ВарзишВидеоМуҳоҷирон

НОМИ БАЧАИ 11-СОЛАИ ТОҶИК БА КИТОБИ РЕКОРДҲОИ ГИННЕС ШОМИЛ КАРДА ШУД (ВИДЕО)

Номи Эмомҳусайн Умарови 11-сола аз Тоҷикистон барои дастовардаи варзишии фавқулоддааш ба Китоби рекордҳои Гиннес шомил карда шуд. Дар ин бора дар Ютуб мураббии ММА Ризвон Ошурмамадов дар каналаш дар Ютуб хабар дод.

Мураббӣ дар толор дар бораи дастоварди бачаи  тоҷик ҳарф мезанад ва сипас Шаҳодатномаи расмӣ аз номи Китоби рекордҳои Гиннесро ба Эмомҳусейн месупоранд

Ризвон Ошурмамадов  мегӯяд, Эмомҳусейн дар байни чоруним соат  бетанаффус 5200 маротиба “отжимание” кардааст ва барои ҳамин дастовардаш шомили Китоби Гиннес шудааст.

Номи Эмомҳусейн Умаров ҳанӯз дар ҳафтсолагиаш барои рекордҳои варзишиаш вирди забонҳо шуда буд. Падараш Раҷаб Умаров мегуфт, ки Эмомҳусейн 11 ҳазор маротиба ва ҳатто як дафъа қариб 13 ҳазор “отжимание” кардааст, вале танҳо як мавридеро, ки бетанаффус 5200 маротиба “отжимание” кард, тавонистаанд сабт ва ба Китоби рекордҳои Гиннес пешниҳод кунанд.

Эмомҳусайн Умаров  дар хонаводаашон фарзанди нӯҳум ва аз ҳама хурдӣ аст. Ӯ ҳоло бо аҳли оилааш дар шаҳри Красноярски Русия зиндагӣ ва машқ мекунад.

Падари Эмомҳусейн чанд сол боз талош дошт, то дастоварди писараш дар Китоби рекордҳои Гиннес сабт шавад. Ӯ ҳамеша муътақид буд, ки дар “отжимание” касе бо Эмомҳусейни ӯ қувваозмоӣ карда наметавонад.

Моҳи ноябри соли 2017 вазири корҳои дохилии Тоҷикистон  Рамазон Раҳимзода аз Эмомҳусейн Умаров барои намоиши истеъдоди нодири варзишӣ: 11 ҳазор “отжимание” ситоиш карда, ба ӯ соати дастӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button