ВидеоКоррупсия

ДАР НОҲИЯИ ВАХШ ТАНҲО АЗ ЯК ИДОРА 2,3 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПУЛИ ДАВЛАТРО ДУЗДИДААНД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон  хабар дод, ки кормандонаш дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон тасарруфи беш аз 2 миллиону 341 ҳазор сомонӣ, ё тақрибан 200 ҳазор пули давлатро дар шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии  ин ноҳия  ошкор карда, нисбат ба сармуҳосиб ва ду муҳосиби ин муассиса бо иттиҳоми аз они худ кардани маблағҳо ва сохтакории хидматӣ парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Маркази матбуоти Агентӣ дар шарҳи ин парванда гуфт: “Файзулаев Ҳабибулло Нусратуллоевич дар вазифаи сармуҳосиби шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Вахш кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш дар асоси маслиҳати пешакӣ бо кормандони зертобеи худ-муҳосибони музди маоши шабакаи мазкур Алишеров Исмоилҷон Ҷурахонович ва Ҳалимов Маҳмадюсуф Ибрагимжонович бо истифодаи ваколати мансабдорӣ ба тасарруфи молу мулки ғайри ба ӯ бовар карда супурдашуда ва дар ихтиёраш буда, ба миқдори махсусан калон даст задаанд.  Чунончӣ, номбурдагон дар давраи фаъолияти кориашон бо мақсади азонихуд намудани маблағҳо бо роҳи сохтакорӣ дархостҳо барои музди меҳнат ва ҳаҷми фонди музди меҳнатро дар санади қабули корҳои иҷрошуда барзиёд нишон дода, бо ин роҳ ба давлат ба миқдори махсусан калон ба маблағи 2.341.315,62 сомонӣ зарари моддӣ расонидаанд”.

  Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба Файзулаев Ҳабибулло Нусратуллоевич,  Алишеров Исмоилҷон Ҷурахонович ва Ҳалимов Маҳмадюсуф Ибрагимжонович бо моддаҳои 245, қисмҳои 2, 3, 4 бандҳои “а”, “б”, “г”, ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иттиҳоми аз они худ кардани маблағҳо ва сохтакории хидматӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар пайи анҷоми тафтишот ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ  ин парванда ба додгоҳ ирсол карда шудааст.

Ба сармуҳосиб ва зердастонаш акнун барои сохтакории хидматӣ бар асоси моддаи 323 ҷарима ваё то 2 соли зиндон ва аммо барои азонихудкунӣ бар асоси моддаи 245 ҷарима ваё аз 3 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Назари муттаҳамон ваё вакилону наздикони онҳо ба иттиҳомоти эълоншуда дастрас нест.

Тоҷикистон дар гузоришҳои байналмилалӣ дар қатори кишварҳои аз ҳама фасодзада ном бурда мешавад. Мақомоти Тоҷикистон худашон ҳам коррупсияро як таҳдиди ҷиддӣ ба рушди кишвар ва ҳатто як хатар ба амнияти миллӣ арзёбӣ мекунанд ва барои мубориза бо он ҳанӯз соли 2007 як ниҳоди вижа: Агентии мубориза бо коррупсияро созмон доданд. Вале мунтақидон мегӯянд, муборизаи ҳукумати Тоҷикистон бо коррупсия бо шикори моҳичаҳои хурди дарёи бузурги фасод маҳдуд шуда, мақомот ба наҳангҳои бузурги ин дарё, ки дар раддаҳои болоӣ пуштибон доранд, кор намегиранд. Аксари мансабдорони бо пора ваё барои тасарруфи маблағҳои буҷа бадастафтода ҳам маъмулан бо пардохти ягон ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.

Моддаи 245. Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ

1) Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр, ки ба гунаҳгор бовар карда супурда шудааст ё дар ихтиёри ӯ мебошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1717).

2) Ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

в) бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд;

г) бо истифодаи ваколати мансабдорӣ содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсаду чилу ҳафт то як ҳазору наваду ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1717).

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) ба миқдори калон;

б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору наваду ду то як ҳазору ҳаштсаду бисту чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то чор сол ҷазо дода мешаванд  (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1717).

4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар:

а) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок;

б) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору ҳаштсаду бисту чор то ду ҳазору ҳафсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 07.08.2020 № 1717).

Моддаи 323. Сохтакории хизматӣ

Сохтакории хизматӣ, яъне аз ҷониби шахси мансабдор, ҳамчунин хизматчии давлатӣ ё хизматчии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки шахси мансабдор намебошад, ба асноди расмӣ дидаю дониста дохил намудани маълумотҳои бардурӯғ, ҳамчунин ба асноди зикршуда ворид намудани ислоҳоте, ки мазмуни аслии онро таҳриф мекунад ё дидаю дониста додани ҳуҷҷатҳои бардурӯғ ё қалбакӣ, агар ин кирдор бо мақсади ғаразнок ё дигар манфиатдории шахсӣ содир шуда бошад (ҚҶТ аз 2.01.2018 № 1472),

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422, аз 21.07.2010 № 617).

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button