ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ ПИЁДАГАРДИ ҶАВОН ВА ДУЧАРХАРОНИ СОЛХӮРДА ДАР ДУ САДАМАИ МАРГОВАР

Тайи рӯзҳои истироҳат (26 ва 27 феврал) дар натиҷаи ду садама дар Душанбе ва Қаротоғ як ҷавони  24-солаи пиёдагард ва як дучархарони солхӯрда, ки 72 сол дошт, ба ҳалокат расидаанд. Дар садамае, ки дар пойтахт рух дод, боз як зани пиёдагарди 47-сола маҷруҳ шудааст. Дар ин бора дар навори хабарҳои рӯзи 28 февралаш маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон  хабар дод.

Бино ба иттилои ин ниҳод, шоми 26-уми феврали соли 2022, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Каримов Идоятулло Маҳмадраҷабович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди пойтахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: Қодиров Абдузоир Абдулмаҷидович, соли таваллудаш 1998 ва Ҳафизова Меҳриниссо Азизовна, соли таваллудаш 1975, ҳарду сокинони шаҳри Душанберо пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Қодиров А.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин рӯзи 27-уми феврали соли 2022, тахминан соати 15:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Раҳимов Эраҷ Олимҷонович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Турсунзода, ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қаратоғ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон: Ҳайитқулов Шайқул Ҳайитқулович, соли таваллудаш 1950, сокини ноҳияи Шаҳринавро пахш намудааст.
Дар натиҷа дучархарон Ҳайитқулов Ш.Ҳ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.

Соли 2021 аз ҷумла дар  Душанбе дар 242 садамаи нақлиётӣ 33 нафар ҳалок гардида, 254 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Садамаи ахир дар Душанбе дар ҳолест, ки соли 2022 дар пойтахт «Соли танзим ва риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» эълон шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button