илми сиёсатшиносӣ, профессор Маҳмадов Абдураҳмон Наврӯзович буданд. Устод, ки худ донишманди варзидаи илмҳои сиёсӣ ҳастанд, тамоми кӯшишу талошҳои худро мекарданд, то омӯзгорони касбӣ ба донишҷӯён дарс гӯянд. Ҳамчунин, донишҷӯёни курсҳои болоӣ пайваста таъкид мекарданд, ки устодони бузургвор, чун профессорони илмҳои сиёсӣ ва асосгузорони дигари илми сиёсӣ дар Тоҷикистон Зокиров Гулмаҳмад Нозимович ва Муҳаббатов Абдусалом низ бояд ба шумо дарс гӯянд. Хусусан, устод Зокиров Г.Н. дар баробари сиёсатшиноси касбӣ ва олими илмҳои сиёсӣ будан, инчунин, аз ҷумлаи рӯшанфикрони миллӣ ва дорои мактаби худии илмҳои сиёсатшиносӣ мебошанд. Дар васфи устоди муҳтарам ва назарияҳои сиёсиашон мехоҳам дар ояндаҳо фикру андешаҳоямро нависам.

Доншҷӯёни болоӣ чандин устодони дигарро низ тавсияву таъкид мекарданд, ки бояд онҳоро барои дарс гуфтан хоҳиш намоед ва шумо низ дар дарсҳои онҳо фаъол бошеду онҳоро эҳтиром намоед. Вале таъкиди махсуси онҳо ба устод Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо (номи Раҳнамо он вақт барои мо бисёр аҷиб менамуд) бисёр диққати моро донишҷуён ҷалб намуда буд. Мо як қатор донишҷӯён бо ҳамин кунҷковиву неруи ҷавонии илмомӯзӣ ва аз ҳама муҳим бо як ғайрати хос назди устод Зокиров Г.Н. рафтем, чун устод мудири кафедраи сиёсатшиносӣ буданд ва аз эшон хоҳиш кардем, ки устод Раҳнамо моро дар солҳои ояндаи таҳсил дарс гӯянд. Хушбахтона, устод Зокиров Г.Н. таъкид карданд, ки Абдуллоҳи Раҳнамо бе хоҳишу илтимоси шумо дар кафедраи сиёсатшиносӣ соли оянда ба шумо дарс хоҳанд гуфт. Шумо орому осуда бошед ва пайи омӯхтани донишҳоятон машғул шавед.

Ҳамон рӯз низ расид. Дар курси сеюм ва чаҳорум буд (солҳои 2013-2014), ки дар ҷадвали дарсии мо фанни устод Абдуллоҳи Раҳнамо бо номи “Равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир” ворид гардид ва мо онро дида бисёр хурсанд гаштем. Аз сабабе, ки дар он солҳо бештари фанҳои ихтисосӣ аз соли сеюми таҳсил вориди барнома мегардиданд, мо қариб ки мафҳуму аҳаммияти сиёсати амалиро сарфаҳм намерафтем. Чун соли дуюми таҳсил мо аллакай омӯзиши фанни сиёсатшиносиро оғоз карда будем ва нисбати назарияи илмҳои сиёсӣ то дараҷае шинос шуда будем, вале худи фанни сиёсати амалиро ҳоло нахонда будем.

Дар рӯзи аввали оғози дарс устод Раҳнамо бо як сабки нави дарсгӯйӣ вориди зеҳни мо шуданд. Яъне шартҳои хосе барои дар аудитория нишастану дарсро гӯш кардан гузоштанд, ки мо то курси сеюм чунин методу усулҳои махсуси омӯзгоронро надида будем. Устод Раҳнамо таъкид карданд, ки дарси мо озод аст, яъне кадом донишҷӯйе мехоҳад, ки дар дарси мо хоб кунад, марҳамат роҳат бошад, танҳо ба дарс халал нарасонад. Ва ё ки таъкид карданд, ки ба дарси мо бо либоси одӣ низ оед, мо зид нестем, яъне бе сару либоси расмӣ ва галстук дар аудитория бошед, яъне асос шумо дар дарс иштирок дошта бошеду фаъол бошед. Ҳамчунин, таъкид доштанд, ки касе, ки ба дарс дер меояд ва ё дар раванди дарс берун баромадан мехоҳад, озод беовоз дарояду барояд, танҳо ба дарс халал нарасонад. Аҷибаш он буд, ки устод матни лексияҳои дақиқ надоштанд ва инчунин, ба мо донишҷуён таъкид намуданд, ки касе хоҳад суханҳои маро ҳамчун лексия дар дафтар нависад ва ё ки озод гӯш кунаду дар хотир нигоҳ дорад. Мо дар аввал ҳайрон шудем, чун бештари устодони мо матнҳои лексияи худро нашру баъзан вақт аз рӯйи ҳамон ба мо мехонданд. Вале устод Раҳнамо вақте ки мафҳуму моҳияти фанро ба мо баён карданд ва гуфтанд, ки аз сабабе, ки фанни мо вобаста ба равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир аст ва ҳар лаҳза падидаву ҷараёнҳои сиёсии олам тағйир меёбанд, дар ин самт набояд лексияи махсуси тасдиқшуда вуҷуд дошта бошад.

Бояд қайд намоям, ки дар ҳамон солҳо донишҷӯёни сиёсатшинос ва ё дар умум он донишҷуёни ғайрихтисосе, ки омӯзгорони фанни сиёсатшиносӣ дарс гуфта бошанд, медонанд, ки омӯзгорони мо бисёр усулҳои сахту хоси худро доштанд, ки баъзе донишҷӯёни дигар факултетҳо доимо гила мекарданд. Яъне устодони сиёсатшинос дар аудитория ягон донишҷӯйро намегузоштанд, ки гап занад, хоб кунад, лексия нанависад ва ё ба дарс дер ояд. Масалан, ҳатто агар як дақиқа ба дарси устод Зокиров Г.Н. ва ё дигар устодон дер меомадед, на ин ки ба ҳамон дарс роҳ намеёфтед, балки дар дарсҳои оянда низ ба дарси онҳо намедаромадед. То агар супоришу вазифаҳои иловагии илмии онҳоро ба анҷом нарасонед. Ба назари ман чунин метод дар ҳамон солҳо барои донишҷӯёни тоҷик бисёр муҳим буд, чунки мо ҳоло ба баъзе озодиҳо ва фарҳангҳои хоси илмомӯзӣ омода набудем.

Ҳамин тавр, дарс оғоз гардид. Устод Абдуллоҳи Раҳнамо аввал аз худи фаҳмонидани мафҳуму моҳияти номи фан оғоз карда, ҳар як калима ва ҳар як ҷумларо шарҳу тавзеҳ медоданд. Дар ёдам ҳаст, ки раванди фаҳмонидани номи фан тақрибан чор соати дарсиро (яъне ҳар як соат 50 дақиқа) гирифта буд. Дар раванди дарсгӯйи бисёр ҷумлаҳои сода ва фаҳмои сиёсиро истифода мекарданд, ки бештари мо бе савол додани ягон истилоҳи сиёсӣ, ки чӣ маъно дорад, гуфтаҳои эшонро дарк мекардем. Чун бисёр рӯшану возеҳ баён мекарданд. Чӣ тавре дар боло гуфта будем, яке аз усулҳои устод хоб рафтану дер омадану вале ба дарс халал нарасонидан буд, ба таврӣ воқеӣ шикаст. Яъне тамоми доншҷӯёни аудитория ва ҳатто он донишҷӯёне, ки ба бештари дарсҳои дигар устодон дер меомаданд ва ё дер мекарданд ва ё дар раванди дарс хоб мекарданду ба дарс халал мерасониданд, баръакс, дар вақту соаташ ба дарси устод ҳозир мешуданду бо як таваҷҷуҳи хос гӯш медоданд. Ҳатто дарсҳои устод Раҳнаморо интизор мешудем, ки кай ҳамон рӯзу соат меояд. Ба назарам дар он солҳо мисли устод Раҳнамо кам устодоне ёфт мешуданд, ки бо чунин методи хос ва донишу таҷрибаи бузург дар самти илмҳои сиёсӣ ба донишҷӯён дарс мегуфтанд. Дар ҳақиқат, устод Раҳнамо дорои як уқёнус илму дониш, дарсу таҷриба ва фарҳанги бузурги миллӣ буданду ҳастанд.

Он замон мо якчанд донишҷӯён дар дарсҳои устод Раҳнамо каме фаъол будем ва баъди дарс аз факултети фалсафаи воқеъ дар шаҳраки донишҷӯён то ба макони кори устод, ки он вақт дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ фаъолият доштанд, суҳбаткунон ва ҳатто дар баъзе масъалаҳо баҳс карда, то ба назди майдони Исмоили Сомонӣ, ки макони кори эшон ба он ҷо наздик буд, мерафтем. Дар он вақт ягон бор дар ёд надорам, ки устод ба мо донишҷӯён гуфта бошанд, ки вақт надорам, маро роҳат гузоред. Баръакс, ба тамоми саволҳои мо, ки медонистанду огоҳ буданд, ҷавоби бисёр олимонаву устодона медоданд. Ҳатто, имрӯзҳо низ баъзан бо шогирдону илмҷӯён низ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе пиёда киломметрҳо роҳ рафта ва ё дар дафтари кории худ қабулу пазироӣ карда, соатҳо баҳсу суҳбат меороянд.

Дар он солҳо, ки устод Раҳнамо сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд ва кору фаъолияташон бештар ба падидаву равандҳои сиёсии минтақавиву байналмилалӣ рабт дошт, доимо конфронсу мизҳои гирдро баргузор мекарданд. Дар ҳамон солҳо доимо баъзеи моро ба чунин ҷамъомадҳо даъвату ҷалб менамуданд, то ки мо донишҷӯён донишу саводи муосирро низ аз худ намоем. Дар бахши сифатҳои муаллимӣ ва мураббигии устод Абдуллоҳи Раҳнамо чӣ қадаре нависем, кам аст. Чун устод, бешубҳа, як баҳри бузурги сифатҳои олии инсониву олимӣ доранд. Шоҳидон ва огоҳон аз ин сифатҳои устод беҳтар медонанд.

Ман пас аз хатми донишгоҳ барои кор ба Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардам. Бояд ёдовар шавам, ки таҷрибаомузии соли охири донишҷӯйиро, дар ин даргоҳи илму маърифат гузаронида будам. Хушбахтона, бо тавсияи устод Раҳнамо ба ҳайси мутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Марказ ба кор қабул шудам. Яъне то он дам устод Раҳнамо барои ман ҳамчун як муаллим-мураббӣ буданд, минбаъд ҳамчун Сардор низ шуданд. Бояд рӯшану ошкор гӯям, ки кору фаъолият дар ин Раёсат ва хусусан зери роҳбарии устод Раҳнамо бисёр мушкил буд. Устод Раҳнамо, ки худ як дониши бузурги илмӣ ва як соҳибтахассуси бахши илмҳои таҳлилӣ буданд, аз ман, ки нав ба фазои илмиву таҳлилӣ ворид шуда будам, маводу мақолаҳои таҳлилӣ талаб мекарданд. Ман мегуфтам, ки ҳоло ба ин корҳо омода нестам, вале устод доимо таъкид мекарданд, ки дар пушти дари дафтари кории шумо мутахассис ва ё мутахассиси пешбару сармутахассис навишта шудааст, бояд шумо ҳамин кору ҳамон самтро таҳлил кунеду омӯзед, пеш баред ва ҳар ҳафтаву ҳар моҳ ба роҳбарияти Марказ маводу гузоришҳои таҳлилӣ пешниҳод намоед. Баъзан ҳолатҳое мешуд, ки устод навиштаҳои моро хат мезаданду пор-пора мекарданд ва инчунин, бисёр насиҳатҳои сахт ҳам мекарданд, вале дере нагузашта, ба дафтарашон даъват карда, методу равиши ҳамаи корҳоро чун устодона мефаҳмониданду мегуфтанд. Ҳамин буд, ки ман дар рӯзҳои аввал устод Раҳнаморо бисёр инсони сахтгиру сангдил тасаввур мекардам, чун доимо таъкид мекарданд, ки шумо аз дафтару таҷҳизоту молу барқи ин давлат истифода менамоед, бояд нону кори шумо ҳалол бошад, бояд мусалмони воқеӣ бошед, ба ин шароитҳои муҳайёкардаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беэътиноӣ накунед. Дар ёдам ҳаст, ки чунин таъкидҳоро ба тамоми кормандони раёсат мегуфтанд ва шояд баъзеи онҳо то имрӯз ранҷида бошанд. Баъдтар вақте донишу таҷрибаи мо то ҳадде комил гардид, он суханони устодро дарк намудам. Баъзан дар зеҳнам мегузаронам, ки кош сафи чунин инсонҳои фидоӣ дар роҳи ватану миллату давлат зиёд гарданд.

Дар ҳақиқат, устод Раҳнамо барои ман ҳамчун яке аз идеалҳои шахсиятшавӣ ва шахсият будану шудан, ҳастанд ва мемонанд. Дар раванди корӣ доимо ба супоришу вазифаҳои роҳбарият диққати ҷиддӣ медоданд, ҳар яки онҳоро аз сидқи дил, бо сарфи неруи бузург ва барои ватану давлату миллат иҷро мекарданд ва мекунанд.

Устод Абдуллоҳи Раҳнамо бисёр инсони эҳсосотии хос низ мебошанд. Хусусан, вақте ягон нафар ва ё корманд дурӯғ ва ё амалҳои нодурусту хом барои ватану миллату давлат мекунад, на ин ки аз пушти онҳо мегуфтанд (чун маъмулан бештари инсонҳо чунин мекунанд), балки дар ҳузури ҳама ва дар рӯбарӯйи он нафар хатову фикрҳои худро дар ҳамон масъалаҳо ошкору объективона мегуфтанд. Аз ҳамин сабаб бошад, ки бештари он нафароне, ки ман медонам, аз устод зуд меранҷиданд ва ё меранҷанд. Яъне устод Раҳнамо доимо таъкид мекунанд, ки ҳар як нафаре, ки дар ҷомеа ва ё дар давлат кору фаъолият дорад, бояд ростгӯву росткор, поквиҷдону бовафо ва ватандору инсонмеҳвару давлатмеҳавар бошад. Касе, ки китобу шеърҳо ва ё навиштаҳои устод Раҳнаморо мутолиа кардаасту медонад, бояд огоҳ бошад, ки он навиштаҳо ягон тасаввуру хаёлот ва ё сохтакорӣ набуда, балки аз вуҷуди инсонӣ, меҳри ватандорӣ ва шахсияти воқеии худи эшон мебошанд.

Ҳамчунин, устод Раҳнамо дорои фарҳанги бузурги эҳтиром ба шахсиятҳои сатҳи миллӣ ва гироми доштани фарҳангу арзишҳои миллии тоҷик мебошанд. Устод Раҳнамо дар ҳама ҳолат фаротар аз гурӯҳу маҳал ба инсонҳое, ки дорои истеъдодҳо ва қобилиятҳои хос мебошанд, дар сатҳи милливу давлатӣ менигаранд. Ҳатто баъзе шахсиятҳои соҳибтахассус ва ҷавонони боистеъдодро доимо дастгириву мусоидат менамоянд, ки то чунин зарфиятҳои миллӣ ҳифзу рушду истифодаи миллӣ шаванд. Устод Раҳнамо ба фарҳангу арзишҳои миллии мо эҳтироми хос доранд. Хусусан, иди Наврӯзро ҳам дар макони корӣ ва ҳам дар фазои хонавода бисёр дар сатҳи миллӣ ҷашн мегиранд. Дар ёдам ҳаст, ки вақте иди Наврӯзро дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҷашн мегирифтем, бахши ташкилии муҳайё намудани сифатҳои хоси ин идро ба уҳдаи худ мегирифтанд ва бо як шукӯҳу шаҳомати хос онро ҷамъбаст мекарданд. Устод муассиси Литсейи “Раҳнамо” низ ҳастанд, дар он макони илму маърифат дар пешвозу ҷашнгирии баъзе идҳои миллӣ, чун Садаву Меҳргону Наврӯз таваҷҷуҳи хос доранд. Хусусан, ҷашнгирии иди Наврӯз як ҳафта пеш дар онҷо оғоз мегардад. Шоҳидон медонанд, ки ҷашнгирии иди Наврӯз дар литсей дар кадом сатҳ баргузор мегардад. Дар хусуси Литсейи “Раҳнамо” бояд гӯям, ки ин идеяи миллии худи устод Раҳнамо мебошад, ки нисбати он навиштаи махсуси эшон ҳаст. Вале бояд гуфт, ки литсейи мазкур аз ҷумлаи беҳтарин мактабҳои шаҳри Душанбе мебошад.

Устод Раҳнамо яке аз зиёиён ва рӯшанфикрони миллии даврони мо мебошанд. Устод фикру андешаҳои миллӣ ва дорои дидгоҳи хос дар муносибат бо ватану давлату миллатро доранд. Осори илмиву сиёсии устод Раҳнамо як такондиҳандаи фикрониву андешаронӣ барои огоҳону донишмандони тоҷик мебошанд.

Бояд як нуктаи махсуси худи устод Раҳнаморо ин ҷо бигӯям, ки то хонандаи азиз низ огоҳ бошаду бидонад: “…дар як умри кутоҳ ҳам мактаби фикрии Шӯравӣ (1), ҳам рӯҳи ворастаи даврони бозсозӣ (2), ҳам мавҷи муборизаҳои миллии истиқлолхоҳӣ (3), ҳам дарди ҷонсӯзи муҳоҷират (4), ҳам оташу даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ (5), ҳам тамомии раванди музокироту сулҳи тоҷикон (6), ҳам марҳалаи ваҳдатсозию барқарории баъдиҷангӣ (7), ҳам хӯшачинии муҳити адабӣ (😎, ҳам ҳузури огоҳона дар доираҳои динӣ (9), ҳам фаъолияти масъулона дар равандҳои дунявӣ (10), ҳам таҳсилу зиндагӣ дар ҷомеаҳои анъанавии шарқӣ (11), ҳам таҳсилу таҷриба дар ҷомеаҳои муосири ғарбӣ (12), ҳам мактаби хидмат дар дастгоҳи марказии давлатӣ (13), ҳам мутолиаи осори фикрии худию берунӣ (14), ҳам марҳалаи тӯлонии пажӯҳишгарии майдонӣ (15), ҳам таҷрибаи ғании майдони таблиғотӣ (16), ҳам собиқаи ҳузуру робитаҳои васеи хориҷӣ (17), ҳам инзивонишинии дифоӣ (18) ва ғайраро бевосита гу-заштаву ҷамъбасту таҷрибаи зиндаи ин фаслу самтҳоро бо равиши илмию (1), ҷавҳари ватанию (2) дидгоҳи миллию (3) мавқеи давлатмеҳварӣ (4) даромехтам…”. Яъне устод Раҳнамо дар тӯли 51 соли умри худ чунин роҳу равиш, раванду падидаҳо ва як қатор дарсу таҷрибаҳоро воқеан дидаву истифода бурдаву то ба ин ҷо расидаанд. Ба назари ман устод Абдуллоҳи Раҳнамо дар баробари бештари шахсиятҳои миллати тоҷик аз дурдонаҳое мебошанд, ки умру донишу таҷрибаи худро барои давлату миллати тоҷик бахшидаанд.

Устод Раҳнамо дар тӯли 51 соли умри худ якқатор китобу мақолаҳои илмии бунёдӣ барои миллат таълиф кардаанд, ки умедворем дар оянда барои миллати тоҷик хизмат менамоянд. Аз ҷумла, «Дар қаламрави Бедил» (1998), «Баргардону тавзеҳоти «Тазкират-ул-авлиё»-и Аттори Нишопурӣ» (2000), «Оғози дӯстдорӣ» (маҷмӯаи шеърӣ, 2000), «Масъалаи ҳокимият дар андешаи сиёсии тоҷикон» (2007), «Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ» (2008), «Уламои исломӣ дар Тоҷикистон» (2009), «Маорифи динӣ дар Осиёи Марказӣ» (2010), «Ислом ва амнияти миллӣ дар Тоҷикистон» (2010), «Муқаддимае бар тафаккури давлатӣ» (2012), «Шарҳи осонбаёни дебочаи «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ» (2012), «Хатари гурӯҳҳои ифротгароии динӣ дар чист?» (2015 ва нашри сеюм соли 2021), «Афғонистон ва Осиёи Марказӣ: хусусиятҳо ва дурнамои таъсирпазирӣ» (2015), «Эмомалӣ Раҳмон–Пешвои миллат: ҷанбаҳои назарӣ ва амалии мавзӯъ» (2016), «Ислом-шиносии дигар» (2016), «Мавқеи ҳизбӣ ва мавқеи миллӣ» (2016), «Ту дар гуфтан намеойӣ…» (маҷмӯаи шеърӣ, 2016), «Таҷрибаи сулҳи тоҷикон: ҷамъбасти назариявӣ» (2018), «Салом Вахё» (2018), «Афкори сиёсӣ» (маҷмӯаи мақолаҳо, 2019), «Нурест дар ҷабини Бадахшон» (2021), «Дидгоҳи давлатмеҳвар» (2021), «Дӯст дор зистан» (2021).

Тамоми навиштаҳои устод Абдуллоҳи Раҳнамо саршор аз муҳаббат ба ватану ватандорӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ва амнияту суботи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудаанд. Хусусан, китоби паёму рисолати ба муносибати 50-солагиашон тадвиннамудаи устод Абдуллоҳи Раҳнамо “Дидгоҳи давлатмеҳвар” шахсиятҳои милливу фидоии ин ватану давлатро ба худ ҷалб намуд. Дар ин китоб устод Раҳнамо бо доштани донишу саводи илмии бунёдиву сиёсӣ, таҷрибаи бузурги кор дар давлат ва иштироки васеъ дар равандҳои сиёсии кишвару ҷаҳон тамоми неруи худро сарф намуданд, ки то аввал, як матни сиёсии тоҷикӣ барои илмҳои сиёсӣ ба вуҷуд оварда шавад, дуюм, кӯшиш намудаанд, ки фарқи байни давлату ҳукумат ва шинохти хати сурх миёни ҳардуро шарҳ диҳанд, сеюм мафҳуму моҳияти доштани дидгоҳи давлатмеҳварӣ ва истифодаи он дар раванди қабули қарор, чаҳорум манфиатҳои милливу давлатиро бисёр возеҳу рӯшан кушодаву шарҳ додаанд, панҷум, роҳу воситаҳо барои шахсияту фидоии миллату давлат шудани ҳар як давлатмардонро қайд намудаанд ва дар охир талош кардаанд, ки як тафаккуру ҳиссу мавқеву идеологияи милливу давлатиро ба вуҷуд оранду онро пешкашӣ миллату давлат намоянд.

Ба назари ман шояд бошанд, нафароне, ки нисбати худи устод Абдуллоҳи Раҳнамо ҳамчун инсон нигоҳи нек ва ё андешаи солим надошта бошанд, вале ҳамчун шахсият, донишманд ва фидоии миллати тоҷик бояд эҷодиётҳои эшонро қадру эҳтиром гузорем. Чун бештари мо инсонҳо надониставу нашинохта нисбати як ҳаммеҳану ҳаммиллати худ тасаввуроти нодуруст дар зеҳнамон мекорем. Ман фикр мекунам, ки барои ин ҳар як инсони солиму дорои ақлу шуур бояд на ин, ки ба худи хусусиятҳои инсонии як нафар, балки ба донишу савод, шахсият ва ба маҳсулоти доштаи он барои башарият бештар таваҷҷӯҳ намояд. Чун бештари мо баъзе инсонҳоро тариқи иттилооту хабарҳои ягон нафар ва ё расонае медонему мешиносему зуд қабул мекунем. Барои ин бояд, баъзе шахсиятҳоро аз наздик шинохт ва агар имкон бошад, навиштаҳои онҳоро мутолиа намуда, таҳлилу баррасӣ карда, пасон ҳамчун инсони дорои ақл хулосабарорӣ бояд намуд. Дар зиндагӣ ҳар як инсон хато мекунад ва танҳо офаридагор аст, ки бехатову беҳамто мебошад, вале барои ҳар як инсон парвардигор дар баробари додани сифатҳои шунавоӣ, биноӣ, ҳиссиётӣ, инчунин ақл додааст. Ва, албатта, ақли ҳар як инсон дар асоси вақеаҳову падидаҳои ҳаёту зиндагӣ ба дарсу таҷриба табдил гашта, инсони комил мегардад. Бояд ҳар яки мо чунин шахсиятҳои миллиро дар вақти зинда буданашон қадрдонӣ ва эҳтирому эътироф намоем. Чун таҷриба нишон медиҳад, ки мо тоҷикон бештари вақт чунин фарзонагони миллатро аз даст медиҳем, сипас ба қадрдониву эҳтиромгузориву ёдбудии онҳо машғул мешавем.

Хулоса, устод Абдуллоҳи Раҳнамо барои ман ва дар назди ман дар аввал ҳамчун як муаллим, баъдан ҳамчун муаллим, мураббӣ ва сардор ва дар охир ҳамчун як муаллим, мурраббӣ, сардор, устод, дӯсту бародар ва роҳнамо мебошанд. Ман яке аз шогирдони хуби (таъбири худашон) устод барояшон, пеш аз ҳама, саломативу осудагӣ, хушбахтии хонаводагӣ, оромиву амният ва дар охир дуо мекунам, ки тамоми орзуву ниятҳое, ки барои ин ватану миллату давлати Тоҷикистон доранд, ҷомаи амал пӯшанд.

ЗОДРӮЗИ ШАХСИЯТ ВА ФИДОИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК МУБОРАКУ ФАРХУНДА БОД!

Сабти номи хештан дар санги хоро шарт нест,

Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо гирифт.

Бо арзи эҳтиром, шогирди хуби Шумо…

Табассум Азимзода

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button