ВидеоМуҳоҷирон

СЕКУНҶАИ ИШҚӢ ВА РАШК: ФАРЗИЯИ АСОСИИ ҚАТЛИ ВАҲШИЁНАИ ДУХТАРИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ (ВИДЕО)

Хадамоти матбуоти Сарраёсати тафтишоти вилояти Ленингради Русия видеои чорабиниҳои тафтишотӣ бо яке аз гумонбаршавандаҳо дар қатли бераҳмонаи духтари 20-солаи зодаи Тоҷикистонро нашр кард. Дар ин сабт як ҷавон (зоҳиран гумонбари асосӣ Қудратуллои Бахтиёр) нишон медиҳад, ки чӣ гуна ба тарафи духтар аз туфангчаи травматикӣ тир холӣ карданд ва сипас ӯро бо як арматура то мурдан латтукӯб карданд. Тавре қаблан хабар додем, ҷасади ин духтари тоҷики ба як сурати ваҳшиёна кушташударо 5 моҳ пеш аз як ҷангал дар наздикии шаҳри Санкт-Петербург пайдо карда буданд.

Рӯзи 6 март дар чорчӯби тафтиши ин парванда се гумонбари асосӣ дастгир шуданд: Ҳусниддини Бахтиёри 27-соларо аз ҷои кораш дар як сохтмон дар кӯчаи Кантемирови шаҳри Петербург ва падари 47-солаи вай  Бахтиёрро, ки алакай шаҳрвандии Русия доштаст, дар кӯчаи Пражская дар шаҳраки Кудрово пайдо кардаанд.  Аммо Қудратуллои 25-сола (ДАР АКС), дӯсти Ҳусниддин, ки дар қатли духтар ба ӯ ёрдам кардааст, дар фурудгоҳи Пулково вақте ба даст афтод, ки мехост Русияро тарк карда, дар Тоҷикистон паноҳ барад.

Нашрияи маҳаллии 47news.ru  бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки бар асоси фарзияи асосии тафтишот, сабаби куштори духтар рашк шудааст.

 “Ҳусниддин фаҳмид, ки дӯстдухтараш бо … падари худи Ҳусниддин ҳам равобити ошиқона барқарор кардааст. Аммо ин ҷавон даъвое бо падараш надошт. Гузашта аз ин, як рӯз баъди куштор падари Ҳусниддин шахсан ба макони куштор дар наздикии деҳаи Мяглово омад, то ба ончӣ ки писараш ба ӯ нақл кард, боварӣ ҳосил кунад”, – хабар медиҳад нашрияи чопи Петербург.

Наздикони духтари кушташуда хабар додаанд, ки ӯ шоми 17 сентябри соли 2021 аз хонаашон дар гулгашти Поликарпови шаҳри Петербург баромада, бо ҳамин бедарак шуд. Ба аҳли хонавода духтар гуфтааст, ки бояд туҳфаеро аз дугонааш бигирад ва баъди чанд дақиқа бармегардад.

Таҳқиқи видеокамераҳои назоратӣ нишон додааст, ки духтар он бегоҳ ба як мошини рангаш сафеди тамғааш Фолксваген Ҷетта”  нишастааст.

Бино ба маълумоти тафтишот, рӯзи 18 сентябри соли 2021  Қудратулло ва Ҳусниддин ин духтарро бо мошини “Фолксваген Ҷетта” ба як ҷангал дар наздикии деҳаи Мягловои ноҳияи Всеволожский бурда, дар заминаи хусумати шахсӣ ба бадани ӯ аз пистолети травматикӣ ду тир холӣ кардаанд ва сипас ӯро бо оҳан то мурдан кӯфтаанд. Мяглово дар канори шоҳроҳи Мурманск, дар фосилаи ҳамагӣ 12 км аз канораҳои ҷанубушарқии шаҳри Санкт-Петербург ҷойгир шудааст.  

Ҷасади духтарро бо аломатҳои яқини марги маҷбурӣ  танҳо баъди ду ҳафта, рӯзи 2 октябри соли 2021 пайдо карданд. Ба пулис як велосипедрон занг зада, хабар дод, ки ду духтари наврас дар ҷангал ҷасади ноҷунбонро дида, аз вай хостаанд, то ба пулис хабар диҳад.

Дар робита ба ин куштор бо бераҳмии махсус парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардан, зеро ташхис нишон дод, ки ҷоғи поёнии духтар шикаста, дар гарданаш осори буғӣ кардан дида мешуд ва чашмонашро канда гирифта буданд. Ҳанӯз маълум нест, ки чашмони духтарро паррандаҳо канда гирифтаанд ё худи қотилон? Зеро боваре ҳаст, ки гӯё пеш аз мурдан чеҳраи охирин касе, ки инсон мебинад, дар чашмонаш абадан нақш мебандад…

Қудратулло. Акс аз 47news

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button