ВидеоКоррупсия

БОЗДОШТИ АФСАРИ МИЛИТСИЯИ НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ ҲАНГОМИ ГИРИФТАНИ ПОРА

Як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки кормандони Агентии мубориза бо коррупсия  рӯзи 24 январ лейтенанти калон Сафарзода Абубакр Мамадрофӣ, ваколатдори фаврии шуъбаи милитсияи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо ҳангоми гирифтани пора дастгир кардаанд.

Бино ба иттилои ин манбаъ, ки корманди дастгиршудаи милитсияро мешинохтааст, Абубакр Сафарзода аз шаҳрванд “А” барои тайёр кардани ҳуҷҷати ронандагӣ 4 ҳазор сомонӣ талаб карда, ҳангоми гирифтани ин маблағ дастгир шуд. 4 ҳазор сомониро аз вай ҳамчун далели шайъӣ мусодира кардаанд.

Манбаи “Бомдод” мегӯяд, Абубакр Сафарзода бо истифода мақоми хидматӣ ба боварии шаҳрвандон даромада, аз онҳо барои буд кардани ин ё он корашон дар мақомот, аз ҷумла барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳои ронандагӣ, маблағи калон мерӯёнд, вале корафтодагонро фиреб дода, пулҳои гирифтаашро барои эҳтиёҷоти шахсии худ сарф мекард ва корафтодагонро моҳҳо давонда, корашонро буд намекард.

“Ин нафар ба ҷои онки ҳамчун корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар хидмати мардум бошад, роҳи фиребу найрангро пеш гирифтааст. Ҷои чунинҳо дар саффи милитсия нест. Вале бо ин вуҷуд, рӯзи боздошти Абубакр Сафарзода чандин роҳбари баландпояи мақомоти ноҳияи Фирдавсӣ хостанд, ки дар байн даромада, вайро халос кунанд. Хушбахтона, ноком шуданд ва ӯро озод карда натавонистанд”, –  гуфт ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Нисбат ба Абубакр Сафарзода  бар асоси қисми дуюми моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Онҳое, ки аз аъмоли ин корманди милитсия зарар дидаанд, метавонанд ба дафтари марказии Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон муроҷиат кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button