ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ МОШИН БА 150 МЕТР ҶАРӢ ЧАППА ШУД: КӮДАКИ ПАНҶСОЛА ҶОН БОХТ, ВАЛЕ 11 КАСИ ДИГАР ЗИНДА МОНД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 9 март дар як садамаи мудҳиш дар кӯҳҳои ноҳияи Панҷ як мошин ба ҷарии чуқуриаш 150 метр чаппа шудааст. Аз 12 узви як оила, ки барои истироҳат ба кӯҳ рафта буданд,  дар натиҷаи ин садама танҳо як кӯдаки панҷсола ба ҳалокат расида, 11 нафари дигари ба таври мӯъҷизавӣ зинда мондаанд.

Рӯзи 9-уми марти соли 2022, тахминан соати 10:20-дақиқа, Ҷангизода Зоирҷони Ҳошим, соли таваллудаш 1994, сокини деҳаи Турдишайхи ноҳияи Панҷ бо ҳамроҳии аҳли оилаашон: Ҷангиева Нилуфар, соли таваллудаш 1996, Шаҳлои Қудратулло, соли таваллудаш 1997, Ҷумъаева Фазилат, соли таваллудаш 1972, Амонзода Ҳақдод, соли таваллудаш 1991, Закияи Зоир, соли таваллудаш 2019, Ҷангизода Наимҷон, соли таваллудаш 2017, Ҳакимова Дилхо, соли таваллудаш 2005, Ёсумани Ҷангизода, соли таваллудаш 2015, Ҷангизода Райҳона, соли таваллудаш 2017, Амонзода Фирӯз, соли таваллудаш 2019 ва Амонов Некрӯз, соли таваллудаш 2017, дар автомашинаи шахсиаш тамғаи “Сангенг-Муссо” нишаста, барои истироҳат намудан ба доманакӯҳи ҷамотаи деҳоти Озодагони ҳамин ноҳия мераванд.
Тахминан соати 14:00, ҳангоми дар болои кӯҳ қарор доштанашон ногаҳон борон меборад, ки дар натиҷа чизу чораҳояшонро ҷамъ карда, ба автомашина савор шуда ҳаракат мекунанд. Вале, аз шиддати борони зиёд автомашина лағжидааст, ки ронанда Ҷангизода З.Ҳ. аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти писта бархӯрда, баъдан ба ҷарии 150 метр сарозер рафтааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Амонов Н. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дигар аъзои оила ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button