ВидеоМуҳоҷиронФарҳанг

СИТОРАИ СЕРИАЛҲОИ РУСӢ ҶАВОНИ ТОҶИКРО АЙБДОР КАРД, КИ БА РӮЯШ ОБИ ҶӮШ ПОШИДААСТ. ВАЛЕ ТАБИБОН ДАР БАДАНИ ВАЛЕРИЙ НИКОЛАЕВ ЯГОН ЗАХМ НАЁФТАНД

Ҳунарпешаи шинохтаи рус Валерий Николаев ҷавони 27-солаи тоҷик Шаҳриёр Бековро айбдор кард, ки гӯё ба рӯи ин ситораи сериали дар вақташ машҳури “Зодрӯзи Буржуй” оби ҷӯш рехтааст. Вале маълем шуд, ки ин иттиҳом меваи тахайюли маризи ин ҳунарманд будааст.

Telegram-канали “112”, ки субҳи 14 феврал дар бораи муноқишаи Валерий Николаев бо ҷавони тоҷик дар боздоштгоҳ хабар дода буд, баъдан иловатан хабар дод, ки ҳунарпешаро дар бемористони бемориҳои рӯҳӣ бистарӣ кардаанд ва дар ин бемористон «табибон ташхис кардаанд, ки мағзи ҳунапеша мариз буда, ӯ гирифтори  “ихтилоли дуқутбӣ”(биполярное расстройство) шудааст. Ӯ дар боздоштгоҳ рафтори номутаносиб нишон медод. Николаев аз ҷумла иддао дошт, ки як ҳамҳуҷрааш ба рӯи вай оби ҷӯш пошидааст, вале табибон дар бадани ҳунарпеша ягон осори захм пайдо накарданд”.

Telegram-канали “112”  қаблан хабар дода буд, ки Валерий Николаев ба далели бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ ва дар ҳолати мастӣ рондани мошин ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуда буд. Шоми 11 феврал баъди хӯроки шом дар боздоштгоҳ ӯ гӯё бо Шаҳриёр Беков ном ҷавони 27-сола аз Тоҷикистон муноқиша кардааст ва Беков гӯё ним литр оби ҷӯшомадаро ба рӯи Николаев рехтааст. Николаев баъди ин муноқиша гӯё ба пулис шикоят навишта, дар он гуфтааст, ки ҳарчанд талош кард, то бо дастонаш рӯяшро муҳофизат кунад, вале осеби ҷиддӣ бардошт ва 40 фоизи баданаш дар қисмати рӯй, дастон ва сари синааш сӯхтааст.

Баъдан расонаҳои дигар хабар доданд, ки Валерий Николаев ҳамчун товон аз ҷавони тоҷик 20 миллион рубл (муодили 260 ҳазор доллари Амрико) талаб дорад – 10 миллион рубл барои иваз кардани пӯсти рӯяш ва 10 миллиони дигар ҳамчун товони маънавӣ.

Вале ин иттиҳом дурӯғ баромад. Аҷаб он аст, ки матбуоти Русия қариб ҳама хабари ба рӯи ҳунарпешаи рус оби ҷӯшомадаро рехтани ҷавони тоҷикро нашр карданд, вале хабари дар баданаш пайдо накардани ягон изи сӯхтагиро гӯё “надиданд”.

Ҳанӯз маълум нест, ки Шаҳриёр Беков бо чӣ иттиҳоме дар боздошт қарор дорад?

Валерий Николаев 23 августи соли 1965 ба дунё омада, нақши аз ҳама машҳураш нақши Буржуй дар сериали “Зодрӯзи Буржуй” аст, ки ҳанӯз дар поёни солҳои 90 ва ибтидои солҳои 2000-ум офарида буд. Солҳои охир Николаев шуҳрати қаблиашро батадриҷ аз даст дод ва ба ин далел дучори рӯҳафтодагӣ шуда, торафт бештар рӯ ба машрубот меовард.

Ӯ қаблан, дар соли 2016 ба он айбдор шуда буд, ки дар ҳолати мастӣ ба корманди ГИБДД (пулиси роҳ) ҳамла кардаанд. Он вақт ҳунарпешаро аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум карда буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button