ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ШАХСОНИ НОМАЪЛУМ ТАҲДИД КАРДААНД, КИ САФОРАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОНРО ДАР МАСКАВ МЕТАРКОНАНД

Кормандони пулиси Маскав дар пайи иддаои бомбгузорӣ дар сафоратҳои Тоҷикистону Қирғизистон бо талаби аз Қазоқистон берун кашидани нирӯҳои ҳарбиашон биноҳои ҳарду сафоратро бо кумаки сагони бӯгир тафтиш кардаанд, вале ягон маводи тарканда пайдо накарданд. Дар ин бора рӯзи 11 январ ба хабаргузориҳои ТАСС ва «Москва» манобеи онҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахти Русия хабар додаанд.

Бино ба иттилои ин манобеъ, рӯзи 10 январ ба почтаҳои электронии ҳарду сафорат аз номи нафарони номаълум мактуб омадаст, ки гӯё дар биноҳои сафоратҳои Тоҷикистону Қирғизистон бомба гузоштаанд ва дар сурати кӯшиши безарар карданашон онҳо метарканд.  Муаллифони таҳдидҳо талаб кардаанд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон нирӯҳои ҳарбии худро аз Қазоқистон бароранд. Манбаи хабаргуҳории “Москва” гуфт, “кормандони пулис бо саги бӯгир дохили биноҳои сафоратҳо ва атрофи ин биноҳоро тафтиш карданд. Сафорати Қирғизистон дар кӯчаи Болшая Ординкаро ҳатто муваққатан эвакуатсия карданд. Вале дар ин ду суроға ягон маводи тарканда ёфт нашуд.”

ТАСС мегӯяд, сафоратҳоро эвакуатсия накардаанд, вале тафтиши ин ҳодиса идома дорад. Мақомот онҳоеро ҷустуҷӯ доранд, ки ба сафоратҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон номаҳои таҳдидомез фиристодаанд.

Телеграм-канали Shot хабар дод, ки намояндагиҳои Қирғизистон дар Красноярск, Иркутск, Сургут ва Якутск низ бо чунин мазмун номаҳои таҳдидомед гирифтаанд, ки ин биноҳоро бомбгузорӣ кардаанд ва агар Бишкек сарбозоронашро аз Қазоқистон пас накашад, ин биноҳо тарконда мешаванд. Вале дар ҷараёни тафтиши ин биноҳо ягон маводи тарканда ёфт нашуд.

Рӯзи 7 январ шахсони номаълум ба почтаҳои электронии сафоратҳои Арманистон ва Беларус дар Маскав низ номаҳо фиристода, таҳдиди таркондани ин сафоратҳоро карда буданд. Талаби муаллифони он номаҳо низ аз Қазоқистон баровардани нирӯҳо буд. Тафтиш дар ин ду сафорат ягон нишонаи маводи таркандаро пайдо накард.

Ёдовар мешавем, президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев рӯзи 5 январ, дар пайи эътирозҳои густарда дар кишвараш ин ҳодисаҳоро “ҳамла аз берун” ва кори дасти “дастаҳои террористон” номида, аз созмони ОДКБ кумаки ҳарбӣ хост. Алакай рӯзҳои 6-7 январ  кишварҳои узви ОДКБ ба Қазоқистон ҳудуди 4 ҳазор аскар фиристоданд. Аз Тоҷикистон низ беш аз 200 сарбозро ба Қазоқистон интиқол доданд.

Тоқаев рӯзи 11 январ изҳор дошт, ки маъмурияти нирӯҳои ОДКБ дар Қазоқистон ба анҷом расид ва аз 13 январ хуруҷи онҳо шурӯъ мешавад , ки ягон 10 рӯзро дар бар хоҳад гирифт.

Муовини аввали срадори ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон генерал-майор Миравар Хушбахт Миршакар  ба хабаргузории русии РИА Новости гуфтааст, беш аз 100 нафар аз сарбози тоҷики ба Қазоқистон фиристодашуда ба посбонии Маркази гармидиҳии №1 (ТЭЦ-1) шаҳри АлмаАто кумак карда истодаанд.

“Мо бояд аз ҳама гуна кӯшишҳои аз кор баровардани ин марказ пешгирӣ кунем “, – гуфтааст генерали тоҷик.  Ба фарқ аз Маркази гармидиҳии дуюм, ки берун аз шаҳр қарор дорад, Маркази гармидиҳии №1 дар дохили АлмаАто ҷойгир шуда, то 20% гармӣ ва 12% нирӯи барқи ин бузургтарин шаҳри Қазоқистонро таъмин мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button