ВарзишВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

ПАРВАНДАИ ЧОРШАНБЕ ЧОРШАНБИЕВРО БА ДОДГОҲИ НОҲИЯИ СОМОНӢ ФИРИСТОДААНД

Манобеи огоҳ аз рафти тафтиши парвандаи Чоршанбе Чоршанбиев, варзишгари поп-ММА аз вилояти Бадахшон ба Радиои Озодӣ хабар додаанд, ки тафтиши пешакии ин парвандаи пурсарусадо алакай ба анҷом расонда шуда, парванда барои баррасӣ ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фиристода шудааст. Дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ тасдиқ кардаанд, ки парвандаи Чоршанбиев ба дасти онҳо расидааст. Масъулони додгоҳ гуфтанд, дар бораи оғози мурофиа ба вакилони мудофеъ ва пайвандони варзишгар хабар хоҳанд дод.

Ба гуфтаи ин манобеъ, аз ҷумла пайвандони варзишгар ва масъулони Эътилофи зидди шиканҷа, ки адвокатҳои ҳамин созмон аз ҳуқуқи Чоршанбиев ҳимоя мекунанд, тафтишот иттиҳоми барангехтани кинаю адовати миллӣ ва маҳалгароиро аз айбномаи зидди Чоршанбиев бардоштааст ва ҳоло  варзишгар танҳо ба даъватҳои оммавӣ ба тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон айбдор мешавад. Худи Чоршанбе Чоршанбиев ва наздиконаш ин иттиҳомро рад мекунанд. Бар асоси моддаи 307 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба варзишгар аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

“Дар кирдорҳои Чоршанбе он аломатҳои ҷиноят ҷой надорад, ки ба барангехтани хусумати нажодӣ, миллӣ, минтақавӣ, динӣ, паст задани шаъну эътибори нажодӣ ё минтақавӣ оварда расонда бошад. Аз ин рӯ, моддаи 189 аз парвандаи ӯ бардошта шуд,” – гуфтааст як манбаи огоҳ аз парванда. Ба қавли ӯ, парвандаи Чоршанбиев асосан бар пояи видеоест, ки ӯ дар он дар вокуниш ба ҳалокати Гулбиддин Зиёбеков ва чанд сокини дигари Бадахшон дар ҳодисаҳои моҳи ноябри соли 2021 мегӯяд, “бояд бар зидди беадолатӣ эътироз карда, ҳамаи афроде, ки дар марги мардуми бегуноҳ даст доранд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.”

Ҳамсуҳбати Озодӣ гуфтааст, мақомот ин суханони варзишгарро  “ҳамчун як далели даъват ба сарнагунии ҳокимият” арзёбӣ кардаанд. “Додгоҳ бояд инро муайян кунад, ки оё ҳарфҳои Чоршанбе Чоршанбиев даъват ба сарнагунии ҳокимият аст ё не,” – афзудааст вай.

Чоршанбе Чоршанбиев 26 сол дошта,  зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва  яке аз ситораҳои варзиши поп-ММА, як навъи ҷангҳои бидуни қоида аст, ки солҳои охир дар Русия зиндагӣ ва ҳунарнамоӣ мекард. Рӯзи 3 декабр, ҳамагӣ чанд рӯз баъди изҳори назараш дар бораи ҳодисаҳои Бадахшон, Чоршанбе Чоршанбиев  дар Маскав аз ҷониби кормандони ГИБДД (собиқ ГАИ) бо иттиҳоми дар тобистони соли гузашта бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ ва суғуртаи ОСАГО бо суръати баланд рондани мошин боздошт шуд.  Додгоҳи ноҳияи Останкино билофосила ҳукми ихроҷи ӯро баровард ва Чоршанбиевро алакай рӯзи 30 декабр ба Душанбе фиристоданд. Мақомоти Тоҷикистон баъди чанд соат хабар доданд, ки ӯро рост дар фурудгоҳи Душанбе дастгир  ва барангехтани кинаю адоват ва даъват ба тағйири сохти давлатдорӣ айбдор карданд. Вале Вале ӯ ин иттиҳомро рад карда, гуфтааст: “Ман ягон мақсади даъват ба ғасби базӯрии ҳукумат надоштам. Ман  танҳо ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкоронро талаб карда будам.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button