ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ МАРДИ ШАХСИЯТАШ НОМАЪЛУМ ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНИ БОРКАШ ДАР БОХТАР

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон  аз ҳалокати боз як пиёдагард дар натмҷаи як садама дар шаҳри Бохтар хабар дод.

Бино ба иттилои ин манбаъ, субҳи барвақти 9-уми марти соли 2022, тахминан соати 03:10, ронандаи мошини боркаши тамғаи “ГАЗ-33023”, Ботиров Самиҷон Азамҷонович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Бохтар”, дар назди нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Сорбон”, воқеъ дар шаҳри Бохтар аз равшании чароғҳои мошине, ки аз рӯ ба рӯяш меомад, пеши роҳашро дида натавонистааст ва бо қисмати пеши мошинаш пиёдагарди шахсияташ номаълум, ҷинсаш мард, тахминан 35-40-соларо пахш намуда, ӯро тахминан 10-15 метр дар рӯи замин кашола карда бурдааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад. Мақомоти милитсия ҳамчунин талош доранд, ки шахсияти ҷабрдидаро муайян кунанд.

ВКД Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки рӯзи 7 март дар ду садама ду нафар: як кӯдаки ҳафтсола ва як марди солхӯрда ҷон бохтаанд.

Аз ҷумла шаби 7-уми марти соли 2022, тахминан соати 23:30, ронандаи мошини тамғаи «Тойота Кемри», Ҷаҳонгири Азамҷон, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Раҳимов Раҷабалӣ, соли таваллудаш 1947, сокини шаҳри Ҳисорро пахш намудааст.Дар натиҷа, пиёдагарди 75-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, ҳамон рӯзи 7-уми марти соли 2022, тахминан соати 14:20, ронандаи мошини тамғаи «КАМАЗ-5511», Яқубов Абдулмуъмин Аҳмадович, соли таваллудаш 1981, сокини пойтахт, ҳангоми ҳаракат аз самти маҳаллаи Сомон ба самти маҳаллаи Чимтеппа, дар кӯчаи П.Ханчини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарони ноболиғ, Рашидӣ Муҳаммадҷон Носирзода, соли таваллудаш 2014, сокини маҳаллаи Сомонро пахш намудааст.Мутаассифона, дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш  тифли 7-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Мутаассифона, даҳҳо тан аз қурбониёни ин садамаҳо кӯдаконанд.

Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Вақтҳои охир истифодаи телефонҳои мобил ва дигар васоили электронӣ ҳангоми рондани мошин ба як омили дигари садамазо табдил ёфтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button