ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ШИКОРИ ХЕШУ ТАБОРИ “ПЕШВО” САР ШУД? БАРКАНОРИИ ҶИЯН ВА ҲАРСЕ ДОМОДИ НАЗАРБОЕВ

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев рӯзи 17 январ  Самат Абиш, бародарзодаи президенти қаблӣ Нурсултон Назарбоевро аз мақоми муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллии ин ҷумҳурӣ барканор кард. “Бо амри раҳбари давлат Абиш Самат Сатибалдиулӣ аз мақоми муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон озод карда шуд”, — омадааст дар хабари хушки кӯтоҳе, ки сомонаи расмии ОқӮрда нашр кард.

Самат Абиш писари бародари калонии Назарбоев буда, чашму гӯши ӯ дар Кумитаи амнияти миллӣ ва дигар ниҳодҳои қудратӣ ба шумор мерафт ва аз номи Елбаси кори ин ниҳодҳоро назорат мекард. Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ахиран сарусадоҳо дар бораи барканории Самат Абишро рад карда, расман хабар дода буд, ки ӯ дар рухсатӣ қарор дорад.

Барканории Самат Абиш дар ҳолест, ки дар пасманзари эътирозҳои ахири Қазоқистон яке аз ёрони наздики Назарбоев Карим Масимов, ки раиси Кумитаи амнияти миллӣ буд, ҳамроҳи ду муовинаш бо иттиҳоми хиёнат ба давлат ва кӯшиши ғасби ҳукумат ба ҳабс гирифта шудааст.

Рӯзи 17 январ Тимур Қулибоев, домади аз ҳама сарватманд ва пурнуфузи Назарбоев низ аз мақоми раҳбари Палатаи миллии соҳибкорони Қазоқистон «Атамекен» истеъфо дод.

Ӯ дар муроҷиатномааш ба аъзоти раёсати “Атамекен” навиштааст: “Ҳамкорони азиз! Сар аз имрӯз ман тасмим гирифтам, ки  аз салоҳиятҳои раиси раёсати Палатаи миллии соҳибкорони Қазоқистон «Атамекен» даст бикашам. Барои бовариатон ба ман мехоҳам ба вакилони анҷуман ва аъзои раёсат изҳор сипос кунам. Бароям дар тӯли 8 сол роҳбарӣ кардан ба ин ниҳод ҳам ифтихор  ва ҳам масъулияти бузург буд.”

Дар идомаи муроҷиатнома, ки сомонаи Палатаи миллии соҳибкорон нашраш кард, Қулибоев ғайримустақим ишора мекунад, ки рафтанаш аз ин мақом бо ташаббуси президент Тоқаев сурат мегирад:  “…дар пеш вазифаҳо ва чолишҳои наву бузург истодаанд. 11 январи соли 2022 года раҳбари давлат дар суханрониаш самтҳои авлавиятдор барои “Атамекен” ва доираҳои соҳибкориро муайян кард.”

Тимур Қулибоев – шавҳари Динора, духтари дуюми Назарбоев буда, дар гузашта роҳбарии умури чанд корхонаи бузурги ин кишвар, аз ҷумла ширкати роҳи оҳан, “Қазмунайгаз” ва “Самрук-Энерго” –ро дар даст дошт. Ба ҳисоби маҷаллаи «Форбс», Қулибоев 3,1 миллиард доллар ва ҳамсараш Динора низ беш аз 3 миллиард дороӣ доранд ва ин оила яке аз сарватмандтарин хонаводаҳо дар Қазоқистон ба шумор меравад.

Досанов ва Шарипбаев

Тавре қаблан хабар додем,  рӯзи 14 январ Димаш Досанов ва Кайрат Шарипбаев – ду домоди дигари Назарбоевро дар як рӯз аз раҳбари ду ширкати бузурги соҳаи нафту гази ин кишвар –  “Қазоқгаз” ва “ҚазТрансОйл”  –  барканор карданд. Ҳарчанд дар бораи издивоҷҳои онҳо расман дар ягон ҷо иттилое нашр нашудааст, вале Димаш Досановро шавҳари духтари хурдии Назарбоев Алия ва Кайрат Шарипбаевро шавҳари духтари калонии ӯ Дориға ном мебаранд.

Досанов ва Шарипбаев ҳамсарони дуюми Алия ва Дориғаанд. Алия аввал бо писари президенти собиқи Қирғизистон Аскар Оқоев издивоҷ карда буд, вале никоҳи онҳо дер напоид. Шавҳари якуми Дориға Роҳат Алиев, як нафари дар замонаш хеле пурнуфуз дар Қазоқистон буд, ки баъди гурехтани гапаш бо падарарӯсаш тарки кишвар кард ва чанд сол пеш дар зиндони Вена худро ба дор овехт.

Барканории се домод ва ҷияни Назарбоев дар пайи эътирозҳои дар таърихи Қазоқистони муосир аз ҳама густарда ва хунинтарин аст, ки аз 2 то 8 январ давом карда, ба ҳисоби мақомот, дастикам 225 кушта ва беш аз 4300 захмӣ ба ҷо гузошт ва наздики 10 ҳазор нафар дастгир шуданд.

Бисёриҳо ҳаводиси ахирро мубориза барои тақсими қудрат дар арши сиёсии Қазоқистон меноманд, ки дар натиҷаи он президенти кунунӣ Тоқаев, ки то ҳол дар саҳна нақши намоишии  “генерали тӯйгард” дошт, тавонист тарафдорони президенти қаблӣ Нурсултон Назарбоевро аз саҳна танг ва ҷои пои худро мустаҳкам кунад.

Тоқаев ҳоло дар суханрониҳояш кӯшиш мекунад, номи расмии пойтахтро, ки ба шарафи Назарбоев бо ташаббуси худи Тоқаев Нур-Султон номаш карда буданд, ба забон наорад ва ба ҷои он танҳо бо вожаи “пойтахт” ё ибораи “пойтахти кишвар” иктифо мекунад. Ба болои ин, Тоқаев рӯзи 11 январ Назарбоевро гунаҳкор кард, ки дар даврони ӯ “фақат як гуруҳ” сарватманд шуд.

Хабаргузории “Фарғона” чанде пеш хабар дод, ки посбонии атрофи қароргоҳи Назарбоевро дар пойтахти Қазоқистон аз аввалҳои моҳи январ қатъ кардаанд.

Худи Назарбоев аз 28 декабр ба ин тараф дар мазҳари ом ягон бор зоҳир нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button