ВидеоМуҳоҷиронРӯйдодҳои Бадахшон

PAMIR DAILY NEWS: АМРИДДИН АЛОВАТШОЕВ АЛАКАЙ ДАР ДУШАНБЕ ДАР ДАСТИ УБОП АСТ

Пойгоҳи мустақили Pamir Daily News, ки таҳаввулоти марбут ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунад, рӯзи 19 январ бо такя ба “се манбаи баландпоя дар сохторҳои ВКД Тоҷикистон” хабар дод, ки яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон Амриддин Аловатшоевро алакай аз Русия ба Душанбе овардаанд ва ӯ дар дасти УБОП (раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД) қарор дорад.

Мақомоти Русия ва Тоҷикистон то кунун хабари боздошт ва истирдод ё  ихроҷи Аловатшоев аз Русияро шарҳ надодаанд. Вале манобеи  Pamir Daily News мегӯянд, Аловатшоевро ҳанӯз рӯзи 12 январ аз Русия ба Душанбе овардаанд.

Агар хабари истирдод ё ихроҷи Амриддин Аловатшоев ва боздошти ӯ дар Душанбе тасдиқ шавад, пас баъди варзишгари ММА Чоршанбе Чоршанбиев ва  роҳбари ҷавонони маҳаллаи Бархоруғ Содиқ Амадбеков, Аловатшоев  инака нафари сеюм аз нафарони дар байни ҷавонони Бадахшон пурнуфуз мешавад, ки мақомоти қудратии Тоҷикистон онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ба ҳабс гирифтанд. Дуи онҳо – Чоршанбиев ва Аловатшоевро ба мақомоти Тоҷикистон мақомоти Русия супурданд, вале Амадбеков, бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳангоми бозгашташ аз Туркия дастгир шудаст. Ҳарчанд ВКД расман хабар дод, ки Амадбеков  гӯё худаш ихтиёран ба Душанбе омада, худро ба мақомот супурдааст.

Бино ба иттилои Pamir Daily News, Аловатшоев бо 7 рафиқаш рӯзи 11 январ дар вилояти Белгород аз сӯи кормандони ФСБ дастгир гардид. Баъдан 7 рафиқи ӯро озод карда, худашро ба ВКД Русия супурдаанд ва кормандони ВКД ӯро аз Белгород ба Маскав ва аз онҷо ба Душанбе фиристодаанд.

Тасдиқи ин маълумот тавассути манобеи дигар то ҳол муяссар нашудааст, вале манобеи Pamir Daily News мегӯянд, Аловатшоевро тоза рӯзи 27 декабр, як моҳ баъди эътирози зодагони Бадахшон дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав дастгир карданд. Ӯро яке аз ташкилкунандагони асосии ин митинг мешуморанд.

Pamir Daily News хабар дод, ки бино ба иттилои тасдиқношуда, дар Тоҷикистон ба зидди Амриддин Аловатшоев бар асоси моддаи 189 бо иттиҳоми барангехтани низоъи байни маҳалҳо парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Амриддин Аловатшоев зодаи ноҳияи Роштқалъа буда, 44 сол дорад. Исми ӯ бори аввал дар октябри соли 2018 вақте дар сархатти хабарҳо афтод, ки мақомот дар қатори 7 лидери ғайрирасмии Бадахшон бо Аловатшоев низ як протоколи алоҳида имзо карданд. Бар асоси он санад, Аловатшоев уҳдадор мешуд, ки аз ташкили гуруҳҳои ҷиноӣ даст кашида, ҷавононро ба зидди ҳукумат нашӯронад.

Аловатшоев соли 2019 ба Русия рафт ва ба зудӣ яке аз лидерҳои бонуфузи диаспораи зодагони Бадахшон дар ин кишвар шуд.  Гуфта мешавад, ки Аловатшоев дар ҳалли мушкилоте, ки ба сари муҳоҷирони бадахшонӣ дар Русия меомад, кумак мекард ва барои ҷавонони ин минтақа дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия толорҳои варзишӣ ташкил мекард.

Амриддин Аловатшоевро яке аз ташкилкунандагони митинги шоми 25 ноябр дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав мешуморанд. Ӯ аз ҷумлаи онҳое буд, ки он шом бо сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшо Гулмаҳмадзода мулоқот карданд ва талабҳои эътирозгаронро ба вай расонданд. Ба дунбол, дар саҳифаҳои марбут ба “фермаи ҷавоб” Аловатшоевро нафаре номиданд, ки гӯё бо ҷурми таҷовуз таҳти ҷустуҷӯ қарор дорад.

Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ ва Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон рӯзи 10 январ дар як ҷаласа дар Хоруғ Аловатшоевро “саркардаи гуруҳи ҷиноӣ” ном бурда, ба он айбдор карданд, ки зодагони ин вилоятро дар Русия ба зидди ҳукумат мешӯронад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button