ВидеоТоҷикистонҲуқуқи инсон

МУРОҶИАТИ ҲАМСАР ВА ПИСАРИ МАҲМАДАЛӢ ҲАИТ БА ҶОМИАИ ҶАҲОНӢ: МО ҲАТТО НАМЕДОНЕМ, КИ Ӯ ЗИНДА АСТ Ё НЕ…

Савринисо  Ҷӯрабекова ва Фирӯзи Маҳмадалӣ, ҳамсар ва писари Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ), ки ба ҳабси абад маҳкум шудааст, дар як муроҷиатнома ба ном як қатор созмонҳои муътабари байналмилалӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ аз вазъи ӯ дар зиндон изҳори нигаронӣ карда, навиштаанд, ки бори охир ӯро моҳи майи соли 2021 дидаанд ва инак беш аз 7 моҳ боз дар бораи вазъи саломатии Маҳмадалӣ Ҳаит ягон маълумот надоранд. Дар ин муроҷиатнома, ки рӯзи 19 январ нашр шуд, наздикони Ҳаит менависанд, онҳо ҳатто намедонанд, ки ӯ зинда аст ё не.

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, ба наздикони афроди маҳкум ба ҳабси абад дар 6 моҳ ҳамагӣ як маротиба иҷозати мулоқот бо онҳо дода мешавад. Ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит мебоист рӯзи 24 ноябри соли 2021 боз бо ӯ мулоқот мекард. Вале он рӯз маъмурияти маҳбас ба Савринисо Ҷӯрабекова гуфтааст, ки Маҳмадалӣ Ҳаит гуноҳ кардааст ва ҳамчун ҷазо вайро аз ҳаққи мулоқоти навбатӣ бо наздиконаш маҳрум кардаанд.

Муаллифони муроҷиатнома менависанд, бо вуҷуди муроҷиатҳои батакрор, мақомот сабаби рад шудани дархости мулоқот бо Маҳмадалӣ Ҳаитро бо ягон далели қобили мулоҳиза ба онҳо фаҳмонда натавонистанд.

 Мо чандин бора ба таври даҳониву хаттӣ ба раҳбари идораи зиндонҳо Мансурҷон Умаров, Омбудсмени Тоҷикистон Умед Бобозода ва ба Додситонии кулл муроҷиат кардем ва кӯшиш кардем, ки ба саволҳои худ дар бораи чӣ қоидаро вайрон кардани ӯ, вазъи саломатиаш ва умуман дар ин бора, ки ӯ зинда аст ё не?, посух бигирем. То кунун ба мо ҷавоб надодаанд. Танҳо аз дастгоҳи Омбудсмен як нома омад, ки муроҷиатномаи моро аз онҷо ба Додститонии кул фиристодаанд”, – навиштаанд Савринисо Ҷӯрабекова ва Фирӯзи Маҳмадалӣ.

Ва ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи онҳо, Маҳмадалӣ Ҳаит дар охирин мулоқоташ дар моҳи майи соли 2021 аз вазъи саломатиаш  ва ҳамчунин аз он шикоят дошт, ки як маҳбуси муҷрим ба таҷовуз ва одамкуширо бо вай дар як камера ҷой кардаанд ва он маҳбус доим ӯро ба ҷанҷолу муноқиша таҳрик медиҳад. Маҳмадалӣ Ҳаит аз роҳбарияти маҳбас хоста буд, ки ӯро ба ягон камераи дигар гузаронанд, вале ин дархости ӯро қабул накарданд.

Наздикони Маҳмадалӣ Ҳаит тарс доранд, ки бо ӯ дар маҳбас ягон чизи бад рӯй додааст ва маъмурият ба ҳамин далел, ба мулоқоти онҳо иҷозат надод, ки хабар ба берун набарояд: “ба ҳама маълум аст, ки низоми зиндонҳои Тоҷикистон як низоми аз ҳама баста, махфӣ ва пур аз шиканҷа дар кишвар аст. Дар бораи он чӣ ки дар дохили он мегузарад, ягон маълумоти саҳеҳ ба даст овардан, муҳкил аст, дастрасии ҳомиёни ҳуқуқ ва журналистон ба зиндонҳо хеле маҳдуд карда шудааст. Мо метарсем, ки бо Маҳмадалӣ Ҳаит ягон ҳодисаи бад рух додааст ва ба ҳамин далел мақомот бо ҳар роҳ дархости моро барои мулоқот рад мекунанд.”

Ҳамсар ва писари Ҳаит ёдовар шудаанд, ки Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони Милал ангезаи сиёсӣ доштани парванда ва ҳукми ӯро эътироф карда, аз ҳукумати Тоҷикистон озод кардани ӯро хоста буд.  “Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон то ҳол ин қарорро эътироф намекунанд ва онро иҷро карданӣ нестанд, мо умедворем, ки Шумо ҳамчунион зарурати иҷрои ҳатмии талаботи ин қарорро хотиррасон ва талаб хоҳед кард”, – навиштаанд муаллифони муроҷиатнома ва аз созмонҳои байналмилалӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ хостаанд, ки барои дарёфти маълумоти аниқ ва санҷидашуда дар бораи вазъи Маҳмадалӣ Ҳаит мусоидат кунанд.

Маҳмадалӣ Ҳаит моҳи сентябри соли 2015 дастгир ва соли 2016 ҳамроҳ бо Саидумар Ҳусайнӣ, муовини дигари раиси ҲНИТ ба ҳабси абад маҳкум шуд. Худи Ҳаит ва роҳбарони ҲНИТ парванда ва ҳукми ӯро сиёсӣ ва ғайриқонунӣ мешуморанд. Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони Милал ҳанӯз соли 2018 қатъномаеро қабул кард, ки дар он ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки ин сиёсатмадори мухолифашро нафақат озод кунад, балки барои солҳои дар пушти панҷара ба сар бурдааш ба вай товон ҳам пардохт кунад. Вале мақомоти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар қонунгузории кишвар меъёре вуҷуд надорад, ки бозбинии ҳукми додгоҳҳоро бар асоси қарор ё тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ пешбинӣ кунад.

Управлению Верховного комиссара ООН по правам человека

Офису УНП ООН (UNODC) в Таджикистане

Международному комитету Красного ​​​​​​​

Креста в Таджикистане

ОБСЕ, Офису ОБСЕ в Таджикистане

Freedom Now

Hogan Lovells

Human Rights Watch

Norwegian Helsinki Committee

Civil Rights Defender

Коалиция гражданского общества против ​​​

пыток и безнаказанности в Таджикистане

​​​​​

от имени супруги и сына таджикского ​​​​​​ политзаключенного Хаитова Махмадали Рахмоновича,

Джурабековой С. и Фирузи Махмадали

​​​​​​

​​ О Б Р А Щ Е Н И Е

В первую очередь позвольте Вам выразить наше признание и глубокую благодарность за участие в судьбе Махмадали Хаита. Мы очень признательны Вам за проделанную Вами работу в освещении его дела, за многочисленные обращения и адвокацию его прав и свобод. Надеемся, что Ваши труды не пропадут даром и вскоре справедливость восторжествует и Махмадали Хаит будет на свободе.

Поводом нашего обращения к Вам послужило то, что вот уже более семи месяцев у нас нет никакой информации о состоянии здоровья и жизни Махмадали Хаита. Согласно законодательству Таджикистана мы имеем, право только раз в полгода навещать Махмадали Хаита. В последний раз мы видели его в мае прошлого года. Следующая наша встреча должна была состоятся 24 ноября 2021 года. Но, к сожалению, в этот день нам сказали, что свидания с заключенным Махмадали Хаитом не будет, потому что он наказан. Сотрудники колонии, а также руководители ГУИУН Минюста РТ никак внятно и обоснованно не смогли нам объяснить, почему нам отказано в очередном предусмотренном законом свидании? Мы неоднократно обращались устно и письменно к руководителю ГУИУН Мансурджону Умарову, Омбудсмену Таджикистана Умеду Бобозода и в Генеральную прокуратуру и пытались получить ответ на вопросы касательно нарушения, которое он совершил, о его состоянии здоровья, жив ли он вообще или нет? До сих пор никаких ответов нам не поступило. Только из аппарата Омбудсмена пришло письмо, что наше обращение перенаправлено в Генеральную прокуратуру.

Таким образом, вот уже более семи месяцев мы не имеем никакой информации о Махмадали Хаите. В последнем свидании Махмадали Хаит жаловался на состояние здоровья и говорил, что его специально поместили в одну камеру с насильником и убийцей, который систематически провоцирует с ним разного рода конфликты. Махмадали Хаит обращался к руководству колонии, чтобы его перевели в другую камеру, так как опасается за свою жизнь и здоровье. Руководство колонии его прошение отклонило.

Молчание властей, отговорки сотрудников колонии и ГУИУН Минюста РТ, отказ в свидании и опасение Махмадали Хаита в том, что с ним что-то может произойти в ближайшее время, порождает в нас тревогу о его истинном состоянии в колонии. Всем известно, что пенитенциарная система Таджикистана является самой закрытой, секретной и пыточной системой в стране. Никакой истинной информации о происходящем внутри невозможно получить, допуск правозащитников, журналистов строго ограничен. Мы опасаемся, что с Махмадали Хаитом произошло что-то нехорошее и поэтому власти всячески отказывают нам во встрече.

Вы все прекрасно знаете, что дело Махмадали Хаита политически мотивированное. Именно Вашими стараниями и трудами было принято Резолюция Комитета ООН по правам человека в отношении Махмадали Хаита. Хотя власти Таджикистана все еще не признают силу этого документа и не собираются выполнять его требования, мы надеемся, что Вы не перестанете напоминать и требовать неукоснительного выполнения положений данного решения.

Данным обращением мы просим Вас содействовать в получении какой-либо достоверной и проверенной информации о состоянии Махмадали Хаита. Как, мы писали выше, власти никак не реагируют на наши обращения и запросы. Мы уверены, что только Ваше вмешательство и требование послужит поводом для того, чтоб нам дали увидеться с ним и удостовериться, что он жив и здоров.

Ещё раз благодарим Вас за то, что Вы сделали для нас и Махмадали Хаита.

С уважением,

Джурабекова Савринисо,

Фирузи Махмадали

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button