ВарзишВидео

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ ПЕКИН ИШТИРОК НАМЕКУНАНД

Ягон варзишгари тоҷик ба Бозиҳои 24-уми зимистонаи олимпӣ дар Пекин роҳхат гирифта натавонист ва ба ин тартиб, Тоҷикистон дар ин Олимпиада низ иштирок намекунад.  Тими Тоҷикистон бори охир соли 2014 дар Олимпиадаи зимистона дар Сочи иштирок кард, вале соли 2018 низ ба Бозиҳои олимпие, ки дар Пхёнчани Корея доир шуд, ягон роҳхат ба даст наовард.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд,  ду варзишгари тоҷик: Баҳриддин Ғоибов ва Саидашраф Эшонов барои ба даст овардани роҳхат ба Олимпиадаи Пекин мубориза мебурданд, вале мутаассифона, мусобиқоти литсензионии лижаронии кӯҳӣ дар Эрон ва Покистон ба далели пандемияи коронавирус доир нашуд ва ин ду лижарони тоҷик натавонистанд ба муроди худ, яъне ба даст овардани роҳхати Олимпиада ноил шаванд.

Тоҷикистон дар умум дар 4 Олимпиадаи зимистона: соли 2002 дар Солт-Лейк-Сити (Амрико), соли 2006 дар Турини Итолиё, соли 2010 дар Ванкувер (Канада) ва соли 2014 дар Сочии Русия иштирок кардааст. Ҷолиб он аст, ки соли 2002 дар Солт-Лейк-Сити парчамбардори тими Тоҷикистон президенти вақти Кумитаи миллии олимпии ин кишвар генерал Ғаффор Мирзоев, маъруф бо лақаби Ғаффор Седой буд. Ӯ соли 2004 боздошт ва ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Аз имкони иштирок дар Олимпиадаи Пекин маҳрум шудани тими Тоҷикистон дар ҳолест, ки раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ахиран аз талошҳои мақомоти Хитой барои таъмини амнияти Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин пуштибонӣ кард ва гуфт, “ҷониби Тоҷикистон аз Пекин барои баргузории бехатар ва  муваффақонаи Бозиҳои олимпӣ пуштибонӣ мекунад” ва  “КДАМ ҶТ ҷиҳати рафъи таҳдидҳои эҳтимолӣ ҷиҳати таъмини амнияти варзишгарони тоҷик ва ҳайати мо, инчунин баргузории  муваффақонаи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ чораҳои зарурӣ меандешад.”

Дар иттилоияи нашркардаи маркази матбуоти КДАМ ҶТ  ҳамчунин зикр шуда буд, ки “вазъи феълии минтақа ноустувор буда, таҳдидҳои террористӣ, ки аз марказҳои дахлдор бармеоянд, ба амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаи ғарбии Чин пайваста таҳдид мекунанд, ки барои Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 дар Пекин таҳдиди фаврӣ аст.”

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ аз ҷониби ҳукумати Чин расман барои иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ даъват шудааст. Вале маълум нест, ки оё ӯ ба Пекин хоҳад рафт ё на?

Олимпиадаи Пекин аз 4 то 20 феврал давом мекунад ва дар ҷараёни он варзишгарон барои  109 маҷмӯи медалҳо дар 15 намуд ва 7 навъи варзишҳои зимистона: биатлон, бобслей, кёрлинг, конкитозӣ, лижаронӣ, чанасаворӣ ва хоккей вориди сабқат мешаванд.

Ба далели маъракаҳои густардаи таъқиби ақалияти мусалмони уйғур аз сӯи мақомоти Чин дар ҷаҳон баҳсҳое пиромуни иштирок кардан ё накардан дар Олимпиадаи Пекин ҷараён доранд.

Маъмурияти Амрико гуфт, Олимпиадаи Пекинро мавриди таҳрими дипломатӣ қарор медиҳад ва ягон намояндаи расмӣ ё дипломати амрикоӣ дар маросимҳои марбут ба Бозиҳои олимпӣ дар Пекин иштирок нахоҳад варзид.

Шӯрои ҷаҳонии имомҳо иштироки варзишгарони мусалмонро дар Олимпиадаи Пекин ба далели таъқиби уйғурҳо “ҳаром” ҳукм кард. Вале ягон кишвари мусулмонӣ то кунун бар асоси ин фатво аз азмаш барои иштирок дар Олимпиадаи Пекин худдорӣ накардааст. Муфтии аъзами Русия Равил Ғайнуддин бошад изҳор дошт, ки чунин фатворо аслан имзо накардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button