ВидеоНуқтаи назарРӯйдодҳои БадахшонҶомеа

БОҚИР БУД Ё НАБУД? БАҲСҲО ДАР АТРОФИ ВИДЕОИ ЛАТТУКӮБИ САРДОРИ МАОРИФИ БАДАХШОН (ВИДЕО+AKC)

Нашри сабти видеокамераҳои назоратӣ, ки ба иддаои мақомот, дар он лаҳзаи латтукӯби сардори идораи маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  Лутфулло Наврӯзов аз ҷониби Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз лидерони ғайрирасмии Бадахшон сабт шудааст, дар ҷомиа вокунишҳои гуногунро ба вуҷуд овардааст.

Як гуруҳ аз Мамадбоқиров мазаммат мекунанд, ки қасам мехӯрд, ки раиси маорифро назадааст, вале ин видео нишон дод, ки ӯ дурӯғ мегуфтааст.  Ин сабт ва муроҷиатномаи Наврӯз як бахши зодагони ноҳияи Ванҷро ҳам нисбат ба лидерони ғайрирасмии Бадахшон дилсард кард.

Аммо тарафдорони Мамадбоқиров мутмаинанд, ки ин видео дасткорӣ ва ҳатто саҳнасозӣ шудааст ва дар асл нафаре, ки шоми 29 январ ба бинои идораи маориф даромада, сардори идораи маорифро задааст, Боқир нест.

Дар аксҳои муқоисавие, ки корбарон аз ин видео бардоштаанд, чанд ҳолати зиддунақиз ба мушоҳида мерасад. Дар навор соати латтукӯб шоми 29 январи соли 2022, соати 18:21 нишон дода шудааст. Чор дақиқа аз он пеш, тавре дар сабт мебинем, як нафар дар рӯ ниқоб вориди бино мешавад. Аммо тавре корбарон мушоҳида карданд, ӯ ба зоҳир назар ба Боқири зери синни 60 хеле ҷавонтар буда, дар танаш курткаи камуфляжи ҳарбӣ дорад ва ранги шимаш низ дигар аст. Аммо дар ҷои дигар Боқирро мебинем, ки дар тан либоси мулкӣ дорад ва курткааш ҳам ҳарбӣ нест ва ранги шимаш низ аз он нафари аввал фарқ мекунад.

Ба фарқ аз ин ду нафар, навори худи лаҳзаи латтукӯб  сиёҳу сафед аст ва аз он мушкил аст муайян кардан, ки зананда кист?

Аммо додситонии вилояти Бадахшон гуфт, дар ин навор Мамадбоқиров ҳангоми латтукӯби Наврӯзов сабт шудааст ва дар пайи шикояти ҷабрдида ба зидди Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров бар асоси 4 банди Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми:

“истифодаи зӯр нисбати намояндаи ҳокимият”;

“таҳқири намояндаи ҳокимият”;

“вайрон кардани дахлнопазирии мардум”;

“барангехтани кинаву адовати маҳалгароӣ”

 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.  Додситони вилоят Парвиз Орифзода гуфт, ҳодиса рӯзи 29-уми январи имсол рӯй додааст, вале Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров “аз даъвати мақомоти тафтишот саркашӣ карда, барои бозпурсӣ ҳозир нашуд.”

Лутфулло Наврӯзов рӯзи 31 январ дар як муроҷиати видеоӣ, ки низ дар ТВ “Бадахшон” нашр шуд, гуфт, ки гӯё Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз лидерҳои ғайрирасмии вилоят ӯро дар манзили зисташ латтукӯб ва таҳқир карда, маҷбур кардааст, ки онҷоро тарк кунад. “Ман маҷбур шудам, ки аз бино ва аз маҳаллаи Хоруғи Боло баромада равам,” — гуфта буд ӯ. Маҳмадбоқиров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин иддаои сардори Идораи морифро рад кард ва гуфт, бо муаллим танҳо як “сӯҳбати падарона” анҷом дод, вале “муаллимро назадааст”.

Мамадбоқир Мамадбоқиров, афсари собиқи қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон, яке аз пурнуфузтарин лидерони ғайрирасмии Бадахшон ба шумор меравад. Ӯ дар маҳаллаи Бархоруғ зиндагӣ мекунад ва гуруҳҳои асосии тарафдоронаш низ дар ҳаминҷост. Ҳанӯз то ҳодисаҳои ахир, рӯзи 14 октябри соли 2021 Мамадбоқиров дар яке аз посгоҳҳои шаҳри Хоруғ боздошт шуда буд, вале тарафдоронаш ба онҷо расида, ӯро халос карданд. Гуфта мешуд, ки дар ҷараёни муноқишаи тарафдорони ӯ бо мақомот як афсари милисаро бо табар захмӣ кардаанд. Вале он вақт тарафдоронаш тавонистанд монеи боздошти Боқир шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Назари мо хамин аст, ки он зананда Бокир нест. Ин як афсонахои амният аст. Барои боз як шермарди миллата аз байн бурдан.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button