МуҳоҷиронҶанг дар Украина

ТОҶИКИСТОН БА САБАБИ ВАЗЪИ УКРАИНА ПАРВОЗҲО БА СЕ ШАҲРИ РУСИЯРО ҚАТЪ КАРДААСТ

Дар агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон рӯзи 28 феврал ба хабаргузории русии РИА Новости гуфтаанд, ки парвозҳо аз Тоҷикистон ба чанд шаҳри Русия ба сабаби вазъи Украина  дастикам то 2 март муваққатан боздошта шудаанд.

Ҳамсуҳбати РИА Новости гуфт: “Бо қарори Росавиатсия фаъолияти 12 фкркдгоҳи воқеъ дар наздикии марз бо Украина муваққатан боздошта шудааст. Аз Тоҷикистон ба се фурудгоҳ ах ин шумор парвозҳои доимӣ анҷом дода мешуд. Ин фурудгоҳҳои Краснодар, Ростови лаби Дон ва Воронеж мебошанд.

Ин намояндаи агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон гуфтааст, ки парвозҳое ба ин се шаҳри Русия банақшагирифташуда шояд ба фурудгоҳҳои ба онҳо наздиктар анҷом дода шаванд.

Ин чораҳои муваққатӣ то 2 март давом мекунанд. Баъди он ҳама чиз аз вазъ вобаста аст, чунки ин чораҳо ба хотири таъмини амнияти парвозҳо ва мусофирон рӯи даст гирифта шудаанд “, – гуфтааст ҳамсуҳбати РИА Новости.

Дар намояндагии ширкати ҳавопайсмоии русии S7,  дар хатсайри Хуҷанд – Воронеж парвоз анҷом медиҳад,  ба РИА Новости гуфтаанд, ки рӯзи 2 март як парвозашон ба Воронеж ба нақша гирифта шудааст ва фурӯши чиптаҳо ба ин парвоз идома дорад.

Ёдовар мешавем, рӯзи 24 феврал нирӯҳои артиши Русия барои гузарондани “амалиёти махсуси ҳарбӣ” аз чанд самт ба қаламрави УКраина ҳамла карданд. Дар бораи дар чанд рӯзи аввали набардҳо байни артишҳои Русия ва Украина кушта шудани садҳо нафар гузоришҳо ба даст мерасанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button