ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

ЧАНД ТАРМАИ ПАИҲАМ РОҲҲОРО ДАР ИШКОШИМУ ШУҒНОН ВА КАНОРИ ХОРУҒ БАСТ

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, рӯзи 13-уми феврал, соати 16:30 дар километри 31-32 роҳи автомобилгарди Хоруғ-Ишкошим дар мавзеъи Баржири ҷамоати деҳоти А.Замирови ноҳияи Ишкошим ва километрҳои 51-52 ум мавзеи Бижури Ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим тарма фаромада, роҳи нақлиётро пурра баст.

Барои  тоза намудани роҳ аз тарафи идораи нигоҳубини роҳҳои ноҳияи Ишкошим як булдозери ДТ-75 сафарбар гардида, тахминан соатҳои 21:34 роҳи баста даркилометрҳои 51-52 ум дар мавзеи Бижур ба пуррагӣ боз шуд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  рӯзи 14 феврал дар як иттилоия гуфт, корҳои бартарафсозии паёмадҳои тарма дар километри 31-32 мавзеи Баржири Ҷамоати деҳоти А.Замирови ноҳияи Ишкошим идома дошта, айни ҳол роҳ баста мебошад. 

Ҳамчунин боз ҳам рӯзи 13-уми феврали соли 2022, соати 16:55, дар километри 8-уми роҳи дорои аҳамияти маҳаллии Хоруғ-Ишкошим,  дар мавзеъи Ниводаки шаҳри Хоруғ, дар километрҳои 18-24 уми деҳи Пиши Ҷамоати деҳоти Г.Шаҳбозов ва тахминан соатҳои 18:00 дар километрҳои 30-уми роҳ дар деҳаи Нишуспи ҷамоати деҳоти Г.Шаҳбозов тарма фаромада, роҳро муваққатан баст.

Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада  аз ҷониби идораи нигоҳубини роҳҳои ноҳияи Шуғнон як техникаи муҳандисӣ: боркунаки фронталӣ сафарбар гардида, соати 18:32 дар километри 8-ум, соати 20:40 дар километрҳои 18-24 ум ва соати 22:40 дар километри 30-юм роҳ боз шуд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ҳоло равуои нақлиёт ба ду самт ба роҳ монда шудаву монеае нест.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз сокинон хостааст, ки ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳистон эҳтиёт кунанд. Гуфта мешавад, баъди боришоти рӯзҳои охир гармшавии  ҳаво боис шудааст, ки хавфи лағзиши тармаву резиши санг бештар шавад.

“Аз ин рӯ, хуб мебуд, муваққатан аз сафарҳои бидуни зарурат худдорӣ шавад. Ҳамчунин рафтан ба доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум низ метавонад хатар дошта бошад. Бачаҳоро беназорат нагузоред, ҳамчунин иҷозат надиҳед, ки бе роҳбаладии калонсолон  кӯҳу пушта раванд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button