ВидеоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК БО САНАДҲОИ ҚИРҒИЗИИ ҚАЛБАКӢ ДАР РУСИЯ (ВИДЕО)

Хадамоти матбуоти раёсати корҳои дохилии вилояти Тюмени Русия  рӯзи 11 феврал дар як гузориши видеоӣ аз боздошти як ҷавони тоҷик бо санадҳои қалбакӣ хабар дод.

Бино ба ин  манбаъ, кормандони бахши тафтиши муҳоҷирони пулиси вилояти Тюмен як шаҳрванди хориҷиро барои тафтиши санадҳояш манъ кардаанд. Ӯ ба кормандони пулис шиноснома ва ҳуҷҷати ронандагии шаҳрванди Қирғизистонро нишон додааст. Вале кормандони пулис ба ҳақиқӣ будани ин санадҳо шубҳа карда, онҳоро барои ташхис фиристодаанд. Ташхис нишон додааст, ки ҳам шиноснома ва ҳам ҳуҷҷати ронандагӣ қалбакианд.

Дар рафти бозпурсӣ ҷавони дастгиршуда эътироф кардааст, ки дар асл зодаи Тоҷикистон аст ва соли 1999 ба дунё омадааст. Ӯ гуфтааст,  ҳуҷҷатҳои қирғизиро, ки дар онҳо синни ин ҷавон 8 сол баландтар нишон дода шудааст, тавассути як сомонаи эълонҳо дар Интернет  бо нархи 5 ҳазор рубл харидааст.

Ҳоло ба зидди вай бар асоси қисми сеюми моддаи 327 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми харидорӣ ва истифодаи санадҳои қалбакӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.  Ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ваё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати адо 2 сол вай аз 3 то 6 моҳи ҳабс бо ихроҷи минбаъда аз қаламрави Русия таҳдид мекунад.

Пулиси Тюмен гуфт, тафтишот бояд ҳамчунин маълум кунад, ки чаро ин ҷавони зодаи Тоҷикистон мехост аз асноди қалбакӣ истифода кунад?  Маъмулан одамон дар сурати таҳти ҷустуҷӯ ваё ягон таҳдиди дигар қарор доштанашон дар пайи ба даст овардани ҳуҷҷатҳои нав мешаванд. Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ҳамчунин дар сурати ба рӯйхатти сиёҳи афроди мамнӯъулвуруд афтодану аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шуданашон ному насаби худро дигар карда, боз барои мардикорӣ ба ин кишвар мераванд.

Пулиси Тюмен гуфт, ҷавони тоҷикро дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи шаҳрвандони хориҷие, ки бояд аз Русия ихроҷ шаванд, ҷой кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button