ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

НАҶОТИ ЯК ҶАВОНЗАН АЗ ҚАСДИ ХУДКУШӢ ДАР ХУҶАНД

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон зани ҷавонеро, ки мехост худкушӣ кунад, наҷот додаанд. Ин ҳодиса 30-уми январи соли 2022, соати 15:30 дар соҳили дарёи Сир, дар шаҳри Хуҷанд рух додааст. Шоҳидон ба идораи ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд хабар додаанд, ки як зани 33-сола бо қасди худкушӣ худро аз болои пул ба дарё партофтааст.

 Имдодгарон сари вақт ба ҷойи ҳодиса расида, ҷавонзанро аз об ба соҳил бароварданд ва кумакҳои аввалияи тиббиро расонданд. Вале баъдан вай пешниҳоди бистарӣ карданаш дар беморхонаро рад кардааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои қасди худкушии ин сокини Хуҷандро тафтиш мекунанд.

Ҳарсол дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати худкушӣ ё қасди худкушӣ сабт мешавад. Беш аз нисфи онҳоеро, ки ба ҷони худ қасд мекунанд, занону духтарон ташкил медиҳанд. Муноқишаҳои оилавӣ, камбудиҳои рӯзгор, афсурдагӣ, ноумедӣ ва хушунат дар оила аз сабабҳои умдаи худкушии занону духтарони тоҷик ном бурда мешаванд.

Вале ҳолатҳои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашондани шавҳарон ва дигар аъзои оила бо ҷурми ба худкушӣ расондан дар кишвар то ҳол ками дар кам аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button