ВидеоМуҳоҷирон

СОКИНИ НОРАК РУСТАМ САФАРОВ ДАР РУСИЯ ГУМ ШУДААСТ. БАРОИ ЁФТАНАШ КУМАК КУНЕД!

LizaAlert, бузургтарин пойгоҳи ҷустуҷӯи одамони гумгуда дар Русия ба ҷустуҷӯи сокини 57-солаи шаҳри Нораки Тоҷикистон Сафаров Рустам Меликович, санаи таваллудаш 08.04.1964  шурӯъ кардааст.

Дар эълони нашркардаи ин ҳаракат гуфта мешавад, ки Рустам Сафаров дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор дошт ва дар маҷмааи бӯстонсаройҳо ё дачаҳои ДНП «Раменские дали» дар ҳавзаи шаҳри Раменскоеи вилояти Маскав зиндагӣ мекард. Рустам Сафаров аз 7 январи соли 2022 ба ин тараф бедарак шудааст ва дар бораи куҷо буданаш ягон маълумот нест.

LizaAlert аломатҳои Рустам Сафаровро низ нашр кардааст:

Аломатҳо: қадаш 167 см, лоғарҷусса, мӯйсараш сафеди ҷо-ҷо мӯяш кам шудааст, чашмонаш сиёҳ.

Либос: эҳтимолан, курткаи сиёҳ, толстовкаи хокистарранг ва кафши малла дошт.

Дар гуруҳи ТАДЖИКИ В МОСКВЕ ТМ &1 в России   дар Фейсбук бо истинод ба як ҷияни Рустам Сафаров бархе ҷузъиёти дигари гум шудани ин муҳоҷири тоҷикро нашр кардаанд. Ба гуфтаи ҷиянаш, Рустам Сафаров дар дачаи №314 дар деҳаи Аргуновои ноҳияи Раменское зиндагӣ мекард.

“7-уми январи соли 2022. Ӯ бори охир бо ҳамсар ва набераҳояш соати 21:35  бо телефон суҳбат кард ва гуфт, ба наздаш дӯстонаш аз Панҷакент омадаанд ва онҳо шашлик пухта истодаанд. Ӯ ба ҳамсараш ваъда дод, ки хона даромада, ба корташ пул мегузаронад. Ҳамсараш баъдан чанд бор занг зад, вале телефони Рустам Сафаров дигар кор намекард. Ба гуфтаи ҳамсояҳо, он шаб меҳмонон занозанӣ кардаанд. Азбаски онҳо ба тоҷикӣ суҳбат мекарданд, ҳамсояҳо гуфта натавонистанд, ки сабаби ҷанҷолаш чӣ буд? Баъди ин амакам гум шуд …” – нақл кардааст ҷияни Рустам Сафаров.

Агар Шумо дар бораи куҷо будани Рустам Сафаров  маълумоте доред ваё баъди 7 январ ӯро дар ягонҷо  дида бошед, хоҳиш мекунем, бо телефони ҳаракати LizaAlert: (8) 800 700 54 52 ваё бо телефони: 112 тамос бигиред. Ваё ба ҷияни худи Рустам Сафаров дар Фейсбук ба ин суроға бинависед: https://www.facebook.com/profile.php?id=100027579043624

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button