ВидеоИқтисод

ТАРМАФАРОӢ ДАР РОҲҲОИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД, ДУШАНБЕ – ХОРУҒ, ХОРУҒ – ИШКОШИМ ВА РӮШОН – БАРТАНГ

Ширкати IRS, масъули нигоҳубин ва пулчинӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, ягона роҳи заминии байни шимол ва маркази Тоҷикистон, субҳи 19 январ хабар дод,  ки “бинобар бориши пуршиддати барф ва бо мақсади бартарафсозии пайомади тармафароӣ, тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш тасмим гирифта шуд, ки аз соати панҷи субҳ ҳаракати тамоми нақлиёт муваққатан боздошта шавад. Аз шаҳрвандон бо арзи эҳтиром хоҳишмандем моҳияти ин иқдомро, ки ба таъмини бехатарии онҳр рабт дорад, дарк намоянд.

Ин шоҳроҳи бузург аз 16 январ ба ин тараф инак чанд бор боз баста мешавад.

Ширкати IRS нимаи дуюми рӯзи 19 январ хабар дод, ки роҳ барои ҳаракати нақлиёт боз шуд. Вале маълум нест, ки то кай. Хатари тармафароӣ дар роҳ ҳамчунон баланд боқӣ мемонад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар ҳамин ҳол хабар дод, ки рӯзи 18 январ бар асари тармафароиҳо нафақат роҳи Душанбе – Хуҷанд, балки ҳамчунин роҳи Хоруғ-Ишкошим (дар мавзеъҳои Баржир, Ирғазор, Сист, Бижури ҷамоати Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим ва мавзеи Барчадефи ҷамоати Ғарибшо Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон),  шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ (дар мавзеъи Синслаи ҷамоати Пастхуфи  ноҳияи Рӯшон) ва роҳи  Рӯшон – водии Бартанг (дар мавзеи Разуҷи ҷамоати Бартанг) муваққатан баст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ аз нимаи дуюми рӯзи 18 январ ва дар роҳи Хоруғ-Ишкошим аз шоми 18 январ аз сар гирифта шуд, вале роҳи Бартанг то ҳол баста аст.

******     ******     ******


Тибқи маълумоти сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Варзоб шоми дирӯз соати 21:10 дақиқа, дар километри 60-800 мавзеи Майхӯра тарма фаромада, мошинҳои сабукрав,  ки  аз самти шаҳри Хуҷанд тарафи шахри Душанбе ҳаракат мекарданд, муваққатан дар мондаанд.
Барои тоза намудани барфи сарозершуда техникаи ширкати IRS   сафарбар гардида, соати 22:20 дақиқа,  километри 60-ум аз тарма пок шуд ва нақлиёти дармонда  ба самти шаҳри Душанбе равона шуданд. Ҳодиса талафоти ҷониву хисороти дигар надошт. 

******     ******     ******

Рӯзи 18.01.2022  соати 11:48 дақиқа, бар асари боришоти барфи зиёд дар километрҳои 31, 32 – мавзеи Баржир, 42 – мавзеи Ирғазор, 48 -мавзеи Сист, 51-мавзеъи Бижури ҷамоати деҳоти Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим тарма омад ва роҳи Хоруғ-Ишкошим муваққатан баста гардид.

Барои тоза намудани самти роҳ аз тарма 1-адад техникаи муҳандисб, боркунаки фронталӣ аз тарафи МНДРА-и ноҳия сафарбар гардида,  соати 19:34  дақиқа роҳ боз шуд.

******     ******     ******

Рӯзи 18.01.2022  соати 13:30 дар километи 30-юми  мавзеъи Барчадефи ҷамоати деҳоти Ғарибшоҳ Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон тарма омад ва роҳи Хоруғ-Ишкошим муваққатан маҳкам гардид. Барои тоза намудани роҳ аз тарма 1-адад техникаи муҳандисии ДТ-75 аз тарафи МНДРА-и ноҳияи сафарбар гардида, соати 18:52 дақиқа роҳ поккорӣ шуд ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шуд.

 ******     ******     ******

Тибқи маълумоти навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ рӯзи 18 январи соли равон, соати 12:51 дақиқа дар километри 556-и мавзеъи Синслаи ҷамоати деҳоти Пастхуфи  ноҳияи Рӯшон тарма лағжида шоҳроҳи Душанбе-Хоруғро муваққатан баст. Барои тоза намудани роҳ аз тарма 1-адад техникаи муҳандисии ДТ-75 аз тарафи МНДРА-и ноҳияи сафарбар гардида, соати 13:20 дақиқа роҳ пурра аз барфтӯда пок шуд ва ҳаракати нақлиёт аз сар гирифта шуд.

******     ******     ******

Рӯзи 18 январи соли 2022 соати 16:03 дақиқа, дар километрҳои 26,  27-и мавзеҳи Хиҷез, 48-ум мавзеҳи Даржом, 52-и  мавзеи Разуҷи ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рӯшон тарма фаромада, роҳи  Рӯшон-Водии Бартангро баст. 

Бо талоши МНДРА-и ноҳия, ки техникаи муҳандисӣ эъзом намуд, корҳои поксозӣ аз барф идома доранд. Ин роҳи дорои аҳамаияти маҳаллӣ ҳоло муваққатан баста аст. 

******     ******     ******

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як бори дигар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки аз сафарҳои безарурат аз тариқи ағбаҳо ва роҳҳои дигари кӯҳии кишвар муваққатан худдорӣ кунанд.

Хатари лағзиши тарма дар саросари роҳҳои мушкилгузари кӯҳӣ таҳдид мекунанд.

КҲФ хоҳиш мекунад ба эълонҳои ширкати IRS, БДА, КҲФ, Вазорати нақлиёт диққат диҳанд ва ҳар ҷо агар роҳаш муваққатан баста эълон шудааст, сафар накунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button