ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

ИН ДИГАР ХЕЛЕ ХАТАРНОК АСТ! СӮХТОР ДАР НИРӮГОҲИ ҲАСТАИИ УКРАИНА БАР АСАРИ ТИРБОРОН (ВИДЕО)

Сӯхтор дар нирӯгоҳи ҳастаии Запрожйе, бузургтарин нирӯгоҳи ҳастаии Аврупоро, ки дар натиҷаи тирборони он аз ҷониби нирӯҳои Русия сар зада буд, фурӯ нишондаанд. Масоҳати сӯхтор 2 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, хушбахтона, касе осеб надидааст. Мақомоти Украина ҳамла ба нирӯгоҳи ҳастаиро таҳдид ба амнияти ҷаҳон номида гуфтанд, ки агар нирӯгоҳ метаркид, ҷаҳон шоҳиди фалокати ба маротиб бузургтар аз садамаи соли 1986 дар нирхгоҳи ҳастаии Чернобил мешуд. Нирӯгоҳи Чернобилро  нирӯҳои Русия ҳанӯз дар рӯзи дуюми ҳамлаашон ба Украина тасарруф карданд.

Дафтари сарвазири Британияи Кабир гуфт, Лондон дар робита ба тирборони нирӯгоҳи ҳастаии Запорожйе ба таври изтирорӣ ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Милалро даъват мекунад. “Амалҳои беақлонаи президент Путин ҳоло ба таври мустақим ба амнияти тамоми Аврупо таҳдид мекунанд “, – гуфта мешавад дар изҳороти дафтари Борис Ҷонсон.

Хадамоти давлатии сӯхторнишонии Украина хабар дод, ки сӯхтор дар нирӯгоҳи ҳаастаии Запорожйеро дар масоҳати 2 ҳазор метри мураббаъ фурӯ нишондаанд.

Бино ба гузориши мақомоти Украина, шаби 4 март нирӯгоҳи ҳастаии Запарожйе дар шаҳри Энергодар ҳадафи ҳамлаи нирӯҳои Русия қарор гирифт. Суӯхтор яке аз энергоблокҳо ва бинои таълимию тамринии нирӯгоҳро фаро гирифтааст. То сотаии сеи субҳ ба вақти Киев аз 6 блоки нирӯгоҳ танҳо якеаш кор мекард. Ин нирӯгоҳ тақрибан нисфи нирӯи барқи Украинаро таъмин мекунад.

Сухангӯи нирӯгоҳ Андрей Туз гуфт: “Хатари воқеии ҳастаӣ дар бузургтарин нирӯгоҳи ҳастаии Аврупро вуҷуд дорад. Энергоблоки якум осеб дидааст ва сӯхторнигонҳо наметавонанд ба сабаби идома тирборон аз сӯи нирӯҳои Русия ба фурӯ нишондани оташ сар кунанд.”

Мудири кулли нирӯгоҳ Игор Мурашов гуфт, амнияти ҳастаӣ дар нирӯгоҳ осеб дидааст. Ӯ гуфт, дар нирӯгоҳ амалан амалиёти ҷангӣ рух дода истодааст.

Дар видеоҳои нашршуда дида мешавад, ки чӣ гуна ба сӯи нирӯгоҳи ҳастаии Запорожйе мушакҳо партоб шуда истодаанд.

Раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар як паёми вижа гуфт: Нирӯгоҳи ҳастаии бузургтарини Аврупо даргирифтааст. Тонкҳои Русия блокҳои ҳастаиро тирборон мекунанд. Ҳама вожаи Чернобилро медонанд. Таркиши он фалокати ҷаҳонӣ шуда буд. Русия мехоҳад онро такрор кунад. Бори аввал дар таърих як кишвар даст ба террори ҳастаӣ зада истодааст.”

Шаҳрдори Энергодар Дмитрий Орлов ҳам навишт: Таҳдид ба амнияти ҷаҳон! Дар натиҷаи тирборони беисти душман нирӯгоҳи ҳастаии Запорожйе даргирифт!”

Вазири хориҷаи Украина Дмитрий Кулеба аз Русия даъват кард, ки тирборонро бас кунад ва дар атрофи нирӯгоҳ минтақаи амн бисозад. Ӯ гуфт, агар нирӯгоҳи ҳастаи битаркад, оқибатҳояш 10 маротиба харобиовартар аз таркиши соли 1986 дар нирӯгоҳи ҳастаии Чернобил хоҳад шуд.

Агентии байналмилалии нирӯи ҳастаӣ (МАГАТЭ) аз ҷонибҳо дахват кард, ки тамоми амалиёти ҷангиро дар атрофи нирӯгоҳи ҳастаӣ бас кунанд.  Ин агентӣ баъди тасарруфи нирӯгоҳи ҳастаии Чернобил аз Русия хоста буд, ки амнияти таҷҳизот ва маводи ҳастаиро дар Украина кафолат диҳад. Украина баъди аз даст додани ин нирӯгоҳи Агентии нирӯи ҳастаиро огоҳ кард, ки дигар уҳдадориҳои худро иҷро карда наметавонад.

Дафтари сарвазири Британияи Кабир гуфт,  Борис Ҷонсон бо президенти Украина суҳбат кардааст ва Лондон дар робита ба тирборони нирӯгоҳи ҳастаии Запорожйе ба таври изтирорӣ ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Милалро даъват мекунад. “Амалҳои беақлонаи президент Путин ҳоло ба таври мустақим ба амнияти тамоми Аврупо таҳдид мекунанд “, – гуфта мешавад дар изҳороти дафтари сарвазир Борис Ҷонсон.

Зеленский пиромуни ҳамла ба нирӯгоҳи ҳастаии Запорожйе ҳамчунин бо президентҳои Амрико, Фаронса, Полша ва садри аъзами Олмон суҳбат кардааст. Кохи Сафед гуфт,  Ҷо Байден ин мавзӯъро бо муовини вазири амнияти ҳастаии Амрико Ҷилл Ҳруби низ матраҳ кардааст. Нирӯҳои Русия ҳанӯз дар рӯзи дуюми ҳамлаашон ба Украина нирӯгоҳи ҳастаии Чернобилро ишғол карданд. Онҳо барои тасарруфи нирӯгоҳи ҳастаии Запорожйе ҳам талош карданд, вале сокинони Энергодар бо сохтани сипари зинда монеи ҳаракати нирӯҳои Русия шуданд. Баъди як ҳафта, тавре

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button