ВидеоМуҳоҷирон

10 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ БАРОИ 7 ГРАММ ҲЕРОИН

Додгоҳи вилояти Брянски Русия як шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистонро дар қасди фурӯши 7 грамм ҳероин гунаҳкор шинохт ва ба 10 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Хадамоти матбуоти додситонии вилояти Брянск дар шарҳи ин парванда гуфт, тафтишот ва додгоҳ муайян кард, ки  як нафари номаълум ба ин ҷавони тоҷик дар давраи то 6 августи соли 2021 тавассути мессенҷери “WhatsApp” суроғаи “закладка”, яъне махфигоҳеро фиристодаст, ки дар он ҷо 7 грамму 262 миллиграмм ҳероинро пинҳон карда буданд.

 “Шаҳрванди Тоҷикистон маводи мухаддири бадастовардаашро дар бастаҳои хурдтар ҷобаҷо карда, дар 4 махфигоҳ дар минтақаҳои гуногуни ноҳияи Бежитский пинҳон кард. Вале ӯ қасди фурӯши маводи мухаддирро ба охир нарасонда, аз тарафи пулис дастгир шуд. Маводи мухаддири пинҳонкардаи ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта ва гирифта шуд”, – гуфта мешавад дар иттилиояи додситонии вилояти Брянск.

Ҳукми ин ҷавони тоҷик ҳанӯз ба иҷро надаромадааст.

Пештар, рӯзи 24 феврал, пулиси вилояти Волгогради Русия аз боздошти як ҷавонзану як ҷавонмарди зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми интиқоли 200 грамм маводи мухаддири синтетикии навъи метадон  хабар дод.  Дар иттилоияи пулис гуфта мешуд, ки “кормандони пулис дар посгоҳи ДПС дар ноҳияи Городишенский як мошини рангаш сафедро, ки аз сӯи як зани 31-солаи шаҳрванди Тоҷикистон идора мешуд, манъ карданд. Ҳангоми кофтукоб аз як марди 34-солаи шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ин мошин ба ҳайси мусофир сафар мекард, бастаҳои пур аз хокаи шубҳабарангезро пайдо карданд. Ташхис нишон дод, ки ӯ бо худ 200 грамм маводи мухаддир и навъи метадон доштааст. Муайян карда шуд, ки зану марди боздоштшуда вазифаи курер, яъне расонандаи борро иҷро мекарданд ва барои фурӯши ин маводи мухаддир ба шаҳри Волгоград раҳсипор буданд.”

Нисбат ба ин зану мард бар асоси қисми сеюми моддаи 30 ва қисми панҷуми моддаи 228.1 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми қасди қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир ба миқдори махсусан бузург парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Қисми панҷуми моддаи 228.1 барои қочоқбарони маводи мухаддир сахттарин ҷазоҳо: аз 15 то 20 соли зиндон ва ҳатто зиндони умрбодро пешбинӣ мекунад.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1425 километр марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” табдил ёфтааст. Як қисми аъзами ин маводи мухаддир аз ҷониби қочоқбарон бо истифода аз қаламрави Ӯзбекистон ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русия ва Қазоқистон, интиқол дода мешавад.

Дар ҳоли ҳозир беш аз 7 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон  дар Русия дар маҳбас ё боздоштгоҳҳо дар паси панҷара қарор доранд. Бино ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ, тақрибан чоряки онҳо бо иттиҳомоти марбут ба қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button