ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

ПАЛАНГИ БАРФӢ 20 САР ЧОРВОИ ХУРДИ СОКИНИ БАДАХШОНРО ДАРРОНДААСТ

Субҳи 23  феврали соли 2022, тахминан соати 07:30 як паланги барфӣ дар оғили як сокини ҷамоати Барвози ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ворид шуда, ба чорвои дохили он ҳамла кардааст. Ин дарранда 20 сар чорвои хурдро даронд ва як сар чорвои калонро захмиву маъюб кардааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар сомонааш хабар дод.

Ёдовар мешавем, ки дар поёни моҳи октябри соли 2021 як паланги барфӣ (барс, ирбис) ба оғили як сокини ҷамоати Зонги ноҳияи Ишкоми ҳамла карда, 31 сар чорворои хурдро нобуд карда, 2 сар чорвои калон ва 8 сар чорвои хурдро захмӣ карда буд.

ПАЛАНГИ БАРФӢ (номи илмиаш Panthera uncia) як гуна аз ҷумлаи ҳайвонҳои гурбамонанд аст, ки дар кӯҳҳои Осиёи Марказӣ ва ҷануби Осиё зиндагонӣ мекунад. Дар кулли кишварҳое, ки ин паланг ҳаёт ба сар мебаранд, чун ҳайвони дар ҳоли нобудиву инқироз ба Китоби Сурх шомил карда шудааст, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ. Тахмин мезананд, ки шояд ҳамагӣ 10 ҳазор паланги барфии болиғ дар саросари олам боқӣ монда бошад. Аксари ин гунаи ҳайвон ба сабаби шикор, нобуд шудани маҳалли зисташон ва танг шудани майдони будубошашон ба нобудӣ расидаанд.

Палангҳои барфӣ аз дигар намуди ҳайвонҳои палангмонанд ба ҷусса хурдтаранд. Пӯсти онҳо сафед, зард ва моил ба хокистарӣ аст ва ин ҷонварон дорои холҳои тираранги рӯи пӯст ва ду тарафи бадани худ ҳастанд.  Шиками ин ҷонварон сафед аст ва чашмонашон сабзи камранг ё хокистарист, мӯҳои бадани ин ҷонвар сахту анбӯҳ аст ва дар нуқоти мухталифи бадан байни 5 то 12 сантиметр  тӯл дорад. Дарозии бадани паланги барфӣ аз сар то дум 75 то 150 сантиметр ва тӯли думи он 80 то 105 сантиметр аст.

Дар гузашта ҳам аз ҳамлаи паланги барфӣ дар ноҳияҳои кӯҳистони Бадахшон хабарҳо паҳн шуда буданд.

 Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи чорво аз ҳамлаи ҳайвоноти даранда ба таваҷҷӯҳи сокинони деҳоти муқими ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии ҷумҳурӣ тавсияҳои зеринро пешниҳод менамояд:

– чорвочаронӣ бояд танҳо рӯзона, вақте ҳаво рушан аст, мумкин мебошад ва он ҳам бо чӯпон, ки бо худ ашёи тарсонандаи ҳайвоноти ваҳширо дорад. Шабона ҳавонот бояд дар маконҳои амн нигаҳдорӣ шаванд;

– фермаҳо ва молхонаҳое, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ берун аз қаламрави деҳа сохта шудаанд, бояд гирдогирд бо тур печонида шуда бошанд ва ё атрофашон девор гиронда шуда бошанд ва баландии ин девор на камтар аз 2,5 метр бошад.  Девор бояд ҳайвонҳоро аз вуруди паланги барфӣ ё хирс боэътимод муҳофизат кунад. Ба бошгоҳҳои тобистонии чорво диққати махсус додан лозим аст — онҳо бояд бо деворҳо мустаҳкам карда, шабона посбонй карда шаванд. Истифодаи усулҳои тарсонданн паланги барфй ба мақсад мувофиқ аст;

– ҳама ҷасади ҳайвонҳое, ки мавриди ҳамлаи паланги барфӣ ё ҳар ҷонвари дарандаи дигар қарор гирифтаанд, бояд сӯзонида нобуд карда шаванд;

– дар кулбаи шикорчӣ, бошгоҳҳои тобистона ва оғилхонаҳо сагҳо бояд ҳатман бошанд, вале онҳо бояд аз ҳамлаи паланги барфӣ ҳифз карда шаванд. Аз ин рӯ, барои саг паногоҳи вижа бояд сохт, масалан зери хонаву молхона ягон вурудгоҳи хеле танге, ки ба ҷуз саг ҳайвони дигар натавонад вориди он шавад. 

Ғайр аз ин бояд қаламрави хонаҳои шахсӣ дар маҳалҳои буду боши паланги барфӣ, бахусус дар канори деҳаҳо бо тур ва ё деворҳои баландиашон на камтар аз 2,5 метр ҳифзозат карда шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button