ВидеоТаърихЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ КАЛЕМУЛЛО ҚОДИРОВ, ПАРЧАМБАРДОРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН, ДАР ШАҲРИ НЮ-ЙОРКИ АМРИКО

Қалби Калемулло Қодиров, ходими давлатию ҷамъиятӣ, иштирокчии иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон,  рӯзи 15 феврал дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Мутаҳҳидаи Амрико аз тапидан боз монд. Дар ин бора дар Фейсбук ҷияни марҳум журналист Шервони Умриддин  хабар дод.

Калемулло Қодиров 83 сол дошт.  Ӯ баъд аз баромадан ба нафақа ҳамроҳи фарзандону наберагонаш дар Ню-Йорки даврони пирӣ меронд. Калемулло Қодиров нафарест, ки соли 1992 ҳангоми қасам ёд кардани Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Арбоб парчами Тоҷикистонро бардошта буд.

Калемулло Қодиров 20-уми сентябри соли 1939 дар деҳаи Ғӯйтани шаҳри Панҷакент дар оилаи деҳқон ба дунё омада, соли 1962 риштаи таъриху филологияи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо хатм кардааст. Ӯ солҳои 1962-1982 ба ҳайси муҳаррири шӯъбаи сиёсии Нашриёти давлатии Тоҷикистон, инструктори Комитети Марказии ЛКСМ Тоҷикистон, инструктори Комитети ҳизбии ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе, сардори инспексияи давлатии Вазорати маданияти Тоҷикистон, муовини раиси Ҷамъияти муҳофизати ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон кор карда, солҳои 1982-1985 котиби дуюми Сафорати ИҶШС дар Афғонистон буд.

Калемулло Қодиров аз соли 1985 то 2002 дар  парлумони Тоҷикистон ба ҳайси инструктори калони шӯъбаи ташкилии Раёсати Шӯрои Олӣ ва сармутахассиси шӯъбаи ташкилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Калемулло Қодиров дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ, ки дар поёни соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд доир шуд, дар маросими адои савганди ҳукумати  Эмомалӣ Раҳмон Парчами Тоҷикистонро бардошт шуд. Ин парчами таърихиро ӯ тӯли 15 сол бо худ нигоҳ доштаву дар 15-солагии Иҷлосияи XVI-ум ба президент Эмомалӣ Раҳмон тӯҳфа кард. Бо дастури Эмомалӣ Раҳмон ин парчами таърихӣ дар Осорхонаи Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд нигоҳ дошта мешавад.

Хизматҳои Калемулло Қодировро дар замони СССР ва баъд бо чандин медалу ифтихорномаҳои қадрдонӣ кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button