
Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, овозхони шинохтаи таронаҳои тоҷикию ӯзбекӣ Ӯрунбек Ҳамдамов рӯзи 2 феврал дар синни 76 аз олам чашм пӯшид. Маросими ҷаноза ва дафни ҳунарманд дар зодгоҳаш, ҷамоати Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов доир шудааст.
Ӯрунбек Ҳамдамов 18 марти соли 1946 дар деҳаи Ӯзбек-қишлоқ (ҳоло – Сомониён) –и ноҳияи Пролетра (ҳоло – Ҷаббор Расулов) ба дунё омадааст.Ӯ Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод (ҳоло – Донишгоҳи давлатии Хуҷанд) –ро хатм карда, ҳама умри худро сарфи мусиқӣ кард.
Ӯрунбек Ҳамдамов дар даврони Шӯравӣ бо иҷрои бахусус таронаҳои тоҷикию узбекӣ бо сабки классикӣ маъруфият ба даст овард. Бисёре аз таронаҳои ӯ ба фонди тиллоии мусиқии миллии асри 20 шомил гардидаанд.
Писараш Камолиддин Ҳамдамов низ пешаи падарро пеш гирифт ва ҳоло яке аз овозхонҳои матраҳ дар шимоли Тоҷикистон ба шумор меравад. Камолиддин низ мисли падараш ҳам ба тоҷикӣ ва ҳам ба ӯзбекӣ тарона мехонад.