ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЗАНУ ШАВҲАР БАРОИ ҚАЛЛОБӢ ВА СОКИНИ ПОЙТАХТ – БАРОИ ДУЗДИИ КОМБАЙН

Зани 41-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ  ва шавҳараш, шаҳрванди 50-солаи Афғонистон ба он гумонбар мешаванд, ки моҳи ноябри соли 2021 бо роҳи фиреб  аз як марди 39-солаи сокини пойтахт  74 грамм ҷавоҳироти тиллоиро ба маблағи 37 ҳазор сомонӣ  ва аз як зани 41-солаи сокини пойтахт 600 грамм ҷавоҳироти тиллоиро ба маблағи 23 ҳазор доллар гирифта, то ҳол пулашро надодаанд.

ххххххххххххххх

Марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки  шаби 27 феврал аз маҳаллаи Шайнаки ноҳияи Фирдавсӣ таҷҳизоти комбайни даравгарӣ, арзишаша 15 ҳазор сомониро дуздидаааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 10 марти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба даст афтодани зани қаллоб бо ҳамроҳии шавҳараш

010

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур зани 41-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи ноябри соли 2021 бо ҳамроҳии шавҳараш шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, марди 50-сола, бо роҳи фиреб ба боварии марди 39-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 74 грамм ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро ба маблағи 37 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.
Ҳамин тариқ, онҳо моҳи ноябри соли 2021 бо ҳамин роҳ аз зани 41-солаи сокини пойтахт 600 грамм ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро ба маблағи 23 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.
Вобаста ба ин ҳолатҳо тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани марди 33-сола бо ҷурми дуздӣ

004

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 58-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 27-уми феврали соли 2022, тахминан соати 22:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз маҳаллаи Шайнаки ноҳияи мазкур 1-адад таҷҳизоти даравгарии комбайнро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button