ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

ТОҶИКИСТОН 150 ШАҲРВАНДИ ҚИРҒИЗРО ҶУСТУҶӮ ДОРАД, АЗ ҶУМЛА 19 НАФАРРО – ДАР РУСИЯ

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон бо такя ба сафорати ин кишвар дар Русия хабар дод, ки рӯзи 23 феврали соли 2022 пулиси Маскав бо дархости мақомоти Тоҷикистон шаҳрванди Қирғизистон Замирбек Дӯстматов (Достматов), соли таваллудаш 1981, сокини деҳаи Оқ-Татири ноҳияи бо Тоҷикистон ҳаммарзи Бодкандро дастгир кардааст.  Дӯстматов ба иштирок дар бетартибиҳои рӯзи 22 июни соли 2019  дар марз бо Тоҷикистон айбдор мешавад.

Вале вазорати хориҷаи Қирғизистон мегӯяд, бино ба иттилои дарёфтиаш, ин шаҳрвандаш дар рӯзҳои бетартибиҳое, ки ҷониби Тоҷикистон дар дархосташ зикр кардааст, дар Русия буд.

“Интизор меравад, ки тасдиқи ин факт бо санадҳо сурат бигирад ва сохта будани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шаҳрванди Қирғизистон З.Дӯстматов ва ғайриқонунӣ будани айбномааш исбот шавад”,  – таъкид шудааст дар изҳороти вазорат.

Қаблан Мунарбек Досматов (Мунавварбек Дӯстматов), бародари шаҳрванди дар Маскав дастгиршудаи Қирғизистон дар мусоҳиба бо нашрияи 24.kg  гуфт, Замирбек Дӯстматовро дар арафаи бозгашташ ба Қирғизистон дастгир кардаанд, чунки ӯ ба парвози рӯзи 26 феврал аз Маскав ба Бишкек алакай чипта харида буд. Ӯ низ айбномаи зидди бародарашро беасос номид ва гуфт, ки ӯ аз соли 2017 дар Русия қарор дорад ва ҳеҷ наметавонист 22 июни соли 2019 дар Бодканд бошад ва дар бетартибиҳо дар марз бо Тоҷикистон иштирок кунад.

 “Замирбек моҳи майи соли 2019 аз марзи Қазоқистон убур карда, боз ба Русия баргаштааст ва рӯзи 4 май сабти ном кардааст. Ӯ рӯзи 22 июни он сол ҳеҷ наметавонист дар Бишкек бошад. Ман намедонам, номи ӯ чӣ гуна дар рӯйхатти нафароне, ки аз тарафи Тоҷикистон ҷустуҷӯ карда мешаванд, афтодааст?” — мегӯяд Мунавварбек Дӯстматов.

Соли 2021 дар Русия дастикам 3 шаҳрванди Тоҷикистон бо дархости мақомоти Қирғизистон бо айни иттиҳоми иштирок дар бетартибиҳо дар марз дастгир шуда, чандин муддатро пушти панҷара ба сар бурданд, вале Русия ҳеҷ кадоми онҳоро ба Бишкек насупурд. Ҳамин тавр, сокини Бодканд Эсент Маҷидов  рӯзи 18 апрели соли 2021 дар Нижний Новгород бо дархости мақомоти  Тоҷикистон дастгир гардида, то моҳи январи соли 2022 қариб 8 моҳ пушти панҷара қарор дошт.

Нурлан Ражавалиев. © Sputnik / Табылды Кадырбеков

Дар ҳамин ҳол, вакили парлумони Қирғизистон Нурлан Раҷабалиев, ҳамлагари собиқи тими миллии футболи Қирғизистон, ки худаш ҳам зодаи Бодканд аст, рӯзи 2 март дар ҷаласаи Жогорку Кенеш хабар дод, ки Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба зидди 150 сокини ин вилоят, аз ҷумла чандин мансабдори маҳаллӣ парвандаҳои ҷиноятӣ кушода, онҳоро бо иттиҳоми даст доштан дар бетартибиҳо дар марзи ду кишвар таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст.

“Тавре медонед, рӯзи 23 феврал дар Маскав шаҳрванди Қирғизистон Замирбек Дӯстматов боздошт шуд.  Дар рӯйхатти онҳое, ки аз сӯи Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода шудаанд, номи 19 шаҳрванди Қирғизистон ҳаст. Онҳо ҳоло дар Русиаанд ва аз хонаҳояшон баромада наметавонанд ва намедонанд, барои кумаки ҳуқуқӣ ба кӣ муроҷиат кунанд? Рӯйхатти сиёҳи Тоҷикистон хеле бузургтар аст. Тоҷикистон ба зидди 150 сокини Бодканд парванда кушодааст. Дар байни онҳо раисони деҳаҳо ва ҷамоатҳо низ ҳастанд”, — хабар додааст Нурлан Раҷабалиев.

Мақомоти Тоҷикистон хабари боздошти Замирбек Дӯстматов ва ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноӣ ба зидди 150 сокини Бодкандро ҳанӯз расман шарҳ надодаанд.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун танҳо каме бештар аз 500 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Хунинтарин муноқиша дар ин қисмати марз дар поёни моҳи апрели соли 2021 рӯй дод, ки дар натиҷаи он аз ду тараф 55 нафар кушта ва 240 нафар захмӣ шуданд. Ин хунинтарин муноқиша дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии ҷумҳуриҳои муосири Осиёи Марказӣ дониста мешавад. Он вақт ҷониби Тоҷикистон аз ҳалокати 19 нафар ва ҷароҳат бардоштани 87 каси дигар хабар дод ва ҷониби Қирғизистон  аз ҳалокати 36 нафар ва ҷароҳат бардоштани беш аз 150 тани дигар.

28 январи соли 2022 дар як муноқишаи дигар дар марзи Исфара бо Бодканд ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуда, аз ду тараф 20 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button