ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

ҶАНГ ДАР УКРАИНА: РӮЗИ 13-УМ: РУСИЯ АЗ ПЕШРАФТҲОИ НАВ ХАБАР ДОД, УКРАИНА – АЗ 12 ҲАЗОР ТАЛАФОТИ АРТИШИ РУСИЯ

ДИҚҚАТ! Тавассути манобеи дигар санҷидани дурустии маълумоти мақомоти ҳарбии Русияву Украина дар бораи талафот  ва пешравиҳояшон дар майдони ҷанг имкон надорад.

Намояндаи расмии вазорати мудофиаи Русия генерал-майор Игор Конашенков  рӯзи 8 март дар брифинг чунин хабар дод:

▪️тайи шабонарӯзи нузашта 158 иншооти низомии Украина ҳадафи ҳамлаҳои нирӯҳои ҳавоиву кайҳонии Русия қарор гирифт;

▪️дар умум аз аввали амалиёт 2482 иншооти ҳарбии Украина аз байн бурда шуд. Аз ҷумла 866 тонку дигар мошинҳои зиреҳпӯш, 91 шабакаи оташандози реактивӣ, 317 тӯпхона ва миномёт, 634 мошини ҳарбӣ, ҳамчунин 81 ҳавопаймои бесарнишин;

▪️Рӯзи 7 март бо силози хеле дурзан фурудгоҳи нирӯҳои ҳавоии Украина Озерное дар минтақаи Житомир аз кор бароварда шуд. Ҳавопаймоҳои ҷангии Русия ду ҳавопаймои МиГ-29  ва як Су-27-и нирӯҳои ҳавоии Украинаро нобуд карданд;

▪️ҳамчунин ду дивизиони шабакаҳои зиддиҳавоии С-300,  3 оташандози сайёри «Бук М-1», 4  нуқтаи фармондеҳӣ, 2 истгоҳи радиолокатсионӣ, 9 анбори аслиҳа ва 11 минтақаи таҷамуъи силоҳу техникаи ҳарбии Украина аз кор бароварда шуд;

▪️Рӯзи 8 март аз соати 10:00 ба вақти Маскав “режими хомӯшӣ” ҷорӣ гардида, роҳравҳои башардӯстона аз Киев, Чернигов, Суми, Харков ва Мариупол кушода мешаванд;

▪️нирӯҳои ЛНР 8 деҳаро ба даст оварда, 9 километр пештар рафтаанд.

Раҳбари ЛНР Леонид Пасечник қаблан гуфт, ҷудоиталабон аксари қаламрави ин минтақаро ишғол карда, шаҳрҳои Северодонетск, Рубежное ва Лисичанскро ба муҳосира гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, Генштаб, ё Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Украина хабар дод, ки аз 24 феврал то поёни 7 март талафоти нирӯҳои Русия дар Украина чунин будаанд:

Талафоти ҷонӣ – беш аз 12 000 нафар,

303 тонк,

1036 мошини зиреҳпӯш,

120 тӯпхона,

56 шабакаи оташандози реактивӣ,

27 шабакаи зиддиҳавоӣ,

48 ҳавопаймо,

80 чархбол,

474 мошини ҳарбӣ,

60 вагони сӯзишворӣ,

7 ҳавопаймои бесарнишин.

@Алексей Куденко/РИА «Новости»

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button