ҒОРАТГАРӢ ДАР МАРКАЗИ ДИЛХУШӢ, ДУЗДИИ ЧОРЧАРХА ДАР ПОЙТАХТ ВА ДУЗДИИ ТВ ДАР ВАҲДАТ
Сокини 43-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки шаби 8 декабр, соати 22:30, дар дохили маркази дилхушии “Ҷавонон”, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ телефони мобили тамғаи “Редми-8”-и як сокини 41-солаи пойтахтро бо зӯрӣ кашида гирифтааст.
хххххххххх
Ҷавони 26-солаи сокини пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 4 январ аз қабати шашуми бинои истиқоматӣ чорчархаи кӯдакона, арзишаш 7 ҳазор сомониро дуздидааст. Сокини 47-солаи шаҳри Ваҳдат бошад бо гумони дуздии телевизиони “Самсунг” ва дигар ашёи рӯзгор ба маблағи 4050 сомонӣ аз хонаи як зани 25-солаи сокини ин шаҳр дастгир шудааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 11 январи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Содир гардидани ғоратгарӣ дар дохили маркази дилхушӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 41-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 8-уми декабри соли 2021, тахминан соати 23:30-дақиқа, дар дохили маркази дилхушии “Ҷавонон”, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ шахси номаълум бо роҳи ошкоро аз дасташ телефони мобилии тамғаи “Редми-8”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Ошкор гардидани 2 ҳолати ҷинояти дуздӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 4-уми январи соли 2022, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ 1-адад чорчархаи кӯдакона, ки дар ошёнаи 6-уми бинои истиқоматиаш меистод, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 26-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шуд.
Ҳамзамон бо ариза ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат зани 25-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи декабри соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад телевизори тамғаи “Самсунг” ва молу ашёҳои рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 4 ҳазору 50-сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 47-солаи сокини ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ҳолатҳои мазкур тафтишот идома дорад.